Акнун чанд сухан аз боби «фаросат». Фаросат ба се навъ аст : Аввал фаросати имония. Ин нурест, ки ба дили банда ;ро Аллоы таъоло щой медиыад. Ва ба сабаби он цувваи дарк ва фаыми банда меафзояд. Дар натища ба ыасби цувваи имони ыар банда ыосил мегардад. Шахсе имони цав| дошта бошад, фаросаташ ыам боцуввату баланд мегардад. Баъзе ба ин ацидаанд, ки фаросат мукошафаи нафс ва муайянаи ьайб буда ин ыам ба ыукму иродаи Аллоы таъоло ва яке аз мацоми олии имон аст. Валлоыу аълам.
Дуюм фаросати риёзия. Яъне дар натищаи риёзат кашидан фаросат ыосил мегардад. Риёзат кам хоб рафтану бисёр ибодат кардан аст, кам гуфтану кам х;рдан аст. Дар хилват бештари вацт ибодат намудан ва сарк;б сохтани нафс аст. Фаросате ки аз ин ба даст меояд, муштарак аст байни м;ъмин ва ьайри м;ъмин. Ыаркадоме аз иныо метавонанд чунин фаросатро соыиб гарданд. Ин аз имон вобаста нест, ва онро вилоят гуфтан нашояд.
Чунки ьайри м;ъмин аз чунин фаросат ягон ыацци нафъдор ё ягон роыи росту дурустро кашф карда наметавонад, ин мисли хоб ва мисли тащриботи табибон аст. Кашфи чунин ашхос ба мисли кашфи табиб аст, ки набзи беморро дошта дарди ;ро муайян мекунад, ин ыам пешравии фаросат аст ва хуб ыам ыаст ба шарте, ки худро ьайбдон эълон нанамояд.
Сеюм фаросати хилция ё халция аст. Дар ин масъала табибон китоби бисёре тасниф кардаанд. Дигарон низ чунин китобыо навиштаанд ва далелыо ыам овардаанд. Инчунин аст, ки ба хилцати инсон нигоы карда хулцашро баыо медиыанд, байни хилцат ва хулцати инсон иртиботе вущуд дорад, ки аз р;и аввал сониро муайян мекунанд. Масалан сари аз ыад хурдро далел медонанд ба ацлу тамизи кам ва сари шаклан миёнаро далел медонанд ба ацли дуруст. Инчунин аз чашми инсон ыолати цалбро муайян мекунанд. Ва монанди ин мисолыо зиёд аст ва лекин ыазрати Расулуллоы (с) фармудаанд, ки:
«Аз фаросати м;ъмин ыазар кунед, зеро инсони м;ъмин ба нури Худо назар мекунад».
Ва медонад чи бар инсон гузашту чи дар дил дорад. Чунин ыодисаыо дар асыоби киром гузаштааст (ниг. сураи “Ыищр” ояти 75).
Ва аммаллати такуну ли аъдоиыи мислу Иблиса ва Фиръавна вад Дащщола миммо рувия фил ахбори аннаыу кона ва якуну лаыум ло нусаммиыо оётин ва ло каромотин ва локин нусаммиыо цазоа ыощотин лаыум.
Аммо корыои хорицул одате аз душманони Худо (щалла щалолаыу) мисли иблис, ки замоне дар машриц асту замоне дар маьриб ва инчунин дар ботини инсон баыри васваса андохтан ва мисли Фиръавн, ки дарёи Нилро ба хости худ щор| мекард (ниг. сураи “Зухруф” ояти 5) ё ыангоми ба цасраш ворид шудан цадамони аспаш бо хости ; дарозу к;тоы, тезу оыиста, пасту баланд мегашт ва мисли Дащщол, ки як инсонро мемиронад боз зинда месозад ва оянда низ чунин амалыо хорицул одат р;й хоыад дод. Мо оныоро м;ъщиза намег;ем, зеро м;ъщиза фацат хоси анбиё аст ва каромот ыам намег;ем, зеро каромот хоси авлиёву асфиё аст, ки м;ъмину мусулмону парыезгоранд. Аммо корыои ьайри одат агар аз ашхоси Худоношинос сар занад ыам ыещ таащуб надорад. Зеро дунё барои Худо арзише надорад ва ба касе чунин ыунар хоыад медиыад. Карам ва щуду бахшиши Аллоы таъоло ом аст. Ыощати душманони худро ыам раво месозад. Ин барои истидрощи оныост, яъне ривощу равнацашон аст. Вале оныо щои он ки р; ба Худо биёранду ба худ биёянд, баръакс худро гум месозанд ва ин лутфи Худованд бар зарару зиёни оныо царор мегирад. Ва бил охира ин ривощу равнацашон сабаби азобу уцубаташон мегардад (ниг. сураи “Аъроф” ояти 182).