Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Дарозтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 488



Теги

Дӯстон






«ШИНОХТИ ИМОМИ АЪЗАМ