|
|
АҚИДАИ МО НИСБАТ БА ОН КУДАКОНИ КОФИРОН, КИ ҚАБЛ АЗ БАЛОҒАТ ВАФОТ КАРДААНД
|
|
|
|
Дар Абумунтаҳо омадааст: "Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: "Тамоми
мавлуд (тифл) бо имони фитрӣ таваллуд мешавад, то замоне, ки забонаш ба
сухан дарояд. Баъди он падару модараш вайро яҳудӣ, насронӣ ва ё маҷусӣ
мегардонанд."
| |
|
АҚИДАИ МО НИСБАТ БА МАСОДИРИ ДИН
|
|
|
|
Имом Абуҳанифа гуфтаанд: Аввалан,
дар китоби Худо назар мекунам. Пас ончиро дар он наёбам ба суннати
Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам муроҷиъат мекунам.
| |
|
АҚИДАИ МО БАР ИН, КИ ИЛҲОМ МАСДАРИ ДИН НАМЕБОШАД
|
|
|
|
Аллома Саъдуддини Тафтазонӣ мегўяд: "Илҳом назди аҳли ҳақ (Аҳли Суннат) аз ҷумлаи асбоби маърифат барои дуруст будани амре намебошад." (Шарҳи Тафтазонӣ бар Ақоиди Насафӣ).
| |
|
АКИДАИ МО БАР ИН, КИ ТАМОМИ АНВОЪИ БИДЪАТ ЗАЛОЛАТ МЕБОШАД
|
|
|
|
Абумутеъи Балхӣ мегўяд: "Имом Абуҳанифа гуфт: Абдуллоҳ ибни Масъуд аз Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят кардаанд, ки чунин фармуд: "Касе чизи ҷадидеро (дар умури дини) Ислом эҷод намояд ба ТАҲҚИҚ ҳалок гардидааст. Касе даст ба бидъат бизанад ба ТАҲҚИҚ гумроҳ шудааст ва касе гумроҳ бишавад ба дузах меравад."
| |
|
АҚИДАИ МО НИСБАТ БА ТАНОСУХ
|
|
|
|
Аллома Абдулазизи Фарҳорӣ мегўяд: "Таносух
интиқоли рўҳ аз як ҷисм ба ҷисми дигар аст. Аҳли Суннат ба ботил будани
ин ақида иттифоқ доранд, вале баъзе тоифаҳои гумроҳон онро ҳақ
мепиндоранд. (Ниброс)
| |
|
АҚИДАИ МО НИСБАТ БА ОҚИБАТИ ҶИНҲО
|
|
|
|
Аллома Алӣ Қорӣ мегўяд: "
Ҷинҳои мусулмон дар қавли Имом Абуюсуф ва Имом Муҳаммад ва бақияи аҳли
суннат ба даромадан дар биҳишт подош дода мешаванд. Аммо Имом Абуҳанифа
дар масъалаи ба биҳишт рафтанашон таваққуф кардаанд. (Мулҳақоти Алӣ Қори бар Шарҳи Фиқҳи Акбар)
| |
|
АҚИДАИ МО ДАР МАВҶУД БУДАНИ БИҲИШТУ ДУЗАХ ВА ҶОВИДОН МОНДАНИ ОН ДУ ҲАМРОҲИ АҲЛАШОН
|
|
|
|
Аллома Насафӣ мегўяд: Биҳишт
ҳақ аст ва дузах низ ҳақ мебошад. Биҳишту дузах махлуқу мавҷуд
мебошанд. Ҷовидон боқӣ мемонанд ва фано намеёбанд ва биҳиштиёну
дузахиён низ нест намешаванд ва фано намеёбанд. (Ақоиди Насафӣ)
| |
|
АҚИДАИ МО ДАР ҶОИЗ ШУДАНИ ТАЛАФУЗИ КАЛИМАИ КУФР ДАР ҲОЛАТИ ТАҲДИДИ БА ҚАТЛ
|
|
|
|
Аллома Абдулазизи Фарҳорӣ мегўяд: Ба
дурусти мусулмонро вақте маҷбур бикунад кофир барои талафузи калимаи
куфр ба таҳдиди қатл ё буридани узве аз аъзояш ҷоиз мебошад барояш
талафузи калимаи куфр. (Неброс)
| |
|
АҚИДАИ МО ДАР БОРАИ МУҶТАҲИДОНИ ШАРИЪАТ
|
|
|
|
Аллома Алӣ Қорӣ мегўяд: "Муҷтаҳид
дар иҷтиҳоди масоили ақлӣ ва шаръии аслӣ ва фаръӣ аҳёнан хато мекунад
ва аҳёнан ба ҳақ мерасад. Баъзе ашоъира ва муътазила ба ин назар
мебошанд, ки муҷтаҳид дар масоили фаръии шаръӣ, ки дар он далели қатъӣ
наомадааст, мусиб аст, яъне ба ҳақ расида мебошад. (Мулҳақоти Алӣ Қорӣ
бар Шарҳи Фиқҳи Акбар)
| |
|
АҚИДАИ МО НИСБАТ БА СИФАТҲОИ МУТАШОБИҲ
|
|
|
|
Имом Абуҳанифа мегўяд: "Гуфта
намешавад, ки маънои яди Аллоҳ таъоло қудрат ва ё неъмати Ўст. Чунин
таъвил кардан ботил кардани сифатро лозим медорад, ки чунин кор мазҳаби
қадариҳо ва муътазилиҳо мебошад." (Фиқҳи Акбар)
| |
|
Онлайн всего: 1 Меҳмонҳо: 1 Пользователей: 0
| |
|
|