Худованди бузург дар Қуръони карим мефармояд: "Нахустин хонае, ки барои мардум (ба мақсади ибодати Худованд) бино ёфтааст, ҳамон (хона)-ест, ки дар Макка аст. (Он) пурбаракат ва мояи ҳидояти ҷаҳониён аст. Дар он нишонаҳои равшане вуҷуд дорад. Аз ҷумла, мақоми Иброҳим ва ҳар кас дохили он шавад, дар амн хоҳад буд" (сураи Оли Имрон 96-97). Такя ба ояти мазкур тамоми муфассирон иттифоқ ба он доранд, ки нахустин ибодатгоҳ дар рӯйи замин Каъба мебошад.
Каъба пас аз харобшуданаш дар тӯфон дигарбора аз ҷониби Иброҳими Халил (а) дар рӯйи замин қомат афрохт. Ҳама маносики ҳаҷ аз ҳазрати Иброҳим (а) ба ёдоварӣ мондаанд, аз ин рӯ бархе аз донишмандон аз он ба маносики иброҳимӣ ёд менамоянд. Пас аз бино намудани хонаи Каъба Худованд ба Иброҳим (а) мефармояд, мардумро барои гузоридан ва анҷом додани ҳаҷ даъват намуд:
"Мардумро ба ҳаҷ даъват кун, онҳо пиёдаву савора бар маркабҳои лоғари худ аз ҳар роҳи дуре (ба сӯйи хонаи Каъба) ба назди ту меоянд". (сураи Наҳл ояти 27)
Дар Қуръон инчунин аз дуои Иброҳим (а) барои фарзандони худ дар ин сарзамин ёд шудааст.
Чунончи дар ояти 37-уми сураи Иброҳим омадааст:
"Парвардигоро! Ман яке аз фарзандонамро дар ин сарзамини хушк ва беҳосил дар канори хонае, ки ҳарами туст, сукунат додам.
Парвардигоро! То намозро барпо доранд, пас дилҳои тоифае аз мардумон - (гирду атроф)-ро ба сӯйи онҳо моил гардон ва аз меваҳо (гуногун)-и онҳоро рӯзӣ бидеҳ, бошад, ки шукри туро ба ҷой оваранд".
Худованд дуои Иброҳим (а)-ро қабул карда тамоми омоли ӯро амалӣ мегардонад. Хусусан пас аз пайдо шудани оби Замзам қабилаҳои зиёде ба он ҷо омада, онро ободон гардониданд.
Пас аз Иброҳим (а) мардум ба гузоридани ҳаҷ камар баста, мекӯшиданд, то ба тарзи иброҳимӣ онро адо намоянд. Аммо бо гузашти таърих мардум дар маносики ҳаҷ таҳрифу тағйиротҳо ворид намуданд. Ҳатто бархе аз маносикро, ки бахши асосии ҳаҷ шуморида мешуд ба унвони гуноҳ қаламдод намуда, ба он чун мамнуоти ҳаҷ муносибат менамуданд. Баъдтар дар даврони ҷоҳилӣ бутҳои зиёдеро дар дарун ва гирду атрофи Каъба насб карда, барои таъзим гирди онҳо чарх мезаданд. Аммо бо зуҳури дини мубини Ислом паёмбари Худо(а) маносикҳои ҳаҷро ҳамон гунае ки дар замони Иброҳим (а) буд эҳё намуд ва тарзи дурусти адо намудани ҳаҷро ба тамоми мусулмонон таълим дод. Хусусан, дар охирин ҳаҷҷи намудаи худ, ки дар таърихи Ислом бо унвони "Ҳаҷҷат-ул-вадоъ" ёд мешавад, тамоми куллиёт ва ҷузъиёти маносики ҳаҷро ба мусулмонон омӯзонид. Аз баски ҳаҷ рукни панҷуми Ислом қарор дода шудааст донишмандони исломӣ бахше аз китобҳои фиқҳӣ ва таснифоти дар илми ҳадис кардаи худро ба масоили он бахшидаанд.