Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Зан дар ислом » Тарбияи фарзанд » ГАЗАЛИЁТ (МАЛАВИ ЧУНУНИ)
ГАЗАЛИЁТ
МаъруфДата: Шанбе, 14.05.2011, 23:06 | Сообщение # 1
Рядовой
Группа: Пользователи
Сообщений: 1
Статус: Offline
ЧОН, ЧОН БОЯД, КИ ТО ЧОН ВАСЛИ У ДАР БАР КУНАД.
ЧАШМИ ДИЛ ХУНОБА ГИРЯД ТО БА У МАНЗАР КУНАД.
КАЙ КУЛОХИ ИШК ДОРАД МАЙЛИ ФАРКИ САРКАШОН.
ТОЛИБИ ОН ХОКСОРУИ У КИ ТАРКИ САР КУНАД.
ПУШ БОБИ МАДРАСА БИКШО ДАРИ МАЙХОНАРО.
ТОЛИБ ОН БОШАД КИ ДАРСИ ИШК ДАР БАР КУНАД.
ИЛМ ОН КИ ВОСИЛИ МАКСУД КУНАД ДОНАНДАРО.
ЧАХЛ БАХТАР ДОН АЗ ОН ИЛМЕ КИ ТАН ПАРВАР КУНАД.
РУХПАРВАР БОШ ШАВ ШАХБОЗИ КУДСИ ОШИЁН
ТО ТУРО ОГУШ НУРИ ЧИЛВАИ ДИЛБАР КУН.
АЗ ДУ ОЛАМ БИГЗАРУ ЯК ЧИЛВАИ ЯКТО БУБИН.
ОШИК ОН БОШАД ТАРКИ ОЛАМИ ДУ ДАР КУНАД.
ЧУН СУЛАЙМОН ОН КИ ТАСХИРАШ НИГИНИ ДИЛ ШАВ.
ХУКМ БАР ГАРДУНИ ГАРДОН АЗ БАРИ АХТАР КУНАД.
ХАР ГАДОЕ КИ ЗИ ЧОМИ ХОКСОРОНАТ ЧАШИД.
КАЙ НАЗАР БАР ЧОМИ ЧАМ БАР МУЛКИ ИСКАНДАР КУНАД.
ЭЙ "ЧУНУН" АСРОРИ ДАРДИ ДИЛ БА БЕДАРДОН МАГУ.
СУЗИ ДАРДИ ДИЛ КУЧО ХАР БЕХАБАР БОВАР КУНАД.


Маъруф Шарипов Рахимович
 
SolehaДата: Шанбе, 25.02.2012, 22:53 | Сообщение # 2
Рядовой
Группа: Пользователи
Сообщений: 7
Статус: Offline
Шавад рӯзе,ки дар болини ҳасратҳо фиғон дорӣ,
Нафас дар ғарғара чун мурғ ҷону дил тапон дорӣ.
Ба сақфи хона чашми хеш дузӣ зору пурҳасрат,
Куҷо бар рози дилгӯе дами теғи забон дорӣ.
Бувад қобиз паи ҷонат Азозил дар паи эмон,
Чӣ мушкилҳои пурошӯб андар ин миён дорӣ.
Чӣ суд аз тахту давлат,ки ба рӯи тахта меоӣ,
Ки рози оҷизе бар дасти ғассолон аъён дорӣ.
Қабои сурх мепӯшию аз чоки кафан ғофил,
Саре пурҳасрат андар зери ақди ӯ ниҳон дорӣ.
Ба рӯи рахши дунё эминӣ аз маркаби чубин,
Чу тифли найсаворӣ,сӯи гӯристон давон дорӣ.
Ба гӯри тору пурваҳму хунук дар бистари хорӣ,
Ба чандин доғу ҳасратҳои гуногун макон дорӣ.
Равоқи манзари чашмат пур аз хоки лаҳад гардад,
Ки то субҳи қиёмат инчунин хоби гарон дорӣ.
Ҷунунӣ,то тавонӣ,фикри мурданро ба зистан кун,
Машав ғофил,ки роҳи сахту азми корвон дорӣ.(Маъдан-ул-ҳол)


"Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар,
Бе ризои Хак намехезад зи санги хам шарар:
 
SolehaДата: Шанбе, 25.02.2012, 22:54 | Сообщение # 3
Рядовой
Группа: Пользователи
Сообщений: 7
Статус: Offline
Бо муҳиббон асари нури Худо мебошад.
Сайқали меҳр ба ҳар сина зиё мебошад.
Захми аҷз аст калидони дари файзи азал,
Ҳама оина аз ин ҷилва ҷило мебошад.
Дарди бедард шуда иллати ин кӯрдилон,
Сурмаи ишқ ба ин дард даво мебошад.
Зиндагӣ нашъаи ишқ аст ба зудӣ дарёб,
Завқи Ҳақ ҳосили ин дарди фано мебошад.
Дили шайдо, ки ба хуноб тапидан гирад,
Ошиқи хаста аз ин бесару по мебошад.
Ба дари ишқ сари шоҳу гадо яксон аст,
Андар ин бор шаҳон кам зи гадо мебошад.
Чокии дил кунад аз доғ гиребончокӣ,
Пораи юсуфсифати ҷома қабо мебошад.
Иштиёқи рухи маъшуқ умеди дили зор,
Дил ба хушнудии он завқ лиқо мебошад.
Кафи умед Ҷунун аз дилу ҷон мешӯяд,
Ҳар ду дар роҳи ғами ишқ фидо мебошад.


"Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар,
Бе ризои Хак намехезад зи санги хам шарар:
 
tojikislom » Зан дар ислом » Тарбияи фарзанд » ГАЗАЛИЁТ (МАЛАВИ ЧУНУНИ)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024