Ҷиҳод аз имон аст Ва аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Худованди муттаол ба касе, ки дар роҳи ӯ (ба ҷиҳод) берун шуда бошад, ваъдаи омурзиш дода ва мегӯяд:
Касе, ки хос барои ман ва барои тасдиқи пайғамбарони ман ба ҷиҳод берун шуда бошад, ӯро бо ғанимате, ки ба даст овардааст, саломат баргардонда ва ё ҷаннатро насибаш хоҳам сохт ва агар сабаби машаққат бар уммати ман намегардид, аз мушорикат дар ҳеҷ гурӯҳи ҷиҳодӣ мухолифат намекардам ва дӯст дорам, ки дар роҳи Худо кушта шуда ва дубора зинда шавам ва боз кушта шуда ва дубора зинда шавам ва боз кушта шавам.»