Китоб: Беҳтарин инсонҳо баъд аз Паёмбарон
Китоб: ОИША ПЕШВОИ БОНУВОНИ МЎЪМИНИН ВА ДЎСТДОШТАТАРИН ҲАМСАРИ ПАЁМБАРИ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМИН
Ҳазрати Оиша (р) бешак яке аз барҷастатарин чеҳраҳои дурахшони олам ба
шумор меравад. Худованд ба рўйи эшон дарҳои раҳмат ва фазлу карамашро
боз намудааст. Лутфи илоҳӣ Оишаро дар ибтидо духтари шахсияти беназире
ба мисли Абубакри Сиддиқ (р.з) қарор додааст, ки ин худ фахри бузург
аст. Баъдан, тарзе аз шиносоӣ бо зиндагиномаи ҳазрати Оиша (р.з)
маълумамон мешавад, пешомади хубтару саодатмандтаре эшонро дар оғўш
мегирад. Ин ҳам бошад, издивоҷи мутаҳҳар бо беҳтарин авлоди ҳазрати
Одам, яъне Муҳаммади Мустафо (дуову дуруд бар у бод) аст.
Китоб: Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Хаттоб (Худованд аз У рози бод)
Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва
ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон
амирулмўъминин Умар ибни Хаттоб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи
ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи
мусулмонон тақдим мегардад.
Китоб: Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (Худованд аз У рози бод)
Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи
босаъодати халифаи панҷумини мусулмонон Амирулмўъминин Умар ибни
Абдулазиз (р) мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва
толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад.
Амирулмўъминин ва панҷумин халифаи рошид, Умар ибни Абдулазизи Умавӣ,
набераи Умар ибни Хаттоби Қурайшӣ мебошад. Ў ҳамчун имоми одил ва
халифаи фозил шуҳрат ёфта буд. Соли шастуяк дар Мадинаи Мунаввара ба
дунё омада дар ҳамонҷо дар оилаи дорову сарватманд нашъунамо ёфт.
Китоб: Саду як қисса аз ҳаёти Усмон ибни Аффон (Худованд аз У рози бод)
Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи
босаодати халифаи сеюми мусулмонон Амирулмўъминин Усмон ибни Аффон (р)
мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони
мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад.
Амирулмўъминин ва саввумин хулафои рошидин ва яке аз даҳ нафари ба
ҷаннат башоратдодашуда, домоди Паёмбар (с) Усмон ибни Аффони Қурайшӣ…
Зи-н-нурайн ва ҳамсари ду бадри мунир.
Китоб: Саду як қисса аз ҳаёти Алӣ ибни Абўтолиб (Худованд аз У рози бод)
Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи
босаодати халифаи чаҳоруми мусулмонон Амирулмўъминин Алӣ ибни Абўтолиб
(р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони
мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад.
Амирулмўъминин Алӣ ибни Абўтолиб (р) чаҳорумин халифаи рошид ва яке аз
даҳ нафари ба ҷаннат башоратдодашуда мебошад. Насаб ба Ҳошимиён дорад ва
аз қабилаи Қурайш, писарамаки Паёмбар (с) аст. Ва Паёмбар (с) беҳтарин
духтараш Фотимаро (р) ба никоҳи ў даровард. Падари Ҳасан ва Ҳусейн (р)
мебошад.
муаллиф
Ашраф Муҳаммад
Аз арабӣ тарҷумаи
Муҳаммадиқболи Садриддин
Ҳаҷми китоб 5 мб
Китоб: Шуҳадои гумноми Карбало
Гузориши мухтасар: Бидуни шак, воқеаи
Карбало
яке аз воқеаи дилхарошест, ки дар таърихи Ислом ба сабт расида аст. Дар
ин воқеа бисёре аз фарзандон, наздикон ва ёрони ҳазрати Ҳусайн
{разияллоҳу анҳу} ба шаҳодат расиданд. Мо дар ин воқеа номҳои бисёре чун
Алии Асғар, Аббос, Ҷаъфар ва ғайраро дар расонаҳо, китобҳо ва ғайра
борҳо шунидаем, ки бо обу тоб барои онҳо сӯгворӣ шуда ва ҳатто кӯдакон
ҳам бо ин номҳо ошноии комил пайдо кардаанд.
Китоб: Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)
Миллатҳо ва мардуми дунё дар ҳар давру
замон барои худ шахсиятҳо ва
муқаддасоте доранд, ки чун рамзҳо ва нишонаҳои хотиравӣ азизашон
медоранд ва барояшон эҳтиром қоиланд. Мо мусалмонҳо низ барои худамон
ҳамин гуна муқаддасот ва арзишҳо дорем ва он ҳам бошад эҳтирому пайравӣ
аз дастуроти дин ва Қуръону Паёмбарамон Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи ва
саллам мебошад, ки ўро Худованд бароямон пешво ва роҳбар гардонидааст,
зеро ў маъсум аст, яъне гуноҳонаш омурзида шудаанд... .
Мусибати бузурги уммати Исломи (Вафоти Паёмбар (с.в)
Яке аз вазнинтарин мусибатҳое ки сари уммати
исломи омад, ин буд ки ваҳй илоҳи бо вафоти Паёмбар (с.в) қатъ гардид.
Вақто ки Паёмбар (с.в) амонаташро ба ҷо овард ва умматашро насиҳат кард,
нишонаҳои падруд гуфтанаш ин дунёро дар суханҳову амалҳояш намоён
гардид.
Please do not change this code for a perfect fonctionality of your counter
widget
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0