Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Масъалаҳои умумй » Масъалаҳои умумй » Оё Ҳазрати Хизр зинда аст?
Оё Ҳазрати Хизр зинда аст?
MuslimkaДата: Шанбе, 29.11.2008, 13:24 | Сообщение # 1
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
Дар адабиёти форсу тоҷик дар бораи Хизр (а) байтҳои сарае суруда шудаанд, ки аз ривоҷ доштани ақидаи ҷовидонӣ будани Хизр (а) дар замони классикони мо дарак медиҳад. Аз ҷумла Шайх Саъдӣ мегӯяд:
Ай Хизр ҳалолат накунам чашмаи ҳайвон,
Донӣ, ки Сикандар ба чӣ меҳнат талабидаст.
Ё Соиб мегӯяд:
Ба ман доданд ҳамчун Хизр умри ҷовидон аммо,
Гиреҳ шуд риштаи умрам зи бас дар худ печиданҳо.
Ё шоири дигаре мефармояд:
Хизр агар огоҳ мебуд аз азоби зиндагӣ,
Зинда мемурду наменӯшид оби зиндагӣ.

Ҳамчунин дар байни бештари мардуми мусулмон дар бораи нӯшидани оби ҳаёт ва ҷовидона гаштани Хизр (а) як навъ эътиқоде вуҷуд дорад. Таъбирҳои "назари Хизр ба ӯ афтода", "баракати Хизр дар онҷо рехта", "Хоҷаи Хизр мададгор", "дар пушташ панҷаи ҳазрати Хизр аст" ва амсоли ин забонзадаи мардум гаштааст, ки аз куҷо сарчашма гирифтани онҳо маълум нест.

Хизр дар Қуръон
Худованди бузург дар оятҳои 60 то 82 - и сураи Каҳф аз бандаи солеҳе ёд мекунад, ки Мусо (а) барои аз ӯ дониш омӯхтан масофаи фарсахҳоро паймуда, муддате ҳамсафари ӯ мегардад: "Ва ёд кун чун гуфт Мусо навҷавони худро ҳамеша роҳ меравам то он ки бирасам ба маҳалли ҷамъ шудани ду дарё ё биравам муддатҳои дароз ….ва ин аст сирри он чӣ натавонистӣ бар он шикебоӣ кардан." (Каҳф: 60 -82). Дар тафсири ин оёти карима Имом Бухорӣ ҳадисе ривоят кардааст, ки дар он паёмбари Худо (а) бандаи солеҳи мазкур дар Қуръонро Хизр номида, қиссаро муфассалтар нақл кардааст.
Тибқи ин оёт ва ҳадиси набавӣ Хизр марди накӯкорест, ки бо илми ладуние, ки Худованд ӯро додааст, ғарра намешавад. Ӯ медонад, ки Худованд ҳар бандаеро ба як шохаи илм сарфароз мегардонад ва як шахс наметавонад дар ҳама илмҳо нобиға гардад, балки фарогири ҳама илмҳо ва донандаи ҳама чиз Худовандасту бас.
Муфассирон мегӯянд: "Ҳикмати зикр нашудани номи Хизр дар оёти Қуръон дар он аст, ки инҷо мақсуд зикри шахсияти Хизр набуда, балки баёни илму дониш ва эҳтироми шинохти мартабаи он аст." Ин оёт бори дигар ишора мекунанд, ки инсон сарфи назар аз кадом мақом доштанаш, бояд ҳамеша ҷӯёи илм ва дар пайи андӯхтани он бошад. Муфассирон дар партави ин оёт мегӯянд: "Омӯхтани Мусо (а) аз Хизр (а) ба маънои бартарии Хизр бар Мусо нест. Зеро агар Хизр валӣ буду Мусо набӣ, Худованд Мусоро ба хилъати рисолат фазилат бахшида буд."

