Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Паёмбари мӯъмине, ки писараш кофир буд, ки аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 393



Теги

Дӯстон






Шиканҷа ва муҳокимаи 17 мусулмон бо тӯҳмати узвияти ҶИУ дар вилояти Суғд



Додгоҳи устони Суғд муҳокимаи парвандаи ҷиноии 17 нафар аз сокинони шимоли Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар Ҷунбиши Исломии Узбакистон (ҶИУ) оғоз кардааст.

Дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ, ки дар дохили сохтмони боздоштгоҳи устони Суғд сурат мегирад, афроди мазнун иддаъо кардаанд, ки таҳти шиканҷа ночор шудаанд алайҳи худ шаҳодат бидиҳанд ва дар ин замина мадрак низ доранд.

Файзулло Насруллоев, вакили мудофеъи бархе аз ин афрод, рӯзи сешанбеи 15 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар миёни ин афрод як нафар сокини шаҳристони (ноҳияи) Бобоҷон Ғафуров ва боқимонда сокинони шаҳрстони Ашт мебошанд.

Ба гуфтаи оқои Насруллоев, ин афрод моҳи октябри соли гузашта аз сӯйи маъмурони интизомӣ ва амниятӣ боздошт шуда буданд. Додситонӣ ин афродро дар таъсиси гурӯҳи ғайриқонунии ҷиноӣ ва узвият дар Ҷунбиши Исломии Узбакистон мазнун медонад.

Файзулло Насруллоев хабар дод, ки дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ бархе аз ин афрод иддаъо кардаанд, ки баъд аз боздошт онҳо мавриди шиканҷаи пулис ва маъмурони амниятӣ қарор гирифта ва ночор шудаанд алайҳи худ шаҳодат бидиҳанд.

Ҳамчунин, яке аз афроди мазнун санаде расмии аз тарафи пизишкон содиршударо ироа кардааст, ки дар он вуҷуди нишонаҳои шиканҷа дар андоми ӯ таъйид шудааст. Оқои Насруллоев мегӯяд, ки то ҳол қозии додгоҳ ба ин иддаъо вокуниш накардааст.

Вакили мудофеъи ин афрод аз ироаи ҷузъиёти дигари ин муҳокима худдорӣ кард. Вай гуфт, ки баъд аз поёни муҳокима метавонад ҷузъиёти бештаре аз ин парвандаро дар ихтиёри хабарнигорон қарор диҳад.

Ин дар ҳолест, ки дар авосити моҳи гузашта додгоҳи устони Суғд 34 нафар аз сокинони шаҳри Исфараро, ки муттаҳам ба узвият дар Ҷунбиши Исломии Узбакистон буданд, барои муддатҳои тӯлонӣ, аз 8 то ба 28 сол, маҳкум ба зиндон кард.

Ба гуфтаи бархе аз ширкаткунандагон дар ин муҳокима, ҷараёни муҳокима ҳокӣ аз он будааст, ки узвияти аксари ин афрод дар Ҷунбиши Исломии Узбакистон комилан собит нашудааст.

Ҳамчунин, бархе аз волидони ин афрод дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор доштаанд, ки фарзандонашон дар ҷараёни бозрасӣ шиканҷа шудаанд.

Урунбой Усмонов

Урунбой Усмонов ҳукми додгоҳи устони Суғдро "ғайриъодилона" хонда ва гуфтааст ӯ аслан муртакиби ҳеч ҷурме нашудааст

Ин дар ҳолест, ки дар авохири ҳафтаи гузашта Хуон Мендез, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури шиканҷа, аз шимоли Тоҷикистон дидан карда ва бо фаъъолони ҳуқуқи башари маҳаллӣ дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Гузоришҳо ҳокист, ки дар дидори ӯ бо вукалои мудофеъ мавзӯъи шиканҷаи афроди мазнун дар ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои ифротгаро ва теруристӣ, аз ҷумла Ҷунбиши Исломии Узбакистон ва Ҳизб-ут-Таҳрир, матраҳ шудааст.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи бархе аз чунин афрод, гуфт, ки вай дар ин дидор ба гузоришгари вижаи Созмони Милал далоили кофие дар бораи мавориди шиканҷаи боздоштшудагон аз сӯйи маъмурони пулис ва амниятиро ироа кардааст.

Хуон Мендез ҳамчунин бо Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар устони Суғд, дидор ва гуфтугӯ кардааст. Оқои Усмонов тобистони соли гузашта аз сӯйи маъмурони амниятӣ ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо Ҳизб-ут-Таҳрир боздошт шуда ва баъд аз як моҳ дар пайи фишорҳои созмонҳои байналмилалӣ озод шуд.

Додгоҳи устони Суғд Урунбой Усмоновро рӯзи 14-уми октябри соли гузашта дар доштани иртибот бо тарафдорони Ҳизб-ут-Таҳрир муҷрим шинохта ва ӯро барои се сол маҳкум ба зиндон карда ва тибқи Қонуни афв аз иҷрои ин ҷазо муъоф карда буд.

Оқои Усмонов ҳукми додгоҳи устони Суғдро "ғайриъодилона" хонда ва гуфтааст ӯ аслан муртакиби ҳеч ҷурме нашудааст. Гузашта аз ин, вай иддаъо дорад, ки ба ҳангоми боздошт вай мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.

Созмони Афви Байналмилал мукараран аз мавориди шиканҷаи афрод ба ҳангоми боздошт дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.


bbc


Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 662
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 00:43
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024