Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Адади расулон ва (наби) паёмбароне, ки дар Қуръон зикр гардидаанд, чандтоянд?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 370



Теги

Дӯстон






Давлати Усмон: 'Кадом таҷрубаи сулҳи тоҷикон?'



Дар соли ҷорӣ аз 15-умин солгарди имзои Мувофиқатномаи сулҳи тоҷикон таҷлил мешавад.

Рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Саид Абдулло Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди мухолифони давлати ин кишвар, бо имзои ин мувофиқатнома ба ҷанги дохилии 5-сола хотима доданд.

Ба ин муносибат ҳамкорамон Мардони Муҳаммад бо Давлати Усмон, раиси Ситоди нерӯҳои Иттиҳоди мухолифони пешини давлати Тоҷикистон ва собиқ вазири рушди иқтисоди ин кишвар мусоҳибае анҷом додааст:

Дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ оё намояндагони собиқ Иттиҳоди мухолифон аз дастовардҳои раванди сулҳ ва вазъи феълии афроди мухолиф розӣ ҳастанд?

Аз истиқрори сулҳу сабот дар Тоҷикистон мо розӣ ҳастем. Аммо аз он ки ин сулҳ метавонист дар дурнамои кишвар тақдирсоз бошад, розӣ нестем. Зеро кишвар натавонист аз бӯҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъие, ки дар соли 1992 домангири Тоҷикистон шуда буд, раҳо шавад.

Дар мавриди вазъи мухолифони пешин ҳаминро метавон гуфт, ки аз мақомоти аршад то фарди одии мухолифон бо дили гарм ба сулҳ пайвастанд, вале дар роҳи идғоми ин афрод ба ҷомеъа мавонеъи зиёде пайдо шуд. Ҳоло бисёре аз мухолифони собиқ, ки афроди мутахассис ҳастанд, бидуни сарнавишт буда, сиёсатмадорони он аз саҳнаи сиёсии кишвар дур шудаанд.

Порае аз мусоҳиба бо Давлати Усмон:

Дар ҷомеъа бояд рақобати солими сиёсӣ вуҷуд дошта бошад, то аз инҳисори қудрат дар дасти як гурӯҳ ё як нафар ҷилавгирӣ шавад. Аммо давлати Тоҷикистон тарафи дигарро қабул надошт.

Оё манзуратон афроде ҳстанд, ки бар асоси саҳмияи 30-дарсадӣ дар сохторҳои давлати Тоҷикистон мансаб гирифта, вале баъдан барканор шуданд?

На танҳо онҳо барканор шуданд, балки аз нерӯҳои зеҳнию ботаҷрубаи мухолифон ҳам истифода нашуд. Дар замони заъиф будани қудрати давлат аз онҳо истифода шуд, пас аз эҳсоси қудрат давлати Тоҷикистон онҳоро канор гузошт.

Вақте ки мавзӯъи саҳмияи 30-дарсадӣ барои намояндагони иттиҳоди мухолифон баррасӣ мешуд, оё муддати ҳузури ин афрод дар сохторҳои давлатӣ низ таъйин шуда буд?

Мувофиқатномаи сулҳ навоқиси зиёде дошт. Он замон барои ҳар ду ҷониб нигоҳ доштани якпорчагии кишвар муҳим буд. Бино бар ин, Иттиҳоди мухолифон барои боқӣ мондан дар қудрат ё мансаб талош намекард. Ҳадафи аслӣ барқарории сабот ва ваҳдати миллӣ буд.

Бархеҳо нерӯҳои мухолифони пешинро омилони аслии нооромиҳо ва оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон медонанд. То чи ҳад ин нуқтаи назар асос дорад?

Раванде, ки дар авохири даҳаи 1980 ва авоили солҳои 1990 ба миён омад, дар ҷамоҳири собиқи шӯравӣ табиъӣ буд. Дар кишварҳои соҳили Болтик ва Қафқоз чунин вазъият ба мушоҳида мерасид. Ҷанги дохилӣ танҳо дар Тоҷикистон рух надодааст. Дар 6 ҷумҳурии собиқи шӯравӣ чунин ҷангҳо рух дод.

"Барканории Қадриддин Аслонов аз мақоми раиси порлумон ва раиси порлумон шудани Сафаръалӣ Кенҷаев тавозунеро, ки русҳо дар минтақаҳо эҷод карда буданд, ба ҳам зад. Дар натиҷа бархе аз мақомот аз ҳизби кумунист, ки мақомҳояшон зери хатар рафта буд, ба тазоҳургарони майдони "Шаҳидон” пайвастанд."

Давлати Усмон

Вақте миёни нерӯи ҳоким ва нерӯи нав мубориза барои қудрат шурӯъ мешавад, нерӯи қадимӣ барои вуҷуди худ аз тамоми нерӯю абзор истифода мекунад. Бояд муаррихон баҳо диҳанд, ки омили ҷанг кӣ буд.

Нерӯҳои тозаи сиёсии Тоҷикистон барои ду қудрати Русия ва Узбакистон, ки дар Тоҷикистон манофеъи худро дунбол мекарданд, ношинохта буданд. Аз ин нерӯҳо онҳо ҳарос доштанд. Ба назарам, иллати аслии ҷанг ҳамин аст.

Ҳам мақомоти давлати Тоҷикистон ва ҳам раҳбарони Иттиҳоди мухолифон борҳо дар бораи даст доштани кишварҳои хориҷӣ дар нооромиҳои Тоҷикистон ибрози назар карда, аммо аз ҳеч кишваре ном набурдаанд. Назари Шумо чист?

