Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Дарозтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:// javascript://
Âñåãî îòâåòîâ: 482



Теги

Дӯстон






Идомаи даргириҳо дар пойтахти Афғонистон



Ҳамлаҳо дар Гардезу Ҷалолобод хунсо шуда, вале даргириҳо дар Кобул ва Пулиолам ҳанӯз идома дорад.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, нирӯҳои амниятӣ ҳамлаҳои ҷангиён дар Гардезу Ҷалолободро баргардонданд, вале даргириҳои пароканда дар Кобул ва Пулиолам ҳанӯз маҳор нашудааст. Имрӯз чанд шаҳри Афғонистон, бо шумули Кобул ҳадафи ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи чирикиҳо қарор гирифт.

Як сухангӯи Толибон гуфт, ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи имрӯзаро Толибон дар ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои дигари чирикӣ анҷом додааст. Аммо Лутфуллоҳ Машъал, сухангӯи идораи амнияти миллии Афғонистон гуфт, таҳқиқоти аввалия ҳокии даст доштани шабакаи чирикии дар Покистон мустақарбудаи Ҳаққонӣ дар ин ҳамлаҳост.  Ӯ афзуд, дар шимоли кишвар аз як сӯъиқасд ба ҷони Абдулкарим Халилӣ, ноиби раисиҷумҳури Афғонистон низ ҷилавгирӣ кардаанд. 


Афроди мусаллаҳ имрӯз дар се нуқтаи шаҳри Кобул бо нерӯҳои амниятии афғон даргир шуданд. Аз ҷумла гузоришҳо аз даргирӣ миёни нерӯҳои амниятӣ ва ҳамлагарон дар дохили як меҳмонхонаи панҷситорадор мерасад. Тибқи охирин хабарҳо, ин даргирӣ дар чаҳорроҳии Занбақи шаҳри Кобул идома дорад ва ҷузъиёти дақиқ дар мавриди ин ҳодиса то кунун маълум нест.


​​Аз ҷониби дигар, як мақоми афғон ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки бинои парлумони Афғонистон дар минтақаи Вазир Акбархон ва сафорати Русия дар наздикии парлумон низ ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ қарор гирифтааст.


Дар ҳамин ҳол масъулони амниятӣ дар вилояти Лугар, дар шарқи шаҳри Кобул мегӯянд, афроди мусаллаҳ дар маркази ин вилоят дохили як бино шуда ва ба чаҳор тараф тирандозӣ мекунанд. Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки ҳуҷумкунандаҳо дохили Раёсати маъдани вилоят сангар гирифта ва қароргоҳи нерӯҳои эътилоф ва идораҳои давлатиро ҳадаф қарор медиҳанд.


​​

Ҳамзамон гузоришҳо мерасанд, ки шуморе аз афроди мусаллаҳ вориди як бино дар Гардез - маркази вилояти Пактиё шуда ва бо нерӯҳои амниятӣ даргир ҳастанд. Гуфта мешавад чанд шахси интиҳоркунанда дохили хобгоҳи донишҷӯён шуда ва аз онҷо ба нерӯҳои амниятӣ тирандозӣ кардаанд.

​​Дар айни замон гузоришҳои расида аз шаҳри Ҷалолобод, аз вуқӯъи таркиш дар дафтари идораи бозсозии вилоятӣ ҳикоят мекунад. Аҳмад Зиё Абдузай, сухангӯи волии Нангарҳор ин ҳодисаро таъйид карда, аммо аз ироаи тафсилот худдорӣ намудааст.


Гурӯҳи Толибон масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш гирифтааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, ки худашро сухангӯи Толибон муаррифӣ кард, дар сӯҳбат бо бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки афроди онҳо сафорати Бритониё, маркази нерӯҳои байналмилалӣ дар Кобул, бинои парлумон, марокизи гурӯҳҳои бозсозии вилоятӣ дар Лугар ва Нангарҳорро ҳадаф қарор додаанд.


Теъдоди дақиқи талафоти аз ин ҳамлаҳо то кунун маълум нест.

ozodi

Маълумот
Шӯъба: Ҷаҳон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 259
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 20:28
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2017