«Саҳеҳи Бухорӣ»
БОБИ 2. Намоз сабаби омурзиши гуноҳон аст 326. Аз Ҳузайфа (р) ривоят аст, ки гуфт: Назди Умар (разияллоҳу анҳу) нишаста будам, ки гуфт: Кадом яки аз шумо гуфтаи Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар мавриди фитна ба хотир доред? Гуфтам: Ҳамон тавре, ки фармудаанд, ман ба хотир дорам. Гуфт: Ту бар аҳодиси Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мусаллат ҳастӣ? Гуфтам: Намоз ва рӯза ва закот ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар, каффораи гуноҳон ва каффораи иштибоҳоте аст, ки шахс нисбат ба хонаводааш, нисбат ба молаш, нисбат ба фарзандаш ва нисбат ба ҳамсояаш муртакиб мегардад.
Умар (разияллоҳу анҳу) гуфт: Ин фитнаро намегуфтам, мақсудам фитнае аст, ки монанди дарё мавҷ мезанад. Ҳузайфа (р) гуфт: Ё амирал-мӯъминин! Бар ту аз онҳо зараре нест, чун дарвозаи байни ту ва байни он фитнаҳо бастааст. Умар (разияллоҳу анҳу) пурсид: Он дарвоза шикаста мешавад ва ё боз карда мешавад? Ҳузайфа (р) гуфт: Шикаста хоҳад шуд.
Умар (разияллоҳу анҳу) гуфт: Пас дар ин сурат дигар ҳаргиз баста нахоҳад шуд. Касе аз Ҳузайфа (р) пурсид: Оё Умар (разияллоҳу анҳу) медонист, ки мурод аз он дарвоза чист? Гуфт: Бале! Чунон медонист, мисле, медонист, ки имшаб пеш аз фардо аст. Ман ба ӯ сухане гуфтам, ки дар ӯ ғумӯз ва муғолита набуд. Шахси дигаре аз Ҳузайфа (р) пурсид: Мурод аз он дарвоза (ки монеъи фитна буд) чист? Гуфт: Худи Умар (разияллоҳу анҳу) аст.
327. Аз Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки шахсе рӯйи занеро бӯсид ва назди Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва қазияро баён дошт. Худованд ин ояро нозил фармуд, ки: «Намозро ҳарду тарафи рӯз (субҳ ва шом) барпо доред, зеро корҳои нек лағзишҳоро аз байн мебаранд», (Ҳуд: 114). Он шахс гуфт: Ё Расулаллоҳ, ин чиз хос барои ман аст? Фармуданд: «Барои ҳамаи уммати ман аст.»
328. Ва дар ривояти дигаре аз Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) дар ҳадиси гузашта ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Барои ҳар кас аз уммати ман, ки ба ин оят амал намояд.»