Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Сайид ва пешвои қориён кист?
javascript:// javascript://
Âñåãî îòâåòîâ: 276



Теги

Дӯстон






Муколамаи Ғарб ва ислом имконпазир аст?



http://wscdn.bbc.co.uk/worldservice/assets/images/2012/02/21/120221114658_tj_meeting304.jpg

Баҳси нақши ислом дар равандҳои ҷомеъаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як конфаронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе коршиносонро дар қутбҳои мухолиф қарор дод.

Вулф Лаппинс, ҳамоҳангсози минтақавии Сандуқи Эберти Олмон дар ин конфаронс рӯзи сешанбеи 21 феврал, дар конфаронси байналмилалии "Рушди ислом дар Осиёи Марказӣ: тамоюлоти ҷадид, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо” дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар соли 2001 дар минтақаи Осиёи Марказӣ исломи сиёсӣ буруз карда ва домани он дар ҳоли густариш аст.

Удо Штейнбах, коршиноси масоили мазҳабӣ дар Олмон низ таъкид кард, дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз миён рафтани идеулуҷии куммунистӣ дар Осиёи Марказӣ халоъи идеулуҷӣ пайдо шуда, баъдан ин халоъро идеулуҷии исломӣ пур кардааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар посух ба таъкиди коршиносони олмонӣ дар мавриди густариши идеологияи исломӣ гуфт: "Магар ислом бидуни идеология мешавад? Иделогияи исломӣ як навъ ин фарқият аз насрониҳо, яҳудиҳо ё буддоиҳо аст. Коршиносони ғарбӣ бо мафкураи қадимии "ислом бидуни идеолгия” кор мекунанд.”

Оқои Лаппинс ҳушдор дод, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои Омрико ва НОТУ аз Афғонистон дар соли 2014 мумкин аст бар асари таъсири Эрон, Туркия, Покистон ва Афғонистон исломи сиёсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ рушд карда ва ба низомҳои дунявии ин кишварҳо таҳдид кунад.

Оқои Штейнбах гуфт, дар ҳоле низоми давлатҳои Осиёи Марказӣ дунявӣ аст, аммо дар ҷомеъаи ин кишварҳо раванди саръеи исломишавӣ анҷом мешавад.

Аммо Абдуллои Раҳнамо, коршиноси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон ин иддаъоро рад карда ва гуфт, дар кишваре, ки ҷамъияташ худ мусалмон аст, чи гуна раванди исломишавӣ вуҷуд дошта метавонад.

Штейнбах

Оқои Штейнбах гуфт, дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ халоъи идеулуҷӣ пайдо шуда, баъдан ин халоъро идеулуҷии исломӣ пур кардааст

Аз сӯйи дигар, оқои Раҳнамо хатари омили исломӣ ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, ба Тоҷикистонро бепоя хонда ва гуфт: "Дар ҳоле ки 99 дар сади ҷамъияти Тоҷикистон мусалмон ҳастанд омили исломӣ дар ин ҷо маънии худро гум мекунад.”

"Биниши ғарбӣ дар бораи ислом кӯҳна шудааст"

Ҳамзамон, Абдуллои Раҳнамо аз сиёсатмадорон ва расонаҳои Ғарб интиқод кард, ки дар мавриди ислом аз мафҳумҳои "исломишавӣ”, "исломи сиёсӣ”, "бунёдгароии исломӣ”, "террористони исломӣ” ва "ҷиҳодӣ” фаровон истофода мекунанд.

Ба эътиқоди оқои Раҳнамо биниш ва методологияи кишварҳои ғарбӣ дар қиболи ислом кӯҳна шуда ва дар ин замина бояд таҷдиди назар сурат гирад.

Коршиносони тоҷик гуфтанд, ки мақомоти Тоҷикистон бо истифода аз методологияи ғарбӣ дар бораи ислом ба нерӯҳои исломӣ бо тардид нигоҳ карда ва ҳама гуна иқдом, ҳатто доштани ришро ба исломи исёсӣ марбут медонанд.

Сӯҳроб Шарифов, намояндаи порлумон ва коршиноси тоҷик низ таъкид кард, ки "дар Тоҷикистон исломро исёсӣ кардаанд”.

Ба гуфтаи оқои Шарифов, ҳатто баҳси Акбари Тӯраҷонзода бо мақомоти Шӯрои исломии Тоҷикистон ҷанбаи сиёсӣ гирифтааст. Ин дар ҳолест, тибқи Қонуни Асоси Тоҷикистон, ҳар шаҳрванд ҳақ дорад аз мазҳаб ё равияи дилхоҳаш пайравӣ кунад.

Муколамаи Ғарб ва ислом имконпазир аст?

