ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Дарозтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 488



Теги

Дӯстон






Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов



Бархе аз фармондеҳони пешини мухолифин мегӯянд, ки алайҳи размандагони собиқи ИНОТ, таъқиби пинҳонӣ оғоз шудааст.

М
ирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони мухолифони пешин дар шарқи Тоҷикистон, рӯзи 30 апрел ба "Озодӣ" гуфт, ки аз ҷониби кормандони Раёсатҳои корҳои дохилии Тоҷикистон алайҳи афроди гуруҳи вай таъқиби пинҳонӣ оғоз шуда ва онҳоро бо ҷурми нигаҳдории силоҳ, боздошт мекунанд.

Ба гуфтаи Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз ҷумла ҳафтаи гузашта ва шабҳангом, гуруҳи ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба қасди боздошти Ҷамолиддин Содиқов, размандаи гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов ба манзилаш меоянд, вале вай огоҳӣ пайдо карда фирор кардааст ва ҳоло маълум нест дар куҷо ба сар мебарад.»

Ҳамчунин дар таърихи 17-уми апрел Раҳматулло Муъминов, яке дигар аз размандаҳои гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадовро дар масҷид ҳангоми адои намоз боздошт карданд ва соҳиби оғиле, ки гӯё дар онҷо силоҳ пинҳон карда шудааст, низ дастгир шуд. Баъдтар соҳиби оғилро раҳо кардаанд, аммо Раҳматулло Муъминов дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад ва мурофиаи вай оғоз шудааст. Раҳматулло Муъминов бо ҷурми нигоҳдории ғайриқонунии муҳимоти ҷангӣ айбдор мешавад

Дар ҳамин ҳол Одил Олимов, собиқ муовини Мирзохӯҷа Аҳмадов бо изҳори нигаронӣ мегӯяд, ки ҳар ҳафта як нафари гуруҳи Мирзохӯҷаро «шикор» мекунанд. Вай мегӯяд, аз ҳисоби боздошти собиқ размандаҳои гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки ҳамаашон дар системаи корҳои дохилӣ фаъолият кардаанд ва дар амалиёти гуруҳҳои Мулло Абдулло ширкат намуданд, даҳҳо милисаҳои қатории Вазорати корҳои дохилӣ, соҳиби рутбаҳои баланди низомӣ шудаанд.

Одил Олимов бо таъкиди ин, ки аз ин таъқибҳо ҳаста шудаанд, афзуд: «Вақте,ки бачаҳоро боздошт мекунанд, дар боздоштгоҳ бо латту кубу шиканҷа маҷбур мекунанд, ки иқрор кунад, ки силоҳ дорад ва бо ин роҳ парванда боз мекунанду аз ҳисоби бадбахтии як нафар, соҳиби рутбаву обрӯ мешаванд.» 

Дар ҳамин ҳол, дар вазорати умури дохилии Тоҷикистон зимни бехабарӣ аз ин ҳодисаҳо, гуфтанд, ин ҳолатро мавриди омӯзиш қарор хоҳанд дод. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ба "Озодӣ" гуфт, ки вазъи пешомадаро ба раҳбарияти ин ниҳод хоҳад расонид.

Моҳи сентябри соли 2010 баробари шурӯъи амалиёти густарда дар шарқи Тоҷикистон, мақомот Мирзохӯҷа Аҳмадовро баро пинҳон кардани Мулло Абдулло, раҳбари гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ҳамлаи 19-уми сентябр ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ, ки 28 афсару сарбозро кушта ба ҷой гузошт ва таъсиси макотиби террористӣ барои наврасон айбдор карда буданд.

Аммо баъд аз як гуфтушунид бо мақомоти давлатӣ, Мирзохӯҷа Аҳмадов мақомотро мӯътақид кард, ки дар ин ҷароим даст надорад ва барои муқобила бо гурӯҳҳои Аловуддин Давлатов, муллақаб ба Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло кӯмак мерасонад.Тавре Мирхохуҷа Аҳмадов мегӯяд гуруҳи 28- нафараи вай дар амалиёти зидди гуруҳи Мулло Абдулло ширкати фаъол доштааст.

Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 1922
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 10:54
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024