Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Кӯтоҳтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 514



Теги

Дӯстон






Кушта шудани чаҳор "узви ҶИӮ" дар Исфара



Исфара

Ноҳияи Исфара аз манотиқи нисбатан пешрафта ва санъатии Тоҷикистон маҳсуб мешавад

Пулиси Тоҷикистон аз кушта шудани чаҳор нафар, ки мегӯяд аъзои Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон будаанд ва боздошти як нафари дигар дар шимоли кишвар хабар дод.

Ин ҳодиса шоми рӯзи якшанбеи 18 октябр дар пайи як амалиёти вижаи нерӯҳои интизомӣ ва марзбонии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Исфараи вилояти Суғд рух додааст.

Ҳамчунин дар маҳалли ҳодиса миқдори зиёди аслиҳа кашф ва мусодира шудааст. Гуфта мешавад дар ин ҳодиса як нафар пулис аз ҷумлаи ОМОН ё гурӯҳи вижаи бахши пулиси вилояти Суғд захмӣ шудааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд “афроди кушташуда ва як нафар, ки боздошт шуд, аз ҷумлаи аъзои гурӯҳе ҳастанд, ки дар ҳафтаи гузашта аз вуруди онҳо ба қаламрави Қирғизистон гузоришҳо пахш шуда буданд.”

Оқои Асадуллоев афзуд, ки зимни боздошт ин афрод "бо истифода аз силоҳ муқовимат карданд ва маъмурони интизомӣ ночор буданд алайҳи онҳо низ аз силоҳ истифода кунанд. Вай афзуд: “Ҳоло маъмурони интизомӣ ва амниятӣ машғули таҳқиқи ин ҳодиса ва асомии афроди кушташуда ҳастанд.”

Манобеъи пулиси Тоҷикистон аъзои ин гурӯҳро дар қатли Саидумар Саидов, раиси бахши кофтукови ҷиноии пулиси ноҳияи Исфара, ки дар авосити моҳи сентябр рух дод, мазнун медонанд. Қаблан пулиси Тоҷикистон эълом карда буд, ки асомии афроди мазнун дар ин ҳодисаро дар ихтиёр дорад.

Ин дар ҳолест, ки манобеъи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон иддаъо доштанд, ки рӯзи 14 октябр як гурӯҳи даҳнафарии мусаллаҳ аз марзи Тоҷикистон убур карда, ба сӯйи посгоҳи марзии мавсум ба Кӯктоши Қирғизистон гулула шилик карданд.

Гуфта мешуд, ки ин афрод дар пайи таъқиби нерӯҳои интизомии Тоҷикистон вориди қаламрави Қирғизистон шуданд ва “ин гурӯҳи ҷинойие буда ва ба ҳаракат ва ё ҷунбишҳои исломие рабт надорад.”

Вале, Раёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи шанбеи 17 октябр бо пахши як баёния изҳор дошт, ки “ҳеч як мавриди убур аз марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мушоҳида нашудааст.”

Бо ин вуҷуд, масъулони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки “барои мушаххас кардани ин ҳодиса бо ҳамтоёни қирғизи худ ба табодули итилоъот пардохтаанд.”

Рӯзи якшанбеи 18 октябр нерӯҳои марзбонии Қирғизистон хабар доданд, ки ин гурӯҳ вориди деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара шудаст. Ҳамчунин, гуфта мешуд, ки чун ин деҳа бахше аз қаламрави Тоҷикистон маҳсуб мешавад, онҳо наметавонанд барои боздошти ин гурӯҳ ба ин русто ворид шаванд.

Вале, эълом шуда буд, ки нерӯҳои марзбонии Қирғизистон дар атрофи ин русто ҳастанд ва роҳҳои фирори ин гурӯҳро таҳти назорати худ қарор додаанд. Ҳамчунин, гузориш шуда буд, ки дар робита бо ин ҳодиса Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон муроқибат аз марзҳои худ дар ин минтақаро тақвият додаанд.

Ҳамакнун рӯшан шуда, ки алорағми изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, нерӯҳои интизомӣ ва амниятии ин кишвар дар бораи ин гурӯҳ иттилоъ дошта ва машғули тадобири боздошти онҳо будаанд.

Ба ин далел, ҳадс зада мешавад, ки мумкин аст изҳороти ахири нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин робита ба хотири гумроҳ сохтани аъзои ин гурӯҳ сурат гирифта бошад.

Зимнан, ноҳияи Исфара аз манотиқе дар шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки нуфузи исломгароён он ҷо бештар маҳсус аст. Теъдоди бештари афроде, ки ба иттиҳоми узвият дар ҶИӮ ва “Байъат” дар Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ шуданд, аз ҷумлаи сокинони ин минтақа ҳастанд.

Манобеъи расмӣ мегӯянд, ки аз соли 1997 ба ин сӯ узвияти 84 нафар сокини ин ноҳия дар ҶИӮ ошкор шуда ва беш аз 40 нафари онҳо боздошт ва муҷозот шудаанд.

Рӯзи ҷумъаи гузашта додгоҳи вилояти Суғд панҷ нафар аз афродеро, ки аъзои дигари Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон хонда шуданд, аз 7 то 11-солӣ ба зиндон маҳкум кард. Анвар Қаюмов, раҳбари ин гурӯҳ, ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистонро кишварҳои минтақа ва Омрико як гурӯҳи терруристӣ медонанд, ки бо Толибон ва созмони Алқоъида рабт дорад. Тибқи гузоришҳо, аъзо ва пайравони ин гурӯҳ дар даргириҳои Толибон бо нерӯҳои давлатӣ ва байналмилалӣ дар Афғонистону Покистон ширкат доштаанд.

Дар авоили моҳи октябр мақомоти покистонӣ аз кушта шудани Тоҳири Юлдош, раҳбари ин гурӯҳ дар як ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини Омрико дар Покистон хабар дода буданд.

bbc


Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 1041
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 21:21
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024