Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Муъҷизаҳои Мусо (а) кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 319



Теги

Дӯстон






Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Эшони Нуриддин



Нуриддини Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, рӯҳонии саршиноси Тоҷикистон

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон алайҳи Нуриддини Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Эшони Нуриддин баъд аз хуруҷ аз бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ин маротибаи саввум аст, ки ба ниҳодҳои тафтишотӣ даъват мешавад. Вай афзуд, ӯро ба нашри мавъизаҳое муттаҳам мекунанд, ки гӯё бо се банди қонуни ҷиноии Тоҷикистон мухолифат доштааст. Вай мегӯяд, ӯ он чиро мегӯяд, ки дар шариъат омадааст ва худованд иҷрои онро тақозо мекунад.

 

Эшони Нуриддин афзуд, маъмурони амниятӣ ба ӯ гуфтаанд, ки дар мавъизаҳои ӯ тарғибу ташвиқи зиддиқонунӣ ошкор шуда, дунявияти сохти сиёсии Тоҷикистон таҳти суол бурда мешавад. Эшони Нуриддин гуфт, мақомот мавъизаҳои ӯ, аз ҷумла дар мавриди ҳаром будани шароб ва зиноро муғойир ба қонунҳои давлати демократие чун Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд. Вай афзуд, ҳамчунин мақомот ба ӯ гуфтаанд, ки мавъизаҳои ӯ оромиши ҷомеъаро барҳам мезананд ва боиси густариши тундгароӣ мешаванд.

 

Эшони Нуриддин ҳамчунин мухолифаташ алайҳи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро рад карда, гуфт, аз иқдомоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди эълом доштани соли Имоми Аъзам, мавқеъгириҳои байнулмилалиаш дар мавриди исломро ҷонибдорӣ мекунад. 

 

Ба таъйиди Эшони Нуриддин мақомоти амниятии Тоҷикистон бар асоси як хулосаи коршиносии собиқ Кумитаи дини назди ҳукумати ин кишвар алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

 

Нуриддини Тӯраҷонзода, бародари Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода - яке аз чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон аст, ки дар мавъизаҳояш аз касодии ахлоқ, густариш ва гаравидани атбоъи мусалмони Тоҷикистон ба динҳои дигар интиқоди шадид мекунанд. Қаблан мақомоти Тоҷикистон наворҳои аудио ва видеоии онҳоро аз бозорҳои кишвар мусодира карда, амри маъруфи онҳо дар тӯю маросимҳоро низ манъ карда буданд. Дар Масҷиди Муҳаммадияи деҳаи Туркободи ноҳияи Ваҳдат, ки Эшони Нуриддин дар он имомхатиб аст, дар намози ҷумъа ҳазорон нафар аз навоҳии атрофи Душанбе ва вилояти Хатлон ҷамъ меоянд. 

 

Як корманди собики Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон, ки  гуфта мешавад дар омода кардани хулосаи коршиноси дар мавриди мавъизаҳои Эшони Нуриддинҷон саҳм гирифтааст, гуфт дар Тоҷикистон минбари дин аз сӯи бархе уламои ислом сӯйистифода мешавад ва дар ҳоли ҳозир, қавонини дин бо қавонини сиёсату иқтисод мувофиқат намекунанд.

 

Иддае аз коршиносон низ бар он назаранд, ки дар манзили сокинон ва бозорҳои кишвар мардум бештар ба шунидани амри маъруфи рӯҳониён рӯ овардаанд ва ин ҳол дар ҷомеъа рӯҳияҳои тундгароии диниро низ вусъат бахшидааст.

 

Дар ҳамин ҳол Эшони Нуриддинҷон мегӯяд, дар сурати идома пайдо кардани фишорҳои ҳукумат бар ӯ ва дар ҳоли маҳрум кардани ӯ аз минбараш Тоҷикистонро ба қасди Қазоқистон, ки он ҷо низ ҳаводоронаш зиёданд, тарк хоҳад кард.

Мавъизаи Эшони Нурридинҷон:






Маълумот
Шӯъба:
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 1360
Шарҳҳо: 4 ...
Вақти гузориш: 18:44
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0




¹-4  Äîáàâèë: caudill    Äàòà: 08.02.2009-13:42

sad


¹-3  Äîáàâèë: jihod    Äàòà: 09.01.2009-10:49

инамал муъмину ихва!!!галабаи дини поки Ислом хохад шуд зеро ин ваъдаи Аллохи кодир аст!!!дунё парастон ин дунё боки нахохад монд!!!!!!!!!!!!!!!!!


¹-2  Äîáàâèë: Jihod    Äàòà: 13.12.2008-12:33

Рушона сиёh мекунанд hукуматдорон , ки Эшони Нуриддинjонро догдор мекунанд. Алhamdulilloh мо мусулмон hастем, бояд давлатро исломи кунем.Инхо дайюс hастанд мо набояд hукуматдорон гуш диhем


¹-1  Äîáàâèë: Banda    Äàòà: 12.12.2008-12:29

E, hamin davlat mekhohad ki.. hamikhel shakhsoni buzurgro az roh barand...
Man guftaniyam ki... sardoroni davlat az imomho metarsand ki... hamai khalqro jolibi khud karda ziddi hukumat hujum nakunonad gufta metarsand,...
In hamash kori davlat... Onho az Khudoi khud, az Kholiqi khud, az risq dihandai khud nametarsand...!
Voy barholi onho....!Inshoalloh islom rivoj meyobad...!



Copyright MyCorp © 2024