Мақомоти Тоҷикистон ба далоили маълум наметавонанд дар ин замина аз кишваре ном баранд. Дар авоили даҳаи 1990 ду қудрат дар Тоҷикистон таъсир дошт: қудрати аслӣ Русия буд, ки дучори бӯҳрони сиёсӣ буду нерӯҳояш дар Тоҷикистон дар аъмоли худ озод буданд. Қудрати дигар Узбакистон буд.

Вақте Русия дар қарни 19 Осиёи Марказиро тасарруф кард, русҳо аз Тошканд минтақаро раҳбарӣ мекарданд. Ин вазъ дар замони шӯравӣ низ идома дошт. Ҳамин суннат буд, ки Русия ба Узбакистон иҷоза дод, ки дар умури дохилии Тоҷикистон мудохила кунад.

Аммо пайдо шудани парчами Эрон дар майдони "Шаҳидон" ва шиъори маъруфи "Золимин, золимин, марг ба найрангатон, Хуни шаҳидони мо мечакад аз чангатон" далели ҳузури нерӯи севум ва пуштибонии Эрон аз мухолифони давлати Тоҷикистон нест?

Ман ба унвони шоҳиди айнӣ мегӯям, ки дар майдони "Шаҳидон" Эрон мудохила надошт. Дуруст аст, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шефтаи инқилобҳо дар кишварҳои исломӣ буд, аз ҷумла, ба инқилоби исломӣ дар Эрон ба раҳбарии Имом Хумайнӣ.

Порае аз мусоҳиба бо Давлати Усмон:

Шиъори маъруфи инқилоби Эронро низ аз тариқи родиюи Эрон бисёриҳо шунида буданд ва он бадоҳатан садо дод. Ман ҳамчун як тан аз масъулони наҳзати исломӣ бо камоли итминон мегӯям, ки дар ин ҷанг Эрон даст надошт.

Тазоҳуроти тӯлонии мухолифон дар баҳори соли 1992 дар майдони "Шаҳидон", ки беш аз як моҳ бидуни танаффус идома дошт, дар ҷамоҳири собиқи шӯравӣ собиқа надоштааст.

Мусаллам аст, ки барои таъмини назму тартиб ва буду боши афрод дар тазоҳурот, ки даҳҳо ҳазор нафар, аз ҷумла, занҳо ширкат доштанд, сармояи ҳангуфте лозим аст. Мухолифони собиқ ин ду мушкилро аз кадом тариқ ҳал карданд?

Бале, ин иттифоқ суолбарангез аст. Дар бозиҳои сиёсӣ дар ҷомеъаи Тоҷикистон ва кӯшишҳои як гурӯҳ барои расидан ба қудрат, бо шумули Сафаръалӣ Кенҷаев ва атрофиёни Президент Раҳмон Набиев тавозуни қудратро як муддат аз миён бурд.

Аз ҷумла, барканории Қадриддин Аслонов аз мақоми раиси порлумон ва раиси порлумон шудани Сафаръалӣ Кенҷаев тавозунеро, ки русҳо дар минтақаҳо эҷод карда буданд, ба ҳам зад.

Дар натиҷа, бархе аз мақомоти ҳизби кумунист дар манотиқ, ки мақомҳояшон зери хатар рафта буд, ба тазоҳургарони майдони "Шаҳидон" пайвастанд. Онҳо сокинони рустоҳою навоҳиро муваззаф мекарданд, ки ба тазоҳургарон маводди ғизоӣ ҷамъоварӣ карда ва бифиристанд.

Усмон

Оқои Усмон мегӯяд, ки тавзеъи силоҳ дар майдони "Озодӣ" иқдоме иғвоангезона буд

На аҳзоби наҳзату демукрот ва на ҷунбиши "Растохез"-у "Лаъли Бадахшон" сармояе дар ихтиёр надоштанд. Ҳеч кумаке ҳам аз хориҷи кишвар ворид намешуд.

1 майи соли 1992 Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳурии вақт, аз ҷумлаи афроди майдони "Озодӣ", ки тарафдори давлат буданд, воҳиди вижаи Горди миллиро таъсис дод ва ба онҳо 1800 мил силоҳ тавзеъ кард.

Дар замони мушобеҳ дар майдони "Шаҳидон" низ афроди мусаллаҳ пайдо шуданд. Воқеъан, мухолифони давлат силоҳро аз куҷо дарёфт карданд?

Тавзеъи силоҳ ба афроди майдони "Озодӣ" амали иғвоангез буд. Он замон дар майдони "Шаҳидон" ҳудуди 100 ҳазор тан аз тазоҳургарон гирди ҳам омада буданд. Аз ин ҷумла, имкон дошт 1000 нафар соҳиби милтиқи шикорӣ буда бошанд. Мо милтиқи шикорӣ ҷамъ кардем, 4-5 ҳазор адад бутриҳоро бо бензин омода карда будем.

Вақте аъзои Горди миллӣ, ки Қасри раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифзозат мекарданд, бутриҳои бензинро диданд, ин амр барои онҳо таъсири равонӣ дошт. Онҳо таслим шуданд.

Вақте женерол Баҳром Раҳмонов, фармондеҳи Горди миллӣ, таслим шуд, бархе аз силоҳи бадастомада ба дасти афроди мухталиф афтод. Ин иштибоҳи раҳбарони мухолифон буд. Бояд силоҳҳо дар як ҷо ҷамъоварӣ мешуд.

Бархе бар ин назаранд, ки Женерол Раҳмонов ба Президент Набиев хиёнат карда ва ба мухолифон пайвастааст. Ин назар сиҳҳат дорад?

На, ин дуруст нест. Вай таҳти фишори шадид таслим шуд. Ин женерол он замон танҳо ду роҳ дошт: ё ба тазоҳургарони майдони "Шаҳидон" ҳамла мекард, ки ин як навъ худкушӣ буд, ё таслим мешуд.

