Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Муъҷизаҳои Мусо (а) кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 319



Теги

Дӯстон






Фармони 32-20 дар ъамал: Муаллимии мактаб танҳо барои аъзои ҲХДТ?





Пешгуфтори сомона

Баъди хондани мақолаи мазкур кас беихтиёр дар бораи Протоколи ҷаласаи махфии ҳукумат, ки гирду атрофи он баҳсу мунозираҳо, тахминҳову шубҳаҳо дар бисёр гӯшаву канори ҷаҳон, аз Маскав то Душанбе ҳанӯз хотима наёфтаасту мавҷудияти онро зимомдорон рад мекунанд, меандешад…Бисёр менависанд, ки дар деҳот муаллим, махсусан, муаллими забони русӣ намерасад, аммо директори мактаб бо супориши раиси ноҳияи Исфара гуфтааст, муаллимоне, ки аъзои Ҳизби наҳзат мебошанд, аз мактаб ронда шаванд.

Вой бар ҳоли раисе, ки дидаву дониста, қонунро вайрон мекунад! Ва агар чунин бошад, беихтиёр саволе пайдо мешавад, ки дар мактаб танҳо аъзои Ҳизби халқӣ-демократӣ дарс гуфта метавонанд? Ҳол он ки танҳо ва танҳо суд метавонад дар сурати хилофи қонун фаъолият кардани муаллим, ӯро аз дарсдиҳӣ маҳрум кунад, аммо на директор, на мудири маориф ва на раиси ноҳия. Беҳтараш, худатон хонеду қазоват кунед.

«Насиҳат»- и мақомот: «Аз ҲНИТ хориҷ шав»

Директори МТМУ № 28- и деҳаи Чоркӯҳ, Мақсудҷон Додохонов дар таърихи 30- юми январ узви фаъоли ҲНИТ, муаллими фанни забон ва адабиёти рус Содиқҷон Почоевро ба утоқи корӣ даъват намуда, дар ҳузури омӯзгорон Ҳ. Аюбов,  У. Абдулхӯҷаев ва А. Тағоев таъкид мекунад, ки аз ҳизб хориҷ шавад ё аризаашро оиди аз кор рафтан нависад, зеро амри ҳокими шаҳр чунин будааст… Аммо чун Почоев талаби маъмурият ва ‘’насиҳат‘’- и ҳамкоронро рад мекунад, онҳо мегӯянд, ки ин ҳама "насиҳати маслиҳатомез" аст, яъне «гап байни худамон монад».

Муаллим Почоев тааҷҷуб дорад, ки раиси нави ноҳия, ки дар вохӯрӣ бо фаъолони ноҳия оиди ҲНИТ суханони нек гуфту сулҳро қадрдонӣ намуд, наход дар маҷлисҳои корӣ бо дигар забон сухан гуфта бошад? Ё эҳтимол директори мактаб супориши кадом раиси дигарро дар назар дошт? Супориши даҳонии кадом як масъули ноҳиявӣ баъди таътили зимистонаи имсола нигаронии омӯзгорони макотиби ноҳияи Исфараро афзуда аст. Ин дар ҳолест, ки ба фаъолияти омӯзгор, бахусус ба мавқеи сиёсии ӯ, дахолат кардан зидди қонун аст.

Кушишҳои мақомот барои тазъифи ҲНИТ дар Исфара

Ба ибораи дигар нуфузи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара мухолифони сиёсиашро ба ташвиш овардааст. Иштироки фаъоли мардуми ноҳия дар раванди сиёсию иҷтимоии зиндагӣ, эҳтиром нисбат ба арзишҳои динӣ, ҷонибдорӣ аз ҳаққу ҳуқуқи мусалмонон, ҳимоя аз мавқеи пешвоёни дин ва касби бештари раъйи мардум дар интихоботҳо пайваста бадбинону бадхоҳони ҲНИТ- ро ба ғазаб меорад, ки чаро ин мардум «ҳизббозӣ» мекунанд?

Шукри Офаридагор, мардуми Исфара, бахусус сокинони ҷамоати Чоркӯҳ ҳанӯз дар замони Шӯравӣ дар роҳи имондорӣ садоқат нишон медоданд ва ба ҳар гуна фишору зӯргӯиҳо тоб меоварданд, то аркони дини мубораки Исломро риоя намоянд. Алъон ҳам, мардуми ҷамоат барои аз даст надодани ҳуқуқи шаҳрвандии худ мубориза мебаранд. Вале айни замон чунин шуда, ки собиқ шогирдон ва мансабдорони ҳозира нисбат ба устодони хеш беэҳтиромӣ зоҳир  менамоянд…

