Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Кадом зан аст, ки номаш дар Қуръон зикр гардидааст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 394



Теги

Дӯстон






Донишмандони ғарб ҳақиқати Қуръонро дарк карданд




Мутаасифона имрўзҳо бархе аз худмусалмоннамоҳо аз Қуръоне, ки саршор аз ахлоқиёт ва оятҳои ба роҳи рост барандаи башар аст ва инчунин эҷодкунандаи муҳаббату сулҳ миёни онҳост суи истифода намуда ин китоби муқаддаси осмониро дар назди дигарон бад тарсим мекунанд. Гуё ин китобест, ки инсонро бо ваъдаи ворид шудани ба ҷаннат ба мардумкушию худҳалоккунӣ тарғиб мекунад, дар ҳолеки худи ин китоб аз худкушӣ ва ҳалок кардани дигарон барҳазар дошта наҷот додани як фардро ба дараҷаи наҷот додани тамоми мардум ва қатли як фардро баробар ба қатли тамоми мардум нишон дода аст. Чунончи дар қисмате аз ояти 32 сураи Моида омадааст:

«…ҳар кас каси дигареро на ба қасоси қатли касе ё иртикоби фасоде дар рўи замин бикушад, чунон аст, ки ҳамаи мардумро куштааст. Ва ҳар кас, ки ба ў ҳаёт бахшад, чун касест, ки ҳамаи мардумро ҳаёт бахшида аст…»

Зарбулмасали англисиеро, ки мавриди зикр аст мехоҳам ёдовар шавам:

 

«The Satan can cite scriptures for his purpose»

Шайтон метавонад китобҳои муқаддасро ҳам ба ғарази худ таъвил кунад.

Яъне вуҷуди чунин шахсонро дар миёни мусалмонон дида мешавад, ки ба ҳақиқати маонии Қуръон нарасида бархе аз оятҳои Қуръонро барои расидан ба ҳадафҳои шуми худ таъвил мекунанд. Дар ҳолеки ин китоб мардумро ба сўи

 

-илм,

-маърифат,

-муҳаббат,

-сулҳ ва ваҳдат,

-тафаккур дар офариниши ҳама ҳастӣ ва пешрафти иҷтимоии мардум фаро мехонад.

Ҳақиқат ва маонии Қуръонро бештар касоне пай бурдаанд, ки дар яке аз ҷанбаҳои улум ба ҷое, ки Қуръон аз он хабар дода аст расидаанд, ва бар хусус донишмандони ғарбӣ . Ва хушбахтона рўз ба рўз шумораи касоне, ки пас аз таҳқиқ дар бораи Қуръон ба дини Ислом мепайванданд, бештар ва бештар мегардад ва дар ҳоли афзоиш аст. Ин гуна ашхос бидуни таваҷҷўҳ ба чигунагии мусалмонони имрўза, бо таваҷҷўҳ ба ҳақоиқи шугуфтангези Қуръон ба ҳаққонияти дини ислом пай бурдаанд ва мебинем, ки аз инсоф кор гирифта иддае аз бузургтарин донишмандон ва муҳаққиқони ғарбӣ дар баробари ин ҳақиқат даст боло кардаанд ва теъдоди дигаре ҳам бе чуну чаро ислом мепазиранд, чунончи инҷо чанде аз гуфтаҳои донишмандон ва муҳақиқони ононро зикр менамоем:

Наполеон Бонапарт:

Императори Фаронсавӣ.

Умедворам он замон дур набошад, ки ман битавонам ҳама донишмандони ҷаҳонро бо якдигар муттаҳид кунам то низоме якнавохт, фақат бар асоси усули Қуръони маҷид, ки асолат ва ҳақиқат дорад ва метавонад мардумро ба саодат бирасонад, тарсим кунам. Қуръон ба танҳои уҳдадори саодати башар аст.

Гёте:

Шоир ва нависандаи маъруфи Олмон.

Кашишон (руҳониёни масеҳӣ)-и худобехабар солҳои дароз моро аз пай бурдан ба ҳақиқатҳои қуръони муқаддас ва азаматоварандаи он дўр нигаҳ доштанд, аммо ҳар қадар, ки мо қадам дар ҷодаи илм ва дониш гузоштем ва пардаи таасубро дарондем, бузургии аҳкоми муқаддаси Қуръон, буҳт ва ҳайрати аҷибе дар мо эҷод намуд. Ба зудӣ ин китоби тавсифнопазир меҳвари афкори мардуми ҷаҳон мегардад!

 

Ва низ мегуяд: агарчи мо ҳамвора аз Қуръон рўй мегардонем ва дар ҳамон марҳалаи аввал аз он изҳори танаффур мекунем, аммо он хеле зуд моро ба сўи худ ҷазб карда ва шугуфтзада менамояд ва дар ниҳоят моро водор мекунад, ки дар муқобили он сари таъзим ва эҳтиром хам кунем. Сабк ва услуби Қуръон ва ҳамоҳангӣ ва тавофуқи он бо муҳтаво ва ҳадафи уствор, бисёр олӣ ва бошукуҳ, бо ҳайбат ва сарсомоварӣ ва дорои рафъати ҳақиқӣ ва абадӣ аст… Аз ин рў ин китоб дар тамоми замонҳо таъсири неруманд аз худ ба ҷой мегузорад.

Алберт Эйнштейн.