Тазоҳургарон, ки Қасри раёсати ҷумҳуриро иҳота карда буданд, дигар роҳе надоштанд. Чунки хабари мусаллаҳ шудани мухолифонашон дар майдони "Озодӣ" ба онҳо расида буд ва аз имкони ҳамла нигарон буданд.

Порае аз мусоҳиба бо Давлати Усмон:

Тасарруфи Қасри раёсати ҷумҳурӣ дар нақшаи мухолифон набуд. Тавзеъи силоҳ дар майдони "Озодӣ" мухолифони давлатро ба ин амал водор кард. Он замон қасрро танҳо ҳудуди 250 тан аз нерӯҳо ҳифозат мекард.

Он замон дар шаҳри Душанбе сару садоҳое буд, ки аз ҷониби лашкари 201-и Русия ба майдони "Шаҳидон" ду мошин туфанги Калашников тавзеъ шудааст. Оё ин шоеъот воқеъият дорад?

Чунин як ҳодисаи иғвоангезе иттифоқ афтод. Гурӯҳе аз ҷавонони майдони "Шаҳидон" гӯё дар роҳ "КамАЗ"-и пур аз силоҳро тасарруф карда ва ба бинои Қозиёти Тоҷикистон бурдаанд. Акбари Тӯраҷонзода, қозии вақти мусалмонони Тоҷикистон, ва раҳбарони майдони "Шаҳидон" аз тавзеъи силоҳ ҷилавгирӣ карданд. Аммо чанд адад силоҳ рабуда шуда буд.

"Гурӯҳе аз ҷавонони майдони "Шаҳидон” гӯё дар роҳ "КамАЗ”-и пур аз силоҳро тасарруф карда ва ба бинои Қозиёт бурда буданд. Акбари Тӯраҷонзода ва раҳбарони майдони "Шаҳидон” аз тавзеъи силоҳ ҷилавгирӣ карданд. Аммо чанд адад силоҳ рабуда шуда буд."

Давлати Усмон

Мо ин амалро навъе иғвои низомиёни рус ба хотири оташ додани ҷанг миёни ду майдон арзёбӣ карда ва комюни силоҳҳоро ба Лашкари 201 баргардондем.

Мақомоти Русия ҳамеша нерӯҳои ин кишвар дар Тоҷикистонро ҳомии сулҳ ва кафили истиқрори субот дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Он замон мавзеъи ин нерӯҳо оё бетарафона буд?

Русия он замон дар гирдоби бӯҳрони амиқи сиёсӣ буд. Ихтилофи Борис Елтсин, раиси ҷумҳурии вақти Русия, бо мухолифонаш ба даргириҳои мусаллаҳона дар Маскав ва гулӯлаборон шудани бинои ҳукумат мунҷар шуда буд.

Яъне, ҳукумати Русия имкони назорат бар нерӯҳояш дар хориҷ аз кишварро надошт. Нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон бо истифода аз ин вазъ ба фурӯши аслиҳаю муҳиммоти ҷангӣ ва ҷамъоварии сарват машғул буданд.

Рӯзи 9 майи соли 1992 дар Тоҷикистон ҳукумати мусолиҳаи миллӣ таъсис ва иддаи зиёде аз намояндагони мухолифон, аз ҷумла, Шумо ба сохтори давлатӣ шомил шудед. Аммо чаро ин ҳукумат натавонист дар қудрат бимонад?

Шомил шудани намояндагони мухолифон ба давлати Президент Набиев илҳоқӣ буд. Агар яке аз ду вазоратҳои қудратии амният ва умури дохила дар ихтиёри намояндагони мухолифон қарор мегирифт, вазъият дигар мешуд.

Он замон Тоҷикистон артиш надошт. Женерол Навҷувонов, вазири дохила, вазъиятро кунтрул намекард. Тасмимгирии қотеъ надошт. Яъне, ин вазорат бесоҳиб буд. Вазорати амният дар аввал аз давлати Набиев пуштибонӣ мекард, баъдан аз дохил фалаҷ шуд.

Намояндагони мухолифон дар давлат салоҳияте надоштанд. Ҳамаи салоҳият дар дасти Президент Набиев ва нахуствазир буд. Чанд вазоратхона дар ихтиёри мухолифон буд, аммо раиси ҷумҳурӣ бо онҳо ҳамкорӣ накард. Ман ба унвони муъовини нахуствазир ҳеч тасмиме гирифта наметавонистам. Куллияи пешниҳоди мо аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ рад мешуд.

Аз сӯйи дигар, бархе аз вазоратхонаҳои марбут ба мухолифон фаъъолияти хубе надоштанд. Масалан, вазорати хориҷа. Ман дар бораи шахсияти Худойбердӣ Холиқназаров, вазири хориҷа, чизе намегӯям. Аммо ин вазорат аз бефаъъолияттарин вазоратҳои Тоҷикистон буд. Ин вазорат натавонист рӯйдоду таҳаввулоти Тоҷикистонро ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ расонад.

Майдони "Шаҳидон"

Дар баҳори соли 1992 дар майдони "Шаҳидон" даҳҳо ҳазор нафар тазоҳургарон гирди ҳам омада буданд (Акс аз филми мустанади "Истиқлол")

Агар сиёсати хориҷии Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ хуб фаъъолият мекард ва ҷаҳониёнро аз вазъи воқеъии кишвар мутталеъ месохт, шояд аз ҷанги дохилӣ ҷилавгирӣ мешуд. Агар Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ аз ҷониби ҷомеъаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ мешуд, ҳадди ақал фишори ҷомеъаи ҷаҳонӣ болои мудохилаи Ӯзбакистон мешуд, ҷанги дохилӣ иттифоқ намеафтод.

Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ оё имкони ҷилавгирӣ аз бурузи ҷанги дохилиро дошт?