Хизри "ҷовидонӣ"
Тибқи бештари ривоёт ва ҳикоёте, ки дар бораи Хизр навишта шудаанд, ӯ ҳамроҳ бо Искандари Зулқарнайн ҷӯёи оби ҳаёт гашт ва бо муҷарради нӯшидани он ҷовидонӣ шуд. Аммо барои Искандар бо он ҳама заҳмату меҳнат нӯшидани оби ҳаёт муяссар нашуд. Ибни Асокир ривоят мекунад, ки дар ҳар мавсими ҳаҷ Хизр бо Илёс вохӯрда, мӯйҳои сари ҳамдигарро метарошанд, сипас бо зикри дуое аз ҳамдигар ҷудо мешаванд. Ибни Асокир боз ривоятеро нақл кардааст, ки тибқи он ҳар рӯзи арафа дар Арафот Хизр бо Ҷабраил, Микоил ва Исрофил вомехӯрад. Ҳамчунин Хизр бо Илёс соле як маротиба ҳангоми адои умра аз оби Замзам менӯшанд, ки то соли дигар ташнагии онҳоро кифоят карда, ба нӯшидани об ниёзманд мешаванд.
Гузашта аз ин дар бораи ҳамсӯҳбат ва рафиқи роҳ шудани Хизр бо бархе аз аҳли тасаввуф ҳикоёти зиёде нақл шудааст, ки зикри ҳамаи он дар ин сафҳа аз имкон берун аст.
Мувофиқи ин ҳикоёт Хизр то охири замон дар қайди ҳаёт буда, ба қавле бо дасти Даҷҷоли лаин кушта мешавад.

Насаби Хизр
Оид ба насабномаи Хизр донишмандони исломӣ ривоятҳои гуногунеро ёд намудаанд, ки яке аз дигар аҷибтару ғарибтар ба назар мерасад. Чунонки Ибни Асокир дар "Таърихи Димишқ" мерад: "Хизр писари Одам буд." Абуҳотами Сиҷистонӣ ӯро фарзанди Қобили писари Одам гуфтааст. Ибни Қутайба Хизрро аз фарзандони Сом ибни Нӯҳ шуморида бо номи Илё ибни Маликон аз ӯ ёд кардааст. Имом Нававӣ низ ин гуфтаро тақвият додаст. Ҳамчунин дар китобҳои таърих падари Хизрро ба мардуми Форс ва баръакс модарашро ба форсу падарашро ба румиён нисбат додаанд.
Аммо дар мавриди ба Хизр шӯҳрат ёфтани ӯ байни донишмандон иттифоқи назар вуҷуд дорад. Зеро дар ин маъно аз паёмбари Худо(с) ҳадисе ривоят шудааст. Минҷумла, Имом Бухорӣ аз Абуҳурайра ривоят мекунад, ки паёмбари Худо гуфтааст: "Хизрро аз он хотир Хизр номидаанд, ки ӯ ба руйи буттаи алафи хушке нишаст, ба ногоҳ он буттаи хушк аз зери пояш сабзу хуррам ба ҷунбиш омад."

Хизр - паёмбар
Дар бораи Расул, наби ё валӣ будани Хизр низ байни донишмандон ихтилофи назар вуҷуд дорад. Бархе аз аҳли тасаввуф бар он ақидаанд, ки Хизр танҳо валӣ буд. Аз ҷумла Абулқосими Қушайрӣ дар "Рисолаи қушайрия" ки аз ҷумлаи китобҳои машҳури тасаввуфист, ақидаи валӣ будани ӯро тақвият додааст.
Имом Қуртубӣ дар тафсири ояти 65-уми сураи Каҳф мегӯяд: "Ба ақидаи ҳама донишмандон Хизр набӣ буд…, зеро асрори корҳои ӯ танҳо бо ваҳй сурат гирифтааст."
Инчунин тарафдорони ақидаи набӣ будани Хизр аз ояти 82-юми сураи Каҳф: "Ин корҳоро худсарона (аз пеши худ) накардаам." гуфтани Хизр ба Мусо истидлол менамоянд. Яъне Хизр ин корҳоро худсарона анҷом надода, балки ба дастури Худованди пок аз тариқи ваҳй онҳоро анҷом додааст. Ваҳй бошад хос барои паёмбарон аст.

Нишонаҳои Хизр
Афроде, ки аз зинда будани Хизр ҷонибдорӣ карда, иддаои ба дидори ӯ Мушарраф шуданро менамоянд, чанд нишонаеро ёдрас шудаанд, то кас ҳангоми мулоқот бо ӯ, ӯро шинохта, эҳтиромашро ба ҷо орад.
Аз ҷумлаи он нишонаҳо нарм ва беустухон будани нарангушти дасти рост ва мисли симоб ҷунбидану дурахшидани мардумаки чашми ӯ ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки дар бораи нишонаҳои мазкури Хизр дар аҳодиси набавӣ ишорае нашудааст. Ҳатто ҳадисе, ки дар боло дар бораи сабаби номгузории Хизр нақл шуд, далолат ба он наменамояд. Зеро дар он феъл (нишаст) дар замони гузашта оварда шуда, ҳеч омили нахвии ифодакунандаи давомдории феъл дар он зикр нашудааст.

