Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Кӯтоҳтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:// javascript://
Âñåãî îòâåòîâ: 508



Теги

Дӯстон






Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати Ҳайдар Ҷамол дар Русия



- Хадамоти Федералии амнияти Русия баъди кофтукови хонаи сарвари Кумитаи исломии ин кишвар Ҳайдар Ҷамол тибқи моддаи 282 КҶ ФР ("бедор кардани ҳисси бадбинӣ ё адоват") парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Дар ин бора ширкати телевизионии "Дожд" истинодан ба мақомоти амниятии ин кишвар иттилоъ дод. Гуфта мешавад, ки кофтукови хонаи истиқоматии сиёсатмадор ба мақолаҳое иртибот дорад, ки ахиран дар торнигораш чоп кардааст. 

Оғози парвандаи ҷиноиро дар аввал худи Ҳайдар Ҷамол хабар дод ва баъдан ХФА низ онро тайид намуд.  Тафтишоти аввалия собит кардааст, ки дар сайти  islamcom.ru аз номи Юсуф Ал-Ийерӣ мақолае таҳти унвони "Нақши зан дар ҷиҳод" ҷо дода шудааст, ки муаллиф дар бораи ширкати занон дар амалҳои террористӣ, аз ҷумла ба муқобили сарбозони артиши Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Чечен нақл кардааст ва аз хонандагонаш даъват намудааст, ки аз онҳо пайравӣ кунанд.

«Мақолаи мазкур аз компютере дар дафтари ҳаракати байниминтақавии "Кумитаи исломӣ" ҳуруфчинӣ ва дар сомонаи islamcom.ru ҷо карда шудааст. Сарварии ин ҳаракатро бошад Ҳайдар Ҷамол ба ӯҳда дорад", - хабар медиҳад ХФА.

Ҳамчунин дар иттилоияи пахшшуда гуфта мешавад, ки пажуҳишгоҳи криминалистии маркази техникаи махсуси ХФА собит кардааст, ки дар мақолаи мазкур даъватҳо барои роҳандозии инфиҷорҳо ва амалҳои террористӣ вуҷуд доранд.  "Ин ҳама нишонаҳои ошкорои пуштибонӣ аз терроризм аст ва муаллиф расман аз  дигарон даъват мекунад, ки дар пайи татбиқи фаъолиятҳои террористӣ ва эктремистӣ бошанд", - гуфта мешавад дар асноди ироакардаи ХФА.

Ин аввалин ҳодиса дар Русия аст, ки шахсиятҳое чун Ҳайдар Ҷамол ба эктремизм муттаҳам мешаванд. Аммо коршиносони масоили амнияитӣ бар ин назаранд, ки дар компютере чоп шудани мақолае, ки муаллифаш каси дигар аст, набояд нуқтаи назари Ҳайдар Ҷамол дониста шавад. Ин боз дар ҳолест, ки вақтҳои охир мақомотро баъзе аз сӯҳбату баромадҳои ин сиёсатмадор нигарон кардааст. Чунончӣ,  ҳамагӣ чанд рӯз пеш Ҳайдар Ҷамол дар сӯҳбате бо телевизиони Neva24 изҳор дошт, ки амалҳои террористӣ дар қаламрави Федератсияи Русия аз ҷониби хадамоти амниятӣ роҳандозӣ мешавад ва роҳбарони Русия мамлакатро ба амрикоиҳо фурӯхтанд. Таҳлигарон мегӯянд шояд ин гуна сӯҳбатҳои матбуотӣ сабабгори таваҷҷӯҳи хадамоти амниятӣ шуда бошанд.   

Фирӯзи МУҲАММАД

"TojNews"

 

Маълумот
Шӯъба: Ҷаҳон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 328
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 20:38
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2017