Қуръон китоби ҷабр ё ҳандаса нест, маҷмуае аз қонунҳоест, ки башарро ба роҳи дуруст, роҳе, ки бузургтарин донишмандон ва файласуфони ҷаҳон аз таъриф ва таъйини он оҷизанд, ҳидоят мекунад.

Вэйл Дронт:

Донишманди шарқшиноси амрикоӣ.

Дар Қуръон қонун ва ахлоқ яке аст, рафтори динӣ дар Қуръон шомили рафтори дунявӣ ҳам мешавад ва ҳама умури он аз ҷониби Худо ва ба тариқи ваҳй омада аст. Қуръон дар ҷонҳои сода ақоиди осон ва дур аз ибҳом падид меоварад, ки аз русум ва ташрифоти нораво озод аст.

Профессор Артур Орбрей:

Тарҷумони машҳури Қуръон ба забони англисӣ.

Замоне, ки ба поёни тарҷумаи Қуръон мерасидам, дар ниҳояти парешонӣ ба сар мебурдам аммо ин китоб ончунон оромишхотирӣ ба ман бахшид, ки барои ҳамеша ба хотир хоҳам дошт. Ман дар ҳоле, ки мусалмон нестам Қуръонро хондам то онро дарк кунам ва ба тиловати он гўш додам то маҷзуби оҳангҳои нофиз ва муртаишкунандааш шавам ва таҳти таъсири оҳангаш қарор гирам ва ба тарзе, ки мусалмонони воқеӣ ва нахустин доштанд, наздик гардам то онро бифаҳмам.

Толстой:

Нависандаи шинохта ва машҳури Рус.

Ҳар кас, ки бихоҳад содагӣ ва бепироягии исломро дарёбад, бояд қуръони маҷидро мавриди мутолиа қарор диҳад. Дар Қуръон қавонин ва таълимоти ҳақиқӣ ва аҳкоми осон ва сода барои умум баён шудааст. Оёти Қуръон ба хубӣ бар мақоми олии ислом ва покӣ руҳоварандааш гувоҳӣ медиҳад.

Вейл Дронт.

Дар Қуръон қонун ва ахлоқ яке аст, рафтори динӣ дар Қуръон шомили рафтори дунявӣ низ ҳаст ва ҳамаи умури он аз ҷониби Худованд ваҳй шудааст.

Доктор Ҳенрӣ Курбан.

Исломшиноси маъруфи Фаронса.

Агар Қуръон хурофӣ буд ва аз ҷониби Худо набуд ҳаргиз ҷуръат намекард, ки башарро ба илм ва тааққул ва тафаккур даъват кунад. Ҳеҷ андешае ба андозаи Қуръони Муҳаммад (с) инсонро ба дониш фаро нахонда аст то онҷо, ки наздик ба нуҳсаду панҷоҳ бор дар Қуръон, аз илму ақл ва фикр сухан рафта аст.

Эрнест Ранон:

Файласуфи маъруфи Фаронса.

Дар китобхонаи ман ҳазорон ҷилд китоби сиёсӣ, иҷтимоӣ, адабӣ ва ғайра вуҷуд дорад, ки ҳар кадоми аз онро бештар аз як бор нахондаам, аммо инҷо як китобе ҳаст, ки ҳамеша муниси ман аст ва ҳар вақт хаста мешавам ва мехоҳам дарҳои аз маонӣ ва камол ба рўям боз шавад, онро мутолиа мекунам, ин китоб Қуръон- китоби осмонии мусалмонон аст.

 

Ва низ мегўяд: агар касе хоста бошад ба китобе, ки аз осмон нозил шуда аст имон оварад, он китоб фақат Қуръон аст, зеро китоби дигари осмонӣ имтиёзотӣ Қуръонро надоранд.

Жон Жок Руссу:

Мутафаккир ва равоншиноси машҳури фаронсавӣ.

Баъзе аз мардум аз он, ки миқдори каме арабӣ ёд гирифтанд, Қуръонро хонда аммо дуруст дарк намекунанд. Агар мешуниданд, ки Муҳаммад (с) бо он каломи фасеҳ ва оҳанги расои арабӣ онро мехонд, ҳар оина ба саҷда меафтоданд ва нидо мекарданд: эй Муҳаммади азим! дасти моро бигир ва ба маҳалли шараф ва ифтихор бирасон. Мо ба хотири ёрии ту ҳозирем, ки ҷони хешро фидо созем.

Риту Банурт.

Улуми табии ва фалакӣ ва фалсафа аз Қуръон иқтибос шудааст ва уламо мадюни Қуръон ҳастанд.

Томас Корлел.

Қуръон асоси ташриъ барои ҳар замон ва макон ва сарчашмаи аҳкоми қазои ва қонуни муттабаъ дар умури зиндагӣ буда ва роҳи зиндагии саодатмандонае барои пайравони худ равшан месозад. Яке аз мазоёи Қуръон, ки диққати он боиси даҳшат ва эъҷоби ман шудааст, ин аст, ки дар ҷумлаҳои кўчак ба баъзе аз ҳақоиқи бузург ишора намудааст.

 

Дар таҳияи

Абдулҳаннони Абдурраҳмон

www.wasatiyat.tj

www.wasatiyat.tj


Маълумот
Шӯъба: Сомона
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 594
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 15:46
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024