Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Зан дар ислом » Оила ва никоҳ » ИНТИХОБИ ХАМСАР
ИНТИХОБИ ХАМСАР
SalihatДата: Чоршанбе, 05.05.2010, 16:38 | Сообщение # 1
Рядовой
Группа: Пользователи
Сообщений: 9
Статус: Offline

ИНТИХОБИ ХАМСАР,

Издивоч амре аст мухим ва сарнавиштсоз,хамсари хубу мувофик зиндагиро бо оромишу осоиш
табдил медихад.Бинобар ин ,бар чавонон хатми ва зарурист,ки калб аз издивоч камоли
диккат ва окибатандеширо анчом диханд ва саъй кунанд,то хамсари хубу мувофик ёбанд.
Бузурге дар ин бора мегуяд;
"Ба чавонон тавсия кунед,ки бо биноии комил хамсари хаётии
худро интихоб кунанд,то битавонанд зиндагии хуберо ташкил
диханд ва бо хамфикри ва мухаббат фарзандони хуберо тарбия
кунанд.
Зиндаги як рузу дуруз нест,балки як умр аст барои хамин дар интихоби рафики хаётии худ
саросема нашуда аз падару модар,бародар ва хохарони бузургтар маслихат пурсед.
Падару модар хайрхохтарин ва олитарин афрод нисбат ба фарзандон хастанд.Ин дуруст нест,
ки писару духтар дар амри издивоч бо падару модари худашон машварат накунанд.Волидайн
дар ин амри хассос ва хаёти метавонанд барои фарзандонашон рохнамо ва мушовири хубе
бошанд,зеро ин ду азизон хам хабар ва хам тачриба доранд,хам олим ва хам хайрхоханд.
Вале шарти асоси дар онки онхо накши мушовир ва рахнаморо ичро кунанду таслимгириро ба
ухдаи худи духтар ва ё писар карор гиранд .Агар издивоч аз руи ишку мухаббат сурат гирад
,робитаи зану шавхар самимона ва зиндагиашон пур аз сафову садокат мегардад.
Имон ва диндори аз мухимтарин меъёрест,ки бояд дар интихоби хамсар мавриди иноят карор
гирад.Хамсари диндор хамсарашро бо диндориву такво ва ахлоки некуву амали солех ва
тарки гунох ташвику таргиб мекунад ва дар паймудани сироти мустаким ва диёнат,парваришу
такмили рух бехтарин ёру мададгораш хохад гашт.Аз хазрати Абухурайра(р)ривояте аст,ки
Паёмбари Худо(с) фармудаанд;
"Зан ба хотири доштани ,яке аз чахор имтиёз ба хамсари
интихоб карда мешавад;ба хотири мол,чамолу зебои,насаби
хонадон ва ё ба хотири диндориаш.Аммо ту эй чавон,ба зани
диндор издивоч кун,то ХУДО ба зиндагиат баракат дихад".
Хар як чавон бояд барои ёфтани зани диндор,худогох,Худочу,босавод талош варзад,зеро
ин тоифа занхо хукуки шавхарро пос медоранд.Хакикатан,зани солехаи диндор хато бехтарин
тухфаест,ки аз чониби Худои мехрубон бахшида мешавад.Аз хазрати Абдуллох ибни Умар(р)
ривоят аст,ки мегуянд;Паёмбар(с) фармудаанд;
"Агар дунё хамааш чанд матоест ва бехтарин
Матои дунё зани накуст".
Зану шавхар бояд якумр бо хам зиндаги кунанд,агар онхо хушахлок бошанд ,хаёти онхо
ширину дилпазир ва гарму босафо хохад буд ва онхо бо хамдигарфахми мушкилоти зиндагиро
халлу фасл хоханд кард.Ба ахлоки шоиста ин хислатхо дохил мегардад;такво,ростгуй,
амонатдори,хушахлоки,хушзабони,хайрхохи,покизаги,боодоби,авф,бурдбори,масъулиятшиноси
,иффат,нарми,халими,риояти иктисод дар зиндаги.Хамчуноне ки Абу Умома аз забони
мубораки Паёмбари гиромикадр ривоят карда мегуяд;
"Барои муъмин баъд аз такводори
бехтарин чиз зани неку солеха аст;
Агар шавхар амр кунад,итоат мекунад,
агар шавхар ба чехраи зан нигох кунад,
уро хушхол мегардонад,агар шавхар аз
хона гоиб шавад,холисона худро ва моли
уро мухофизат мекунад ва ба шавхар
хиёнатро раво намебинад".
Ин сифатхои зан чунин мухиманд,ки агар ба марде дар дунё чунин зан насиб гардад,
гуё дунё барояш бихишт мешавад.Амир Хусрави Дехлави саодати хакикиро дар канори ХАДИЧА
барин занони бовафо пиндошта мегуяд;
Касе,ки ёри вафодору мехрубон дорад,
Саодати абаду умри човидон дорад.
Мухаммад Хичози дар "Хазор сухан"-и хеш мегуяд;
"Маъшукаеро,ки чашм интихоб кунад,чи
басо ки махбуби дил нашавад,аммо онро
ки дил биписандат,бегумон нури чашм
хохад шуд".
Мухаббату садокат кулбаро бадал ва каср мекунад.Мухаббату ишк ба хамдигар мгзу мехвари
оила мебошанд.Дар зиндаги агар ишку мухаббат набошад хона сарду торик аст.Махз ишки пок
оиларо ба тозаги ва хушзабони, зебоии хаёт сафарбар мекунадЧунончи газалсарои бузург
Чалолиддини Руми гуфтааст;
Аз мухаббат талххо ширин шавад,
Аз мухаббат мисхо заррин шавад.
Мухаббат пояи оила аст,зану шавхар вакте ба хамдигар Мухаббат пайдо менамоянд,ки
ба кадри мухаббати хамдигар расанд,хурмату эхтироми хамдигарро ба чо биёранд-иншоаллох
дар он хонадон файзу баракати зиёд мешавад ва Худованд ба ин оила неъмати бехтарин--
фарзандони солехро ато менамояд.Фарзандоне,ки дар мухити пур зи мехру мухаббат
ба воя мерасанд,худочу,худшинос ва хушгуфтору хушахлок мешаванд.
Хохари азиз! бародари гироми! мо орзу дорем,ки Худои мехрубон хамаи шумоёнро дар дилатон
мехру мухаббати покро андозад ва дар хаёти оилави муваффак гардонад.

 
tojikislom » Зан дар ислом » Оила ва никоҳ » ИНТИХОБИ ХАМСАР
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024