Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Қуръон шомили чанд сура аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 572



Теги

Дӯстон






Муҳр ба дари бархе аз масоҷид



Tajikistan – Closed mosque in Dushanbe, 15Dec2008

Ахиран аз сӯи масъулони ҳукумати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ибодатхонаи маҳаллаи 33-и шаҳр баста шуд.

Мақомот мегӯянд ин масоҷид ба сифати ибодатхона ба таври расмӣ дар қайди давлат нестанд ва ба ин далел гузоридани намоз дар чунин ҷойҳоро қонун иҷоза надодааст.


Ин дар ҳолест, ки, ба таъйиди собиқ имом-хатиби масҷиди маҳаллаи 33-и шаҳри Душанбе, аз соли 1928 бад-ин сӯ дар ин ибодатгоҳ мардуми гирду атроф намоз мегузориданд.

 

Теъдоди дақиқи масоҷиди басташуда, ки ба унвони ҷойҳои ҷамъиятӣ дар идороти марбутаи шаҳрдорӣ сабтином шудаанд дақиқ нест. Вале танҳо дар қаламрави ноҳияи Синои пойтахт шумори онҳо 147 адад ҳастанд. Ахиран дар пайи бозрасии як кумисиюни вижа аз аснод ва фаъъолияти онҳо бештарашон баста шудаанд. Аз ҷумла дар ҳоли ҳозир чунин масоҷид, ки дар онҳо аз 50 то 300-350 кас метавонист ба ибодат машғул шавад, ба иллати надоштани санади расмӣ ғайриқонунӣ эълон шудааст.

 

Масъулони ҳукумати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ироъаи ҳар навъи ҷузъиёт дар ин замина худдорӣ варзиданд. Вале Мирзо Бобокалонов, мутахассиси идораи дин дар вазорати фарҳанги Тоҷикитон, ки хеле кӯтоҳ бо радиои Озодӣ суҳбат кард, таъйид кард, бархе аз масъулони чунин ҷойҳои ҷамъиятӣ ба онҳо барои ҳалли қазия муроҷиъат кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, роҳе, ки қонун барои намозгузорон пешбинӣ кардааст, сабти аснод дар идороти зидахл аст.

 

Зимнан, дар асоси як дастури шаҳрдории Душанбе, таййи ду соли ахир фаъъолияти масоҷиди пойтахт мавриди омӯзиш қарор гирифта ва он масоҷиде, ки иҷозаи расмии фаъъолиятро надоранд, баста хоҳад шуд – онгуна, ки дар солҳои пеш низ баста шудани масоҷид дар шаҳри Душанбе аз сӯи мақомот сурат гирифта буд.

 

Дар ҳамин ҳол, Зайниддин Ҳусейнов, собиқ имомхатиби масҷиди маҳаллаи 33-вуми шаҳри Душанбе, ишора намуд, масҷиди онҳо ҳанӯз аз соли 1928 замоне, ки комунистҳо сари қудрат буданд, фаъолият мекунад. Вале дар ду соли пеш бо қарори шаҳрдорӣ амали он мутавақиф гардид. Баъди муроҷиъатҳои мукаррар ва суханронии худи ӯ, баъди дастури раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсайид Убайдуллоев дар як ҷаласа масҷид дубора фаъъол шуд, аммо, инак, боз бори дуввум аст, ки ба дари масҷид муҳр мезананд.

 

Оқои Ҳусейнов афзуд, ки бинои масҷиди мазкур ҳамасола бо усули ҳашар тармим ва навсозӣ мешавад ва онҳое, ки дар он ба ибодат машғуланд, аслан солмандон ва бознишастаҳо ҳастанд, ки имкони рафтан ба масоҷиди дуртарро надоранд. Шикоятҳои батакрори ӯ боъис шуд, ки бо «мусоъидат»-и масъулини ҳукумати ноҳия ӯ аз вазифаи имом-хатибӣ сабукдӯш шуд.

 

Баътдар додгоҳ З. Ҳусейнов ва чанд нафари дигар аз масъулони масоҷид ва ё ҷойҳои ҷамъиятии дигарро барои нақзи қонун, яъне гузоридани намоз дар ҷойҳои ба истилоҳ ҷамъиятӣ, гунаҳкор дониста, ҳар кадомро аз 50 то 150 сомонӣ ҷарима кардааст.