Бале. Аммо дар ин ҳукумат ваҳдати назар вуҷуд надошт. Президент Раҳмон Набиев ва атрофиёнаш умедвор буданд, ки нерӯи хориҷие чун Русия ва Узбакистон омада ва мухолифонро аз саҳнаи сиёсӣ дур мекунанд. Аз ин лиҳоз, онҳо дар ин ҳукумат бо дили гарм кор накарданд ва мулоқотҳои мухталифи тарафҳои даргир низ натиҷае надоданд.

Аз ҷумла, созишномаи шаҳри Хоруғ иҷро нашуд. Тавофуқе, ки дар фурӯдгоҳи шаҳри Қурғонтеппа ба даст омад, иҷро нашуд. Дар ин сафар банда ва ҳайъати ҳукумат ба асорати гурӯҳи Сангак Сафаров, фармондеҳи Ҷабҳаи мардумӣ даромада будем.

Яъне, ҳукумати мусолиҳаи миллӣ буд, аммо миёни аъзои ин ҳукумат мусолиҳа набуд?

Оре. Ин ҳукуматро чунин номгузорӣ карда буданд. Аз сӯйи дигар, намояндагони мухолифон дар ҳукумат таҷрубаи кофӣ надоштанд.

То ҳол мушаххас нест, ки тирандозӣ ва ҷангро кадом майдон шурӯъ кардааст. Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, даргирии мусаллаҳона рӯзи 5 майи соли 1992 дар минтақаи Оли Совети ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) шурӯъ шуда ва афроди мусаллаҳ ба афроди савори мошинҳое, ки аз минтақаи Кӯлоб ба майдони "Озодӣ" меомаданд, тирандозӣ кардаанд. Дар натиҷа, чанд нафар кушта ва захмӣ шуда буданд. Ин ҳодисаро оё метавон оғози ҷанги дохилӣ арзёбӣ кард?

Бояд дар ин замина таҳқиқоти мунсифона ва воқеъбинона сурат бигирад. Ҳодисаи минтақаи Оли Совет шубҳаовар буд. Афроде, ки аз ҳар ду ҷониб ҷон бохтанд, ба таври ҳирфаӣ кушта шуда буданд.

Ҳамаи онҳо тавассути тактирандоз ба қатл расиданд. Одатан дар даргирии тарафҳо гулӯла ба пойу даст ё қисматҳои дигари бадан низ исобат мекунад. Аммо афроди кушташуда аз қисмати сар захм бардошта буданд. Яъне, ин афрод аз ҷониби гурӯҳи номаълум кушта шудаанд.

Дар ҳоле ки Тоҷикистон артиш надошт, бисёре аз шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки тазоҳургарон дар майдони "Шаҳидон" алайҳи Узбакистон, Русия ва Омрико эъломи ҷанг карда буданд. Инро чи гуна метавон ташреҳ дод?

Дар ибтидо чунин шиъорҳо набуд. Дар миёни ҳудуди 100 ҳазор тазоҳургар мушаххас кардани иғвогар ё ватандӯст душвор буд. Бисёре аз онҳо аз лиҳози сиёсӣ таҷрубае надоштанд. Ҳар шиъоре садо медод, пуштибонӣ мекарданд.

"Пас аз оғози даргириҳо эҳсосот боло рафт, ҷойи ақли солимро эҳсосот гирифт. Масалан, Шодмон Юсуф, раҳбари Ҳизби демукрот, шиъор дод, ки "русҳо дар Тоҷикистон ҳама гаравгон ҳастанд." Ин гуна шиъор зидди хиради солим буд."

Давлати Усмон

Аз сӯйи дигар, пас аз оғози даргириҳо эҳсосот боло рафт, ҷойи ақли солимро эҳсосот грифт. Масалан, Шодмон Юсуф, раҳбари Ҳизби демукрот, шиъор дод, ки "русҳо дар Тоҷикистон ҳама гаравгон ҳастанд." Ин гуна шиъор зидди хиради солим буд.

Ба раҳбарони мухолифон лозим буд, ки ин шиъорҳоро тавзеҳ диҳанд. Масалан, чанд маротиба сафири Омрико хостори мулоқот бо мо шуд. Ман ба сафир итминон додам, ки ин шиъорҳо иғвоангезу эҳсосотӣ ҳастанд ва зидди Омрико нестанд. Зидди Русия ҳам нест. Шиъори эҳсосотӣ ҳадафи ҷараён нест.

Чаро ҷонибҳои даргир натавонистанд ба мувофиқа бирасанд? Ихтилофи назарҳои аслӣ сари чи масъала буд?

Дар ҳар музокирот ҷонибҳо ба тавофуқ расида, аммо нерӯҳои паси парда суботи Тоҷикистонро намехостанд. Пас аз чанд соъати тавофуқ дар шаҳри Хоруғ нерӯҳои машкук даргириҳоро дар совхози "Туркманистон"-и вилояти Хатлон шурӯъ карданд. Агар нозирони байналмилалӣ ҳузур медоштанд, шояд ин ҳодиса рух намедод.

Қирғизистон мехост, ин вазифаро иҷро кунад. Феликс Қулов, муъовини раиси ҷумҳурӣ ва Медеткан Шеримқулов, раиси порлумони Қирғизистон дар он сол ду маротиба ба Тоҷикистон омада ва омодагии худро барои ворид кардани нерӯҳои посдори сулҳ ба Тоҷикистон эълом доштанд.

Аммо таҳти фишори Узбакистон ин амр иҷро нашуд. Баъдтар оқои Қулов ба иттиҳоми додани силоҳ ба мухолифони тоҷик зиндонӣ шуд.

Зимнан, Президент Набиев дар моҳи августи соли 1992 аз кишварҳои мустақилли муштаракулманофеъ даъват карда буд, ки нерӯҳои посдори сулҳи худро ба Тоҷикистон эъзом кунанд. Чаро ин даъват пазируфта нашуд?

