Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Муъҷизаҳои Мусо (а) кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 319



Теги

Дӯстон






Сӯиқасд ба ҷони мухолифи ҳукумати Каримов




Обидхон Қорӣ Назаров

Бино бар хабари Бахши узбакии Радиои Озодӣ, рӯҳонии саршиноси узбак Имом Обидхон Қорӣ Назаров дар шаҳри Стромсунди Шведсия ҳадафи сӯиқасд қарор ёфтааст.

Манбаи наздик ба Назаров гуфт, шахси номаълум дар назди хонааш ба имом 3 ё 4 бор тир андохтааст. Аммо Назаров зинда монда, ҳоло дар бемористон буда, пизишкон мегӯянд, вазъаш сангин аст.


Қорӣ аз соли 2006, замони дарёфти паноҳандагии сиёсӣ дар Шведсия зиндагӣ мекунад. Вай дар Узбакистон даҳҳо ҳазор мурид дорад ва яке аз қавитарин мухолифони раисиҷумҳури Узбакистон
Ислом Каримов ба шумор меравад. Вай дар соли 1998 дар ҳоле Узбакистонро тарк кард, ки барояш парвандаи ҷиноӣ боз карда ва ӯро дар таблиғи равияи "ваҳҳобия” айбдор карданд. Вай он гоҳ маҷбур шуд ба Қазоқистон фирор кунад ва сипас бо мадади Созмони Милал дар Шведсия паноҳанда шавад.

Ба қавли
Барно Анвар, корманди Бахши узбакии Радиои Озодӣ, аксари коршиносон  мегӯянд, сарнахи ин сӯиқасд аз Шведсия то ба Тошканд мебарад. Вай меафзояд: "Тахминҳо, шубҳаҳо дар навбати аввал ба тарафи хадамоти махсуси Узбакистон равона мешавад ва аксарият ба ин ишора мекунанд. Аз ҷумла писари Назаров дар Узбакистон бенишон шудааст ва Обидхон Қорӣ ҳамеша мегуфт, ин кори дасти хадамоти ҷосусии Каримов аст. Бархе ба он ишора мекунанд, ки мунаққиди дигари ҳукумат, рӯҳонӣ ва мухолифи машҳур Фуад Рустамхоҷаев дар моҳи сентябри соли гузашта айнан ба ҳамин шева дар Русия кушта шуд. Дар назди хонаи худ, аз тарафи афроди номаълум ҳадафи тир қарор гирифт.”

Мухолифати Қорӣ Обидхон Назаров бо ҳукумати Ислом Каримов ба оғози солҳои 1990 бармегардад. Бо вуҷуди он ки Назаров бо гурӯҳ
Ҷумъаи Намангонӣ, ҷунбиши аҳмадия ва созмонҳои дигар мансуб набуд, дар Намангон ба дунё омадааст ва имомати масҷиди ҷомеи Тилошайхи Тошкандро бар ӯҳда дошт ва аз тарафдорони муфтии пешини Узбакистон Муҳаммадсодиқи Муҳаммадюсуф буд.

Пас аз ҳиҷрат ба Шведсия Назаров ба занҷираи пайванди мусулмонони Узбакистон бо раҳбари пешини Ҳизби демократи ин кишвар
Муҳаммад Солеҳ табдил ёфт ва дар паёмҳояш аз ҳукумати Каримов интиқод мекард. Вай махсусан бархӯрди ҳукумати Каримовро бо мусулмонон "ноодилона” меномид ва ба рушди озодии дин даъват мекард.

Дар ҷавоб мақомоти Тошканд ӯро ба терроризм ва ваҳҳобия айбдор мекунанд. Назаров дар мусоҳибаҳои худ ин иттиҳомотро рад кардааст ва мегӯяд, хостори тағйири ҳукумат бо зӯри силоҳ нест ва ба усули осоишта бовар дорад. Вай инчунин иттиҳомоти онро рад кардааст, ки тарафдоронаш мехоҳанд, дар Узбакистон давлати исломӣ барпо кунанд. "Мо ҷомеае мехоҳем, ки дар он ҳуқуқи инсон эҳтиром ва озодии дин тазмин шавад,” – гуфтааст Қорӣ Обидхон Назаров

ozodi

Маълумот
Шӯъба: Ҷаҳон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 375
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 19:19
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024