 

 

Бархе аз коршиносон баста шудани масоҷид дар қаламрави шаҳри Душанберо як навъи нақзи қонун ва озодиҳои мазҳабӣ арзёбӣ мекунанд. Саидаҳмади Қаландар, масъули маркази таҳлилии «Сипеҳр», иқдоми масъулини шаҳри Душанберо навъе фишор рӯи масоҷид унвон карда, гуфт, ки дар шароити пешомада хуб мебуд давлат чунин ҷойҳои ҷамъиятиро ба унвони масҷид эътироф мекард.

 

Дар ҳамин ҳол масъулони бархе аз ин ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе, ки амалан ба сифати масҷид истифода мешаванд, аз мақомоти кишвар тақозо доранд, то бори дигар ба қазияи онҳо расидагӣ сурат бигирад. Зеро, мегӯянд онҳо, кумисиюни таъсисдодаи шаҳрдорӣ на ҳама вақт ба таври мунсифона ва холисона рафтор кардааст. Ба гунаи мисол зикр мешавад, дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе, ки яке аз ҷойҳои пурҷамъияти пойтахт аст, барои дарёфти иҷозаи сохтмони ҳатто як масҷиди панҷвақта муваффақ нашудаанд.

Абдуқаюми Қаюмзод
www.ozodi.org

Маълумот
Шӯъба:
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 1106
Шарҳҳо: 1 ...
Вақти гузориш: 21:22
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0




¹-1  Äîáàâèë: eshon    Äàòà: 16.12.2008-01:19

ассалому алайкум ва рахматуллохи ва барокотуху .бародарони мусалмони тожикистон барости вахте ин хел номахоро мехони ки боз дар тожикистон дархой масждхора бастаншува сар кардан дили одам хун мешавад ба хотиреки дар давлате ки кариб сад фисадаш мусалмонан хукумат дорош и рафтора мекунан дигар чикоркарданатро намедуни .мо ки дар русия зиндаги мекунем алхамдулилох ки кариб хар мохда як масжиди нав кушоидай содан мо дар байни бародарони мусалмони дигар милатхо дигар гапзада даъво ва даъват карда наметунем вакте ки мо фахр мекардем алхамдулиллох ки дар тожикистони мо дар вакти намоз танкисии намози жамот нестак кариб ки дар хар як кучааш масжид хастак вакти намозда тамоми намозхора бо жамоъат мехони .имрузки мебинем ранги замони камунистики масжидхора мебастан дархошуна дархой масжидхора бастаншува боз сар кардан .ина фойдай бародарони ба ном салфи вахтеки ихтилофа дар байни мардум сар карде мардуми бечорай бало шпида боз аз намози жамоъат ай руй шумо махрум шидан шумо даъватхой худа аз мазхаб сар карде фикр накарде тожикистон тамоми мардуми тожикистон ханафи мазхаб хастан тамоми даъватхой шумо аз руй риео хастан фардо дар пешгохи аллох таъоло авал шумо жавоб метие баъд сардорхой давлати тожикистон .сардорхой давлат ки шумора кувватту намерасад ба и мардуми ба ном салафи ки дар асл номи иеора халафи гуфтан даркор .мардуми бечора инжа причомай ео ки дархой масжидхо.бародарони салафи ай мазхабда шумо хаму хешу табортува еору биеортува даъват мекарде камбудии бехад дар мардуми мо зиеодай и мардуми бечора ай гижо ука илме доран ки аз пеши худашон аз ояту хадис истинбот бкунану рахшува дар ислом биеован чхелеки щумо даъво мекунед.неки тенж наистоде ина рзултати даъвати шумо.шумо хесте ба мазхаб часпиде ео ба улламохой дин чака шиде ду рузеки дар хориж хунде хиеол карде тамом мусалмони асли шумоед и мардум роха гум кардагиян е бародаро шумора чиву ба ешони нуридин расиданту чи аввал ранги хаму хазрато хизмат бкуне дар ислом баъд мархамат даъво бкне фикр накарде ки и мардуми бечора нав ай хами бало халос шидаги буд вахобиву сунни бо кулобиву гарми алхамду лиллох ки ай и бало халос шидан имардум бо шумо сар карде салафира валох ки агар як зара дили шумо барой даъвати ислом бсуза бояад ки шумо ай дигар чиз даъвати хтува сар мекарде и мардума илтимос тенж муне.гапа сар кунем хиеол мекунум ки зиеоди бад мешавд худо хофиз .ешон самараю



Copyright MyCorp © 2024