Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Таърихи Исломи » ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) » БОҚӢ МОНДАНИ ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ДАР (БАНӢ САЪД ПАС АЗ ДАВРОНИ ШИРХОРАГӢ)
БОҚӢ МОНДАНИ ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ДАР
tojikislomДата: Чоршанбе, 26.11.2008, 17:00 | Сообщение # 1
Admin
Группа: Администраторы
Сообщений: 193
Статус: Offline
БОҚӢ МОНДАНИ ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ДАР БАНӢ САЪД ПАС АЗ ДАВРОНИ ШИРХОРАГӢ

Ҳалима дар аз ҳар шаш моҳ боре Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)ро ба назди модар ва хонаводааш мебурд. Пас аз поёни даврони ширхорагӣ ва аз шир чудо намудани ӯ, боз ӯро ба назди модараш овард. Ва бо дидани хайру баракати Худованд ба шарофати ин тифл, ҷаҳд кард, то ӯро боз ба диёри худ баргардонад. Ба модари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин матлабро пешниҳод намуд ва аз ӯ илтимос кард, то Паёмбарро (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ биспорад, зеро аз вабои Макка бар ӯ бим дорад. Модари Паёмбар низ розӣ шуд. Ҳалима дубора шоду хушҳол ӯро ба хонадони худ баргардонд ва тақрибан ду соли дигар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар конуни (оғӯши) гарми хонадони Ҳалима боқӣ монд. Баъди аз ин, ҳодисаи аҷиб ва шигифте рӯй дод, ки боиси биму ҳарос ва нигаронии Ҳалима ва ҳамсараш гардид. Ба дунболи он Паёмбарро (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба модараш баргардониданд. Он рӯйдоди шигифтовар шаққи садри (шикофтани синаи) Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буд.

 
tojikislom » Таърихи Исломи » ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) » БОҚӢ МОНДАНИ ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ДАР (БАНӢ САЪД ПАС АЗ ДАВРОНИ ШИРХОРАГӢ)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024