Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Қуръон шомили чанд сура аст?
javascript:// javascript://
Âñåãî îòâåòîâ: 561



Теги

Дӯстон






Сарбози террористи амрикоиро аз Афғонистон гурезонданд. Ӯ дар куҷо муҳокима хоҳад шуд?



Низомиёни Амрико аз эҳтимол дур намедонанд, ки сарбози муттаҳам ба қатли 16 афғони мулкӣ дар хоки Афғонистон, аммо дар додгоҳи низомии амрикоӣ муҳокима хоҳад шуд.

Дар ҷавоб ба тақозои муҳокимаи ин сарбоз дар додгоҳи афғонӣ низомиёни Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, сарбози муттаҳам аллакай ба Кувайт интиқол ёфтааст. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ хабарнигори Радиои Озодӣ Ҳезер Маҳер аз ҳуқуқшиноси низомӣ ва устоди донишгоҳи Йели Амрико Юҷин Файдел пурсид, оё чунин имкон вуҷуд дорад, ки ин сарбзро додгоҳи афғонӣ муҳокима кунад?

Юҷин Файдел: 
"Ягон имкон вуҷуд надорад, ки ӯро додгоҳи афғонӣ муҳокима кунад. Мо бо ҳукумати Афғонистон созишнома имзо кардаем ва ҳукумати Афғонистон мувофиқат кардааст, ки низомиёни Амрико ва ходимони маъмуриву фаннии сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон тибқи созишномаи равобити дипломатии Вена мақом дошта бошанд. Яъне низоми адлияи Афғонистон наметавонад рафтори амалкарди онҳоро қазоват кунад.”

Радиои Озодӣ:
То кунун ному насаби сарбози амрикоии муттаҳам ба куштори афғонҳои мулкӣ ошкор нашудааст, вале баъзе расонаҳо муайян кардаанд, ки қабл аз ифои вазифа дар Афғонистон ӯ ду дафъа ба Ироқ сафарҳои хидматӣ доштааст. Ҳамчунон гуфта мешавад, ки ахиран ин сарбоз аз сараш ҷароҳат бардоштааст. Оё ин захм ва хидмати тӯлонии ӯ дар артиш дар ҷараёни муҳокима ва ё ҳангоми муқаррар намудани муҷозот ба назар гирифта хоҳад шуд?

Юҷин Файдел
​​Юҷин Файдел: "Як омил аз омили дигар фарқ дорад. Албатта, нафаре метавонад корномаи хуби хидматӣ дошта бошад, ки ҳангоми эълони ҳукм нақш гузорад. Мо дар Амрико аз усули ба истилоҳ "ҳимоят аз сарбози хуб" кор мегирем, ки метавонад ҷазоро сабуктар кунад. Эҳтимол захми дар ҷанг гирифташуда низ метавонад ҳангоми судури ҳукм ба назар гирифта шавад. Албатта, ҳайати мунсифа наметавонад ин омилҳоро аз мадди назар дур карда, муҷозоти шадидтаринро қобили қабул донад.”

Радиои Озодӣ:
Пас, дар чунин ҳолатҳо ҳукумати ИМА чӣ кор мекунад. Манзур, вақте як амрикоӣ ба шаҳрванди кишвари дигар дарду алам меорад, ҳукумати Амрико онро ҷуброн хоҳад кард?

Юҷин Файдел: 
"Шароити муайяне ба хотири пардохти ҷуброни дарду алам пешбинӣ шудааст, ки бо номи "экс-гратия” ва ё "солатия” ёд мешавад. Ин як миқдори миёнаест, ки бо гирифтани он касе сарватманд намешавад. Ба фикри ман, муҳим ин аст, ки ИМА ба ин қурбониҳои хориҷӣ ва наздикони онҳо чӣ имтиёзе қоил мешавад. Шояд мисли он ҳаққи мушорикат шавад, ки мо ба қурбониҳо дар ИМА медиҳем. Барои мисол, додситонҳои низомӣ бояд қурбониҳоро аз рафти муҳокима огаҳ кунанд ва агар имкон бошад, ширкати онҳо дар додгоҳро ташкил намоянд. Ҳамчунон агар зарур буд, кумаки равонӣ низ расонанд. Хуллас, мебинем, ки чӣ мешавад. Ман хавф дорам, ки оилаҳои қурбониҳои афғонӣ дар пайи иҷрои кадом яке аз ин шароит нахоҳанд буд. Бубинем, ки чӣ мешавад. Бовар дорам, бо назардошти фазои ҳозираи қобили инфиҷор, ҳалли қазия фавқулода чолишҳо дар пеш хоҳад дошт.”

ozodi

Маълумот
Шӯъба: Ҷаҳон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 439
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 22:56
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2017