Русия ва Узбакистон дар Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд давлатҳои калидӣ маҳсуб мешуданд. Агар ин ду кишвар розӣ мешуданд, ин кор анҷом мешуд. Ба андешаи ман, он замон Президент Раҳмон Набиев барои Русия ва Узбакистон фарди ғайриқобили эътимод буд.

Пас аз ворид шудани шибҳинизомиёни Ҷабҳаи халқ ба Душанбе мухолифони давлати Тоҷикистон ба кишварҳои дигар, бахусус Афғонистон, паноҳ бурданд. Тибқи гузоришҳо, дар замони муҳоҷират дар Афғонистон урдӯгоҳи муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Кундуз аз ҷониби ҷангандаҳои женерол Дӯстум бумборон шуд. Ба назари Шумо, ин ҳодиса тасодуфӣ буд ё ба дастури ҷонибе анҷом шуда буд?

Дар Афғонистон ҳудуди 100 ҳазор тан аз атбоъи тоҷик паноҳанда шуданд. Ҳама гурӯҳҳо дар Афғонистон, бо шумули женерол Абдурашид Дӯстум ба паноҳандагони тоҷик кумак карда ва амнияти онҳоро таъмин мекарданд. Аз ҷумла, женерол Дӯстум муҳоҷирони тоҷикро дар урдӯгоҳи "Сахӣ" ҷой карда буд.

Ҳамлаи ҳавоии ҷангандаҳои женерол Дӯстум ба урдӯгоҳи муҳоҷирон дар вилояти Кундуз барқасдона набуд. Ин дар ҷараёни даргириҳои женерол Дӯстуму Гулбиддини Ҳикматёр алайҳи гурӯҳҳои Бурҳониддин Раббонӣ буд. Дар натиҷаи ин ҳамла даҳҳо тан аз паноҳандагони тоҷик, бахусус занону кӯдакон, кушта шуданд.

Чи чиз ҷонибҳои даргири Тоҷикистонро водор карда, ки дар соли 1994 гирди мизи музокирот бинишинанд?

Ҳаводиси кишвари ҳамсояи Афғонистон чашмони моро боз кард. Дар ин кишвар чандин ҳизбу ҷунбишҳо бо номи ислом барои қудрат бо ҳам даргир буданд. Даҳшатҳои ҷанги Афғонистон мавзеъи моро тағйир дод.

Ҳанӯз дар баҳори соли 1993 ман, ки раҳбарии нерӯҳои мухолифонро дар дохили Тоҷикистон ба ӯҳда дошта ва дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон будам, сарҳанг Нироев, фармондеҳи воҳиди марзбонии Русия дар ин вилоят, хостори дидор бо банда шуд.

Мусоҳиба

Оқои Усмон мегӯяд, ки ҳоло аз сиёсат канор рафтааст

Ман ин даъватро пазируфтам. Мулоқот дар наздикии шаҳри Хоруғ баргузор шуд. Дар мулоқот сарҳанги дигаре ҳузур дошт, ки Нироев ӯро меҳмон аз Маскав муъаррифӣ кард. Сарҳанг Нироев гуфт, ки ба дастури Маскав мулоқот карда ва пурсид, ки оё имкони ҳалли сиёсии қазияи Тоҷикистон вуҷуд дорад?

Ман гуфтам, ки ҳалли сиёсии қазия на танҳо имконпазир, балки зарурӣ аст. Ташреҳ додам, ки зарари идомаи ҷанг барои Тоҷикистон ва Русия чи гуна аст.

Пас аз ду моҳ дар шаҳри Кобул мулоқоти Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди мухолифон, бо Евгений Примаков, раҳбари вақти Сервиси амниятии хориҷии Русия, анҷом шуд. Пас аз 6 моҳ дар шаҳри Маскав нахустин музокироти расмии ҳайъатҳои давлати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифон баргузор гардид.

Тасарруфи манотиқи шимоли Афғонистон аз ҷониби Толибон дар авосити даҳаи 1990 оё Иттиҳоди мухолифони давлати Тоҷикистонро дар тангно қарор дода буд?

Ҳамлаи ҷунбиши Толибон ба манотиқи шимоли Афғонистон, ки маҳалли урдӯгоҳҳои паноҳандагони тоҷик маҳсуб мешуд, ба тасреъи раванди сулҳи тоҷикон такон бахшид. Албатта, раванди музокироти тоҷикон бебозгашт буд, аммо ин ҳодиса муддати дастёбии ҷонибҳо ба сулҳро коҳиш дод.

Дар баҳори соли 1996, се моҳ қабл аз суқути Кобул ба дасти Толибон ману оқои Нурӣ бо Бурҳониддин Раббонӣ, Аҳмадшоҳ Масъуд ва Муҳаммад Фаҳим, мақомоти давлати вақти Афғонистон, дидори маҳрамона доштем.

Оқои Раббонӣ бо парда сӯҳбат кард. Гуфт, ки тоҷикон ба ҷуз тасреъи раванди сулҳ чораи дигар надоранд. Давлати Афғонистон мехоҳад бо Русия ва давлати Тоҷикистон равобити худро беҳбуд бахшад. Вале оқои Масъуд ба таври ошкор гуфт, ки бо Русия ва давлати Тоҷикистон тавофуқ шудааст, ки яке аз мо бояд қурбон шавад.

Оқои Масъуд гуфт, ки муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар ҳудуди Афғонистон боқӣ бимонанд, аммо пойгоҳҳои низомӣ ва афроди мусаллаҳи мухолифон хоки Афғонистонро бояд тарк кунанд. Ин ҷиддитарин фишор бар мо буд.

Дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон саҳми Эрон чи гуна аст?

