Рӯзи ҷумъа дар рафти амалиёти зидди Ислом камаш 271 шаҳрванди
Озарбойҷон, Тоҷикистон, Миср, Афғонистон, Узбакистон ва шуморе аз
шаҳрвандони Русия боздошт шуданд. То кунун масъалаи ҳабси фақат яке аз
боздоштшудаҳо-шаҳрванди Русия ва зодаи ҷумҳурии Кабардину Балқари ин
кишвар Мурод Сарбашев, мавриди баҳс қарор дорад. Сарнавишти 20 каси
дигарро хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ҳал хоҳад кард. Ба қавли
"Интерфакс" муҳоҷирони боқимонда раҳо шудаанд.
Дар амалиёти зидди Ислом дар Санкт Петербург шуморе аз мусулмонони
Тоҷикистон ҳам боздошт шудаанд. Дар Санкт Петербурги Русия дар чорчӯби
мубориза бо Ислом муҳоҷирони хориҷиро дастгир намудаанд.
Кумитаи тафтишоти шаҳри Санкт Петербург ва вилояти Ленингради Русия
хабар медиҳад, ки шоми ҷумъа дар чорчӯби амалиёти зидди Ислом 271
нафар дастгир шудаанд, ки дар байни онҳо хориҷиён низ ҳастанд.