Ба эътиқоди коршиносони тоҷик, назари Ғарб ва ҷаҳони ислом дар бораи арзишҳои исломӣ мутафовит буда, то ҳол дар ин замина муколамаи ҷиддӣ сурат нагирифтааст.

Рашид Абдулло, коршиноси тоҷик гуфт, муколама миёни Ғарбу ислом аз тариқи гузаштҳо имконпазир аст. Аммо баъйид ба назар мерасад, ки кишварҳои урупоӣ ба гузашт омода бошанд.

Раҳнамо

Оқои Раҳнамо мегӯяд, дар кишваре, ки ҷамъияташ худ мусалмон аст, чи гуна раванди исломишавӣ вуҷуд дошта наметавонад

Оқои Абдулло ба унвони мисол аз маҳдудиятҳо дар қиболи ислом дар Фаронса ёдовар шуда ва гуфт, ки дар ин кишвар ба таври расмӣ пӯшиши ҳиҷоби исломӣ мамнӯъ шудааст.

Ӯ гуфт, афзун бар ин дар моҳи гузашта порлумони Фаронса қонуни қатли омми арманҳо дар Туркия дар соли 1915-ро тасвиб кард, ки бар асоси ин санад афроде, ки ин қатли оммро инкор мекунанд, зиндонӣ хоҳанд шуд.

Рашид Абдулло гуфт, дар ҳоле ки худи Фаронса дар қарни гузашта дар Алҷазоир беш аз 1 милюн тан аз ғайринизомиро кушта буд, аммо ин амалро қатли омм намедонад.

Онрӣ Зилер Де-Фобуинӣ, сафири Фаронса дар Тоҷикистон, ки дар ин ҳамоиш ширкат дошт, аз посух ба ин ҳарфҳо худдорӣ карда ва гуфт, чунин иддаъо ба мавзӯъи конфаронси феълӣ рабте намегирад.

Ҳамчунин, оқои Де-Фобуинӣ иддаъои Абдуллои Раҳнамо, коршиноси тоҷикро дар мавриди кӯҳна шудани биниш ва методологияи Ғарб дар қиболи исломро ғайри қобили қабул хонд.

Оқои Раҳнамо ба навбаи худ гуфт, ҳар аъмоле, ки барои эҳёи арзишҳои ислом ва рушди ислом анҷом мешавад, дар кишварҳои ғарбӣ "фаъолияти исломистӣ” унвон шуда ва фаъолони исломӣ "исломгаро” хонда мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳатто Самеъ Юсуф, сарояндаи маъруф, ки тавассути таронаҳои исломиаш ҳазорҳо нафар ба ислом гаравидаанд, дар Ғарб "исломгаро” унвон шудааст.

"Ниёз ба муколама пиромуни масоили мазҳабӣ дар ҷомеъаи Тоҷикистон"

Кабирӣ

Оқои Кабирӣ гуфт, ихтилофи назарҳо дар ҷомеъаи Тоҷикистон дар масоили мазҳабӣ бояд дар чорчӯби муколамаи миллӣ баррасӣ ва рафъ шавад

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи густариши исломи сиёсӣ гуфт, ки ихтилофи назарҳо дар ҷомеъаи Тоҷикистон дар масоили мазҳабӣ бояд дар чорчӯби муколамаи миллӣ баррасӣ ва рафъ шавад.

Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ дар пайи муколамаи ҷиддии давлат ва мухолифон дар соли 1997 Мувофиқатномаи сулҳ имзо шуда ва дар кишвар сулҳу субот барқарор шуд.

Ба эътиқоди оқои Кабирӣ, дар шароити феълӣ ба манзури ҳалли мушкилоти мавҷуда дар масоили мазҳабӣ давлати Тоҷикистонро зарур аст бо нерӯҳои исломии кишвар сари мизи муколама шинад.

Зимнан, мазӯъи зарурати муколама бо гурӯҳҳои исломиро Дорис Гертрамф, сафири Олмон дар Тоҷикистон матраҳ карда ва гуфт, имкон дорад аз тариқ аз афзоиши мавориди тундравӣ ва ифротгаройӣ дар ислом ҷилавгирӣ шавад.

Хонуми Гертрамф гуфт, ба далели он ки дар мактабҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ислом тадрис намешавад, ҷавонон ноогоҳ ба гурӯҳҳои тундраву ифротии мазҳабӣ мепайванданд.

Зимнан, конфаронси байналмилалии ""Рушди ислом дар Осиёи Марказӣ: тамоюлоти ҷадид, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо” дар шаҳри Душанбе ба ибтикори хабаргузории "ASIA-Plus", сойти интернетии "islamnews.tj" ва бо пуштибони молии Сандуқи Эберти Олмон баргузор шуд.

bbc


Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 246
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 02:06
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2017