Оё Хизр зинда аст, ё …
Худованди яккаву ягона мегӯяд: "Ва пеш аз ту (ай Муҳаммад) барои ҳеч башаре ҷовидонагӣ (дар дунё) қарор надодем. Магар касе зинда монда, ки ту бимонӣ?" (сураи "Анбиё", ояти 34)
Бархе аз донишмандон бо истидлол аз ин оят зинда будани Хизрро рад менамоянд.
Вақте аз Имом Бухорӣ дар бораи зинда будани Хизру Илёс пурсиданд, дар посух гуфт: "Чӣ гуна онҳо зиндаанд, ки паёмбари Худо гуфтааст: ҳеч як аз касоне, ки имрӯз зиндаанд, то сад соли дигар бар рӯйи кураи Замин боқӣ нахоҳанд монд".
Аз паёмбари Худо (с) боз ривоят мекунанд, ки андаке пеш аз падруд гуфтани олами фонӣ фармуд: "Ин шабро хуб ба хотир биспоред, зеро дар сари сад сол баъд аз ин таърих, ҳеч як аз касоне, ки ҳамакнун бар рӯйи замин зиндаанд, зинда боқӣ намемонанд."
Такя бар ҳадисҳои мазкур ҳамаи донишмандон бар онанд, ки Хизр аз олам даргузаштааст.
Донишмандони исломӣ мегӯянд, агар Хизр зинда мебуд, мебоист, ба назди паёмбари Худо меомад ва ҳамроҳаш ба ҷиҳод мерафт. Ҳол он, ки паёмбар рӯзи ғазваи Бадр фармуд: "Парвардигоро! Агар ин гурӯҳ нобуд гардад, дигар касе дар замин боқӣ нахоҳад монд, ки туро парастиш кунад." Шумораи ғозиёни Бадр сесаду сенздаҳ нафар буд, ки ному номи падар ва исми қабоили онҳо назди ҳама маълуму машҳур ва дар кутуби таърих навишта шудааст. Аммо Хизр набуд, то кӯмаке кунад!
Донишмандони илми ҳадис мегӯянд, тамоми он аҳодисе, ки дар мавриди ҷовидонагии Хизр ривоят шудаанд, ҳамагӣ дурӯғу бофтаву сохта мебошанд.
Дар охир сухани Имом Қарзовиро ёд кардан мехоҳам, ки хулосаи ҳамаи ин баҳсҳост:
"Ҳеҷ гуна далеле вуҷуд наорад, ки Хизр ҳамакнун, чунон ки баъзе гумон мебаранд, зиндаву ҳозир бошад. Балки баръакс далоиле аз қуръону суннат ва ақлу иҷмои муҳаққиқони умматро дар ихтиёр дорем, мабнӣ дар ин ки Хизр акнун зинда намебошад… Ҳикмати тӯлонӣ будани умри Хизр чунон ки мардум мепиндоранд, дар дашту биёбон ва кӯҳҳо дар чист? Қатъан пушти пардаи чунин қазияе ҳеч гуна фоидаи шаръӣ ва ақлӣ вуҷуд надорад. Мардум пайваста ба дунболи устураву достонҳои аҷибу ғарибанд ва аз ҷониби худ бо хаёлпардозӣ тасвирҳое аз онҳо месозанд ва бар онҳо либоси динӣ мепӯшонанд. Инчунин устураҳову достонҳои тахайюлӣ аз сӯйи содаандешону камхирадон тарвиҷ меёбанд. Иддае онҳоро аз дин мепиндоранд, дар ҳоле ки ҳеч мабнои динӣ надоранд! Ҳикоёте, ки дар бораи Хизр нақл мешаванд, ҳамагӣ ҷаълӣ ва сохтагӣ ҳастанд. Худованд бар ҳаққонияти онҳо бурҳоне фурӯ нафиристодааст."



Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
tojikislom » Масъалаҳои умумй » Масъалаҳои умумй » Оё Ҳазрати Хизр зинда аст?
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024