Саҳми Эрон калон буд. Яке аз омилҳои наздик шудани Эрон бо Русия сулҳи Тоҷикистон аст. Ин амр Эронро дар масоили истротежик ба Русия наздик кард. Дар пайи талошҳо барои дастёбӣ ба сулҳ дар Тоҷикистон эътимоди Русия ба ин кишвар бештар шуд. Ҳамкории сиёсиаш тавсеъа пайдо кард.

Ба дунболи имзои Мувофиқатномаи сулҳи тоҷикон дар моҳи июни соли 1997 раванди идғоми нерӯҳои мухолифон ба сохторҳои низомию интизомии Тоҷикистон оғоз шуд. Дар ҷараёни идғом оё адами эътимоди тарафайн рафъ шуд?

Ин таърихи тӯлонӣ дорад. Пас аз имзои тавофуқи давлати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифон дар соли 1995 дар Хусдеҳи Афғонистон кумисиюни муштарак дар раъси Давлати Усмон ва Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, таъсис шуд.

Ин кумисиюн ихтилофи назарҳои ҷонибҳоро дар масоили мухталиф баррасӣ ва ҳал мекард. Ихтилофи назарҳо зиёд буданд, чанд бор хатари аз байн рафтани кумисиюн пайдо шуд.

Ин кумисиюн дар тӯли фаъъолияти яксолаи худ барои якҷошавии нерӯҳои ду тараф асос гузошт. Нобовариҳо то андозае рафъ шуд ва роҳро барои идғом боз кард.

Нерӯи низомии ҷангдида барои ҳар кишвар сармояи муҳим аст. Новобаста аз он ки аз мухолифон ё давлат буд. Ҳоло яке аз мушкилоти умдаи Тоҷикистон дар баробари ҳамсоягон заъфи қудрат аст. Агар он вақт ин сармоя ҳифз мешуд, фишори ҳамсояҳо ба ин ҳад вуҷуд намедошт.

Агар нерӯҳои ҷангдидаи низомию зеҳнию ботаҷрубаи мухолифон дар ниҳодҳои давлатӣ ҳифз мешуданд, ҳоло артиши Тоҷикистон қавитарин артиш дар Осиёи Марказӣ мебуд. Бо вуҷуди надоштани силоҳҳои ҷангии муъосир.

Масъулони давлати Тоҷикистон он замон барканории ҷангиёни Иттиҳоди мухолифони пешин аз артиш ва сохторҳои дигари интизомиро ба камбуди сармоя марбут хонда буданд. Аммо чаро лоақал кодрҳои ботаҷрубаи мухолифин дар сохторҳои давлатӣ боқӣ намонданд?

Ин иқдоми кӯтоҳандешонаи давлати Тоҷикистон буд. Агар ин ҳолат рух намедод, бӯҳронии феълии сиёсию иҷтимоъии Тоҷикистон пеш намеомад. Узбакистон бо фишорҳои худ Тоҷикистонро хафа мекунад. Аммо Тоҷикистон дар баробари ин фишорҳо на нерӯи қавӣ ва на якпорчагии воқеъӣ дорад.

Масъулони давлати Тоҷикистон иқдоми худ дар мавриди барканории намояндагони мухолифони пешин аз сохторҳои давлатиро тавзеҳ надоданд?

Кенҷаев

Ба назари оқои Усмон, интихоби Сафъаралӣ Кенҷаев ба симати раиси порлумон тавозуни симатҳо миёни манотиқи мухталифи кишварро ба ҳам задааст

Мо довталабона ва бо дасти худ силоҳамонро таслим кардем. Ин кор ба хотири сулҳу сабот ва ваҳдати миллӣ сурат гирифт. Зеро бақои ҳар давлат ба ваҳдату якпорчагӣ бастагӣ дорад.

Масалан, ҳудуди Куреи Ҷанубӣ 70 дар сади ҳудуди Тоҷикистон буда, маъодине ҳам надорад. Чаро Тоҷикистон мисли ин кишвар нест? Зеро дар Тоҷикистон ваҳдати воқеъии миллӣ вуҷуд надошт ва мо аз нерӯҳои мухталиф истифода накардем.

Ба унвони раиси Ситоди нерӯҳои мухолифони пешин аз сарнавишти ҷангиёни пешини мухолифон иттилоъ доред?

Бархе аз онҳо дар зиндон буда ва иддаи дигар барои дарёфти кор ба Русия рафтаанд. Нафарони зиёд дар дохили кишваранд аммо сарнавишташон рӯшан нест. Онҳо дар идораю муассисоти давлатӣ истихдом намешаванд. Ба қавле дар "феҳристи сиёҳ" ҳастанд.

Ин мавзӯъро намояндагони Иттиҳоди мухолифони пешин бо масъулони давлатӣ матраҳ накарданд?

Дар ибтидо Саид Абдулло Нурӣ зимни дидор бо Президент Раҳмон ин масоилро баррасӣ мекард. Вақте ба ин нерӯҳо эҳтиёҷ боқӣ намонд, матраҳ кардани ин мавзӯъ маънӣ надошт. Мулоқотҳои дуҷониба ва ҳатто равобити мухолифон бо давлат аз байн рафт.

Дар замони поёни кори Кумисиюни мусолиҳаи миллӣ дар соли 2001 пешниҳод шуда буд, ки ин кумисиюн дар шакли як шуъба барои равобити давлату мухолифон нигоҳ дошта шавад. Ин пешниҳод низ пазируфта нашуд.

Аз замони имзои мувофиқатномаи сулҳ дар соли 1997 то ба ҳол мухолифон танҳо як маротиба, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999 номзади худро пешниҳод карданд.

Ин амр навъе ҳарос аз пуштибонӣ наёфтани номзади мухолифон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст ё тавоноии рақобат надоштан бо Эмомалӣ Раҳмон?

