Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Қуръон » Тафсири Қуръон » ЗИЁНИ ИН ДУ ГУНОҲ АЗ НАФЪИ ОН БЕШТАР АСТ
ЗИЁНИ ИН ДУ ГУНОҲ АЗ НАФЪИ ОН БЕШТАР АСТ
MuslimkaДата: Чоршанбе, 14.01.2009, 10:37 | Сообщение # 1
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
Қуръони Маҷид ҳидояткунандаи аҳли башар ба сӯи ростӣ, ҳақпарастӣ, хайрхоҳӣ, накӯкорӣ ва инсондӯстӣ мебошад. Ин китоби бузург аҳли имонро аз кирдори бад, амсоли ширк овардан ба Худо, рехтани хуни ноҳақ, дуздӣ, қиморбозӣ, майпарастӣ, дилозорӣ ва ғайра манъ менамояд. Баъд аз соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ ҳамватанонамон имкон пайдо карданд, ки тафсиру тарҷумаи Қуръон ба забони тоҷикӣ ва ҳуруфи кириллӣ дастрас намоянд. Нахустин тафсири даврони истиқлолият «Тафсири Зарнигор»-и Ҳоҷӣ Саидалии Саид мебошад. Муаллиф онро соли 1996 ҳам ба ҳуруфи форсӣ ва ҳам кириллӣ дар як ҷилд чоп кардааст. Ҷилди якуми китоб тафсири манзуми сураҳои «Фотиҳа» ва «Бақара»-ро дар бар мегирад. Пеш аз ҳама оят, сипас тарҷумаи тоҷикии он ва баъд тафсири оят ба тариқи назм оварда шудааст.
Чунончи, дар саҳифаи 484 тафсири ояти 219 сураи «Бақара» чунин омадааст:
«(Эй Муҳаммад,) аз ту оиди шароб ва қимор мепурсанд. Бигӯ: «Дар ҳардуи он гуноҳест бузург ва манфиатест барои мардум, вале гуноҳашон бештар аз манфиаташон аст».
Дар ин оят Худои ҳар ду олам,
Чунин маънӣ ҳамесозад фароҳам.
Ки: «Эй Пайғамбар, эй маҳбуби Аллоҳ,
Мусулмонзодагонро соз огоҳ!
Гуноҳи бандае бас беҳисоб аст,
Агар вай бастаи ҷоми шароб аст.
Ба шахсе гӯ, агар бошад қиморӣ,
Халосӣ аз ҷазои Ҳақ надорӣ!»
Бигӯ, Пайғамбар: «Он манфиате кам,
Ки аз кайфи шароб ояд ба одам.
Ва ё моле, ки аз роҳи қимор аст,
Аз он марди қиморӣ оварад даст.
Ки беш аз манфиат бошад зиёнаш,
Ҳамесоз аз бари онон баёнаш.


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
MuslimkaДата: Чоршанбе, 14.01.2009, 10:38 | Сообщение # 2
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
Дар ояти 220-и ҳамин сура дар боби меҳрубонӣ ба ятимон чунин таъкид шудааст: «…Онҳо аз ту дар бораи ятимон мепурсанд. Бигӯ: «Ба салоҳ овардани ҳоли онҳо хуб аст»…
…Ҳам аз боби ятимон ар бипурсанд,
Туро Пайғамбари Ман, бахш ин панд,
Сари ҷумла ятимон сила созед,
Дили ранҷури ишонро навозед.
Накӯиҳо кунед аз баҳри ишон,
Нагардад ҳоли ишон то парешон.
Садоқатҳо ятимонрост беҳтар,
Ки мӯъминро бувад мӯъмин бародар.
Ятимеро бадӣ созад чу одам,
Шавад огоҳ он Халлоқи олам.
Басо хуб аст ёрӣ баҳри онон,
Зи сидқи дил кунад фарзанди инсон.
Ҳамебояд, ки шукр оред аз ин панд,
Намуд амри ятим осон Худованд…
Тавре мебинем, «Тафсири Зарнигор» хеле оммафаҳм таҳия шудааст. Вақте ҳар кадоми мо бо мазмуни Қуръон ошно шуда, тибқи фармудаи он амал кунем, рафтори зишт, беадолатию дилозорӣ ва бухлу адоват аз миён рафта, файзу баракат дар ҷомеа зиёд мешавад: Чунончи Худованд инро дар сураи «Исро», ояти 9 таъкид кардааст: «Ин Қуръон ба дурусттарин ойинҳо роҳ нишон медиҳад ва мӯъминонеро, ки корҳои шоиста ба ҷой меоваранд, хушхабар медиҳад, ки аз музде некӯ баҳраманд хоҳанд шуд».


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
tojikislom » Қуръон » Тафсири Қуръон » ЗИЁНИ ИН ДУ ГУНОҲ АЗ НАФЪИ ОН БЕШТАР АСТ
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024