Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Таърихи Исломи » ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) » САФАРИ Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) БА ШОМ (ВА БУҲАЙРОИ РОҲИБ)
САФАРИ Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) БА ШОМ
tojikislomДата: Чоршанбе, 26.11.2008, 17:02 | Сообщение # 1
Admin
Группа: Администраторы
Сообщений: 193
Статус: Offline
САФАРИ Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) БА ШОМ ВА БУҲАЙРОИ РОҲИБ

Абутолиб дар яке аз қофилаҳои бозаргонии Қурайш азми Шом намуд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳанӯз дувоздаҳсола буд. Ҷудоӣ аз аммаш бар ӯ хеле вазнин уфтод ва худро ногувор ҳис мекард. Абутолиб ба мушоҳидаи ин ҳол, бар ӯ раҳмаш омад ва ӯро ҳамроҳи худ гирифт.
Дар наздикиҳои шаҳрчаи Бусро, ки дар баландиҳои Шом ҷойгир шудааст, бозаргонон барои рафъи хастагии худ раҳл афканданд. Онҳо нишаста буданд ва сахтиҳову хастагии роҳро бароварда, роҳати дубораи худро бармегардониданд. Дар ин асно, яке аз кашишони (роҳибон) бузурги насоро бо номи Буҳайро аз дайри худ поин шуд ва ба назди қофилаи бозаргонони Қурайш омад. Ӯ дар миёни аҳли қофила мегашт, то ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) расид. Дасти ӯро гирифт ва фармуд:
- Ин сарвари олам - Фиристодаи Парвардигори ҷаҳониён аст. Худованд ӯро раҳмате барои ҷаҳониён мефиристад.
Аҳли Қофила бо тааҷҷуб пурсиданд:
- Ту инро аз куҷо донӣ?
Буҳайрои кашиш ҷавоб дод:
- Вақте ки шумо аз ин баландиҳо мегузаштед, тамоми сангу чӯб ба саҷдаи ӯ уфтод ва сангу чӯб ҷуз барои Паёмбар саҷда нафармоянд. Ман ҳамчунин ӯро бо муҳри нубувват, ки монанди себ барҷаста дар поёни шонаи китфаш вуҷуд дорад, медонам. Ҳаройина мо инро дар китобҳои худ дидаем.
Сипас барои эшон зиёфате орост ва аз эшон гарм пазироӣ намуд. Аз Абутолиб хост то ӯро баргардонад ва ба Шом набарад, зеро аз Яҳуд ва Румиён бар ӯ бим дорад. Абутолиб низ Паёмбарро (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҳамон ҷо ба Макка баргардонд.
 
tojikislom » Таърихи Исломи » ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) » САФАРИ Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) БА ШОМ (ВА БУҲАЙРОИ РОҲИБ)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024