Пӯшида нест, ки интихобот дар бештари ҷамоҳири шӯравии пешин солиму шаффоф нест, рақобати солим вуҷуд надорад. Ин амр ширкат дар интихоботро бемаънӣ месозад.

Аз ҷониби дигар, Иттиҳоди мухолифони пешин таҷзия шуда ва дигар ҳамчун нерӯи воҳид вуҷуд надорад. Ҳатто Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки худро вориси Иттиҳоди мухолифони пешин медонад, дар дохил мушкилоте дорад.

Ҳизби демукрот ва ҷунбишҳои "Растохез"-у "Лаъли Бадахшон", ки замоне узви ин иттиҳод буданд, ҳоло хеле заъиф шудаанд ё аслан фаъъолият намекунанд.

Шояд мухолифони пешин аз таҷрубаи талхи ширкати Шумо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1999 сабақ гирифтанд? Зеро пас аз интихобот Шумо аз симати вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон барканор шудед.

Тураҷонзода

Ба гуфтаи оқои Усмон, қарор буд оқои Тӯраҷонзода номзади раёсати ҷумҳурӣ шавад, вале ӯ розӣ нашудааст

Бохти мухолифон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1999 ба далели иштибоҳи раёсати наҳзати исломӣ рух дод, ки то лаҳзаҳои охирин интихоботро таҳрим карда, аммо рӯзи интихобот ин таҳримро шикастанд.

Ман ба унвони номзад дар интихобот дар ин бора хабар надоштам. Рӯзи интихобот аз хабарнигорон шунидам, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ дар китобхонаи Фирдавсӣ раъй додааст.

Ба ҳамин далел Шумо ҳизби наҳзатро тарк кардед?

Оре. Ман бо исрори Саид Абдулло Нурӣ, раҳбари вақти Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҳайси номзад дар ин интихобот ширкат кардам. Зеро қаблан тавофуқ шуда буд, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Акбари Тӯраҷонзода, муъовини раҳбари наҳзати исломӣ, номзад хоҳад шуд.

Аммо оқои Тӯраҷонзода қабул накард. Ман ба унвони муъовини раҳбари ҳизб наметавонистам дастури раҳбарро қабул накунам. Зеро мегуфтанд, ки "Шумо вазир шудеду аз ормонҳои ҳизб дур шудед". Ман, ки аз созмондиҳандагони ҳизби наҳзат будам, наметавонистам дастури ҳизбро напазирам.

Аммо вақте ки дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ раҳбарони ҳизби наҳзати исломӣ бо тақдири банда бозӣ карданд, ман ҳизбро тарк кардам.

Агар оқои Тӯраҷонзода номзади ҳизби наҳзат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ буд, чаро дар ҷаласаи ин ҳизб дар остонаи интихобот аз ҳамагон даъват кард, ки аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ кунанд?

Қабл аз бозгашт ба Тоҷикистон раёсати Наҳзати исломии Тоҷикистон Акбари Тӯраҷонзода, муъовини раҳбари ин ниҳодро, ба унвони номзади ягона дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999 пешниҳод карда буд.

Ду моҳ қабл аз интихобот ман бо Акбари Тӯраҷонзода бояд ба Маскав парвоз мекардам. Оқои Нурӣ маро ба наздаш хонд. Хеле асабонӣ буд. Гуфт, ки оқои Тӯраҷонзода аз ширкат дар интихобот имтиноъ меҷӯяд. Мо бояд як нафарро номзад кунем. Хоҳиш кард, ки субҳ қабл аз парвоз дар фурӯдгоҳ бо оқои Тӯраҷонзода ин мавзӯъро баррасӣ кунем.

Субҳ то лаҳзаи парвоз Акбари Тӯраҷонзода ба фурӯдгоҳ наомад. Дар ҳавопаймо бо оқои Тӯраҷонзода сари ин мавзӯъ баҳси тӯлонӣ доштем. Акбари Тӯраҷонзода бо далоил мегуфт, ки ҳамчун номзад дар интихобот ширкат намекунад.

Далелҳои ӯ мантиқӣ буданд. Мегуфт, ки бояд пуштибонии қавии молӣ дошта бошӣ. Агар тазмин шавад, ки пуштибонии қавии молӣ ва сиёсӣ мешавад, қабул дорад. Танҳо ширкат кардан ҳадаф нест. Шояд сабабҳои дигар низ буданд, ки аз ифшои онҳо худдорӣ кард.

24 сентябри соли 1999 вақте аз Маскав бозгаштам, оқои Нурӣ гуфт, ки номзадии ҳизб дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро ба ӯҳда гирам. Дар сӯҳбати як ба як бо Саид Абдулло Нурӣ гуфтам, ки "Шумо маро пешинҳод карда ва дар охир тасмиматон дигар мешавад."

Вай дасти худро ба ман дароз карда ва гуфт, ки ҳар тасмиме лозим аст, худи Шумо хоҳед гирифт. Ман розӣ шудам. Ҳарчанд дӯстону пайвандон розӣ набуданд ва мегуфтанд, ки инро ба гардан нагирам.

Вақти сабти номи Шумо ба унвони номзад мушкиле пеш омада буд. Ҳамин тур нест?

Бале. Иллаташ таъсиси як эътилофи кӯчак бо Султон Қувватов ва Сайфиддин Тӯраев ва ситоди муштарак буд. Зимнан, ин ду номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сабти ном нашуданд. Ин бонги хатар барои ҳукумат буд. Аз ин лиҳоз, сабти номи банда ба таъвиқ афтод.

Пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Шумо ҳизби наҳзатро тарк кардед. Шуморо аз ҳизб ихроҷ карданд ё худ довталабона рафтед?

