Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Қуръон шомили чанд сура аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 572



Теги

Дӯстон






Боздошти як узви созмони “Шамшери ислом”



Рамазон Раҳимов

Женерол Раҳимов мегӯяд фарди боздоштшуда аъзои созмони ғайриқонунии "Шамшери ислом" аст

Вазорати кишвар ё умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки як узви созмони мавсум ба “Шамшери ислом” дар ин кишвар боздошт шудааст.

Женерол Рамазон Раҳимов, муъовини аввали вазири умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин фард сокини ноҳияи Ваҳдат буда ва дар иртикоби чандин ҷурм гумонбар (мазнун) дониста мешавад.

Женерол Раҳимов афзуд: “Ахиран шаҳрванд Шоҳидов Раҳмиддин, узви созмони мавсум ба “Шамшери ислом”, ки дар ҳеҷ ҷойе сабти ном нашудааст, тавассути кормандони мо боздошт шуд. Ин фард дар иртикоби 14 ҷурм, аз ҷумла ду қатл, ду амали теруристӣ ва даҳ мавриди роҳзанӣ гумонбар аст.”

Ҳамчунин оқои Раҳимов гуфт, ки вазорати умури дохила 548 нафар аз пайравони фирқаи Салафияро, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ эълом шудааст, сабт карда ва бар фаъолияти онҳо назорат мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи фирқаҳои мухталифи исломӣ ва хатароти ношӣ дар нишастҳои мухталиф ибрози назар кардаанд, вале бори нахуст аст, ки аз боздошти як узви созмони “Шамшери ислом” хабар медиҳанд.

Ин созмон чандон шинохта нест ва номи он дар феҳристи гурӯҳҳои мазнун ба терурисми СММ ва кишварҳои ғарбӣ низ ба мушоҳида намерасад. Муъовини вазири кишвари Тоҷикистон дар бораи ин созмони ба гуфтаи вай теруристӣ тавзеҳоте надод.

Акбар Тураҷонзода

Оқои Тураҷонзода мегӯяд таъсиси гурӯҳҳои тундрави мазҳаби кори душманони ислом аст

Аммо бархе аз расонаҳои Русия ҳудуди даҳ сол пеш аз кашфи шабномаи гурӯҳе, ки худро “Шамшери ислом” меномад, дар ноҳияи Новолаки Доғистон дар пайи як инфиҷор хабар дода буданд. Ин гурӯҳ ҳадафи худро бозгардондани чеченҳое ба ин маҳал муъаррифӣ карда буд, ки аз ин ноҳияи дар соли 1944 кӯч дода шуда буданд.

Акбар Тураҷонзода, яке аз чеҳраҳои саршиноси мазҳабӣ дар Тоҷикистон низ мегӯяд, ки дар бораи мавҷудияти чунин созмоне хабар надорад. Аммо оқои Тураҷонзода муътақид аст, ки ниҳодҳои вижаи бархе аз кишварҳо барои бадном кардани ислом гурӯҳҳоеро таъсис медиҳанд.

Аммо оқои Тураҷонзода мегӯяд, ки ин гурӯҳҳо хатароти ҷиддие барои амнияти миллии Тоҷикистон нахоҳанд дошт, зеро ба бовари вай, фаъолияти онҳо дар миёни аксарияти мардум мавриди ҳимоят нест.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи манобеъи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар нуӯ моҳи гузашта маъмурони пулиси ин кишвар 13 узви Ҳизбуттаҳрир, як гурӯҳи мамнӯъ дар кишварҳои минтақа ва 14 узви Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон, як созмони муртабит бо Толибонро боздошт кардаанд.

Мақомҳои вазорати дохилаи Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ доданд, ки дар соли ҷорӣ 52 нафар аз кормандони пулис ба занни иртикоби ҷароим боздошт шудаанд ва дар ин робита 40 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

bbc


Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 690
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 21:31
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024