Шогирди нохалафе дар як маҷлис алайҳи наҳзатиён сухан ронда, густариши нуфузи ҳизбро дар ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва атрофи он ба фаъолияти омӯзгорон муртабит донистааст. Ин фарди аз дилу дидаи мардум дур, ки ба сад найранг курсичаеро соҳиб шудаву барои боқӣ мондани худ дар курсии мансаб аз гуноҳе ё тӯҳмате рӯй наметобад, ниҳоят муаллимонро асоси ривоҷ ёфтани нуфузи наҳзат дар минтақа маънидод кардааст. Ростӣ, мақоми муаллим дар ҳар давру замон ва дар ҳар ҷою макон ба сабаби баланд будани эътибори касбӣ мавриди эҳтиром аст, аммо назди мансабдорони мо эътибори устодон танҳо дар суханрониҳо ва зоҳирпарастиҳо асту бас!

Ихроҷи муаллимон аз мактабҳо ба сабаби мансубияти ҳизбӣ

Солҳост, ки муаллимони ҷавон дар мактабҳои деҳоти ноҳия бо сабаби бад будани вазъи иҷтимоӣ, ҳавасманд накардани онҳо бо ҷойи зист ё имтиёзҳои дигар касби омӯзгориро як сӯ гузошта, маҷбуран барои таъмини оила аз мактаб дур шудаанд. Натиҷаи ҳамин хунукназарӣ буд, ки имрӯз дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ аз ин деҳот пайдо кардани донишҷӯён хеле душвор гаштааст. Магар ин мушкилии соҳаи таълиму тарбия кам буд, ки хилофи қонунгузории кишвар ва беэҳтиромӣ ба шахсият ва ақидаи сиёсии муаллим дар мактабҳо мансубияти муаллимон ба кадом ҳизби сиёсӣ мавриди пурсиш ва ё худ фишор қарор гирифтааст?

Баъди таътили зимистона ё худ баъди иваз шудани раиси ҳукумати ноҳия нахустин ҳафтаи кории сарварони макотиб дар Чоркӯҳ бо бақайдгирии ҳизбиён, бахусус тарсонидани омӯзгорони наҳзатӣ шурӯъ шуд. Ду директори мактаб дар Чоркӯҳ, ки аз зикри номашон худдорӣ менамоем, иброз намуданд, ки ҳукуматдорон хориҷ кардани аъзои ҲНИТ- ро аз мактаб талаб кардаанд ва дар қиболи ин гуфтаанд, аз ҳисоби омӯзгороне, ки узви ягон ҳизб нестанд, сафи аъзои ҳизби ҳоким- ҲХДТ зиёд карда шавад.

Аҷиб аст, зеро ҳама таҳдидҳо, ки аз як амали хилофи қонун беш нестанд, ба тариқи шифоҳӣ анҷом пазируфтаанд. Вақте кас аз онҳо пурсон шавад, ки хаттӣ будани супоришро нишон диҳанд, ҳатман канораҷӯӣ мекунанд. Супориши ихроҷи узви фаъоли ҲНИТ, муаллими фанни забон ва адабиёти рус Содиқҷон Почоев, ки дар боло зикр кардем яке аз хилофкориҳо буда далолат ба эҳтиром нагузоштани мақомоти маҳаллӣ ба ҳуқуқи шаҳрвандон мекунад.

Охирсухан

Пӯшида нест, ки дар макотиби Чоркӯҳ шахсиятҳое чун устод Эшонов ва муаллимаи пешқадам Манзурахон Ҳоҷиева баринҳо кор мекунанд, ки аъзои ҲНИТ буда, миёни ҳамкорон ва аъзои ҳизб, умуман, дар ҷомеа соҳибэҳтироманд. Мутмаин ҳастам, ки ҳар куҷое чунин одамҳо ҳузур дошта бошанд, ба ҳамнишинон таъсири мусбат хоҳанд расонид, чунки онҳо устодони ҷомеасозанд ва ба ҳамин хотир аст, ки аҳли ҷамоат нисбати эшон эҳтиром қоил аст.

Аз ин лиҳоз, набояд аъзои ҲНИТ- ро аз ҷомеа ҷудо намуда нисбат ба эшон шубҳа дошт, зеро ҳамаи онҳо низ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанду мисли аъзои дигар аҳзоби сиёсии кишвар ва гузашта аз ин ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқ ба ҷойи кору эътиқоди сиёсӣ доранд. Пас, чаро онҳоро аз ҷомеа ҷудо бояд кард ва нисбати эшон ҳуқуқпоймолкуниро раво дид?



Ҷамил Солеҳ

Ноҳияи Исфара, вилояти Суғд

«Наҷот»

nahzat


Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 791
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 23:06
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024