Ҳанӯз қабл аз баргузории интихобот дар як нома ба раёсати Ҳизби наҳзат гуфта будам, ки ба далели иштибоҳот дар фаъъолияти раёсати ҳизб фаъъолиятамро дар раёсати он то замони бартараф шудани иштибоҳот қатъ мекунам. Аммо номаи ман баррасӣ нашуд.

Баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба ширкат дар интихоботи порлумонӣ дар феҳристи ҳизбӣ розӣ нашудам. Ҳарчанд дар ин феҳрист нафари аввал будам. Баъдан ба оқои Нурӣ гуфтам, ки "ман тасмим гирифтам, то ислоҳот дар ҳизби наҳзат аз фаъъолият дар ин ҳизб канорагирӣ кунам."

Оқои Нурӣ далели шикастани таҳрими интихоботро шарҳ надод?

Шарҳ дод, аммо намехоҳам сари ин мавзӯъ сӯҳбат кунам. Шояд дар оянда дар китоби хотироти худ ҷузъиёти ин мавзӯъро фош кунам.

Аммо он замон оқои Нурӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки танҳо ба хотири ҳифзи сулҳу сабот дар Тоҷикистон таҳрими интихоботро шикастааст.

"Акбари Тӯраҷонзода бо далоил мегуфт, ки ба ҳайси номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат намекунад. Далелҳояш мантиқӣ буданд. Мегуфт, ки бояд пуштибонии қавии молӣ дошта бошӣ. Агар тазмин шавад, ки пуштибонии қавии молӣ ва сиёсӣ мешавад, қабул мекунад. Танҳо ширкат кардан ҳадаф нест. Шояд сабабҳои дигар низ буданд, ки ӯ аз ифшои онҳо худдорӣ кард."

Давлати Усмон

Аҷаб. Агар мо хостори сулҳу субот будем, чаро дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат карда ва ба далели нақзи Қонуни интихобот онро таҳрим кардем? Ҳадаф аз ширкат дар ин интихобот гузоштани хиштҳои аввали рақобати солими сиёсӣ буд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999 зинаи аввал барои эҷоди фазои рақобати солими сиёсӣ маҳсуб мешуд. Рақобати солими сиёсӣ эҷоди саботи солим ва устувори сиёсии кишвар аст.

Ҳоло бо Ҳизби наҳзати исломӣ робита доред?

Робитаи сиёсӣ надорам. Дар тадобири сиёсии ҳизб ширкат намекунам. Зеро ман аз сиёсат канор рафтаам.

Шумо аз поягузорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳастед. Оё аз ҳамон оғоз дар Ойинномаи ҳизб ба бунёди давлати исломӣ дар Тоҷикистон ба унвони ҳадафи аслии ҳизб таъкид шуда буд?

Ҳар ҳизбе, ки бо як идеулужӣ ва ақида дар саҳнаи сиёсӣ зуҳур мекунад, бояд ҳадафҳои рӯшан дошта бошад. Ҳадафи мо давлати исломист, аммо тасмимро мардуми Тоҷикистон мегирад.

Агар мардуми Тоҷикистон аз лиҳози ақидатӣ омода шуд, аз тариқи ҳамапурусӣ Қонуни асосӣ ислоҳ мешавад. На ба зӯр. Агар Ҳизби наҳзати исломӣ ба қудрат ҳам расид, имкони тағйири низомро надорад.

Масалан, ҳоло дар Миср аҳзоби исломӣ дар интихобот 75 дар сади раъйро соҳиб шуданд. Аммо низомро тағйир надоданд. Аввал ҳамапурсӣ бояд анҷом шавад.

Ҳоло ин асл дар Ойиномаи ҳизби наҳзати исломӣ боқӣ мондааст?

На. Ҳоло вуҷуд надорад.

Соли оянда дар Тоҷикистон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд. Ба назари Шумо, аз Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин интихобот номзаде ширкат мекунад?

Дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар соли 2010 давлат ваъда дода буд, ки интихоботи озод ва шаффофро тазмин мекунад. Аммо дарвоқеъ чунин нашуд. Ман дар интихобот ширкат доштам. Прутукулҳои ҳавзаҳои интихоботӣ дар дасти ман ҳаст. Бар асоси онҳо, ман беш аз 50 дар сади ороро соҳиб шуда ва баранда шуда будам.

Агар дар интихоботи соли оянда низ чунин вазъият бошад, ҳеч ҳизби бонуфузи сиёсӣ дар он ширкат нахоҳад кард. Дар сурати баргузории интихоботи озод на танҳо ҳизби наҳзати исломӣ, балки аҳзоби дигар низ ширкат хоҳанд кард.

Тайи чанд соли ахир ба ҳангоми таҷлил аз Рӯзи ваҳдати миллӣ мухолифон мақомоти давлатиро ба ин муттаҳам мекунанд, ки аз нақши онҳо дар сулҳ аслан ёдоварӣ намекунанд ва танҳо Президент Раҳмонро оварандаи сулҳ ҷилва медиҳанд. Назаратон дар ин бора чист?

Дар ин гуна маҳофил на танҳо аз мухолифони пешин ёдоварӣ намешавад, балки намояндагони он ҳамчун ҷониби сулҳ ба маҳофил даъват намешаванд. Вале ба ин ҳодиса чандон таваҷҷӯҳе намекунем. Мо ба хотири сулҳ ва якпорчагии кишвар хидмат кардем. Дар оянда таърих ҳарфи худро хоҳад гуфт.

Сулҳ аз соли 1997 то соли 2002 буд. Ҳоло хатм шудааст. Мегӯянд, ки аз таҷрубаи сулҳи тоҷикон истифода кунед. Аз кадом таҷруба? Таҷрубаи кулоҳгузории давлат бар сари мухолифонро ҳеч кишваре қабул надорад.

Сипос.


bbc


Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 2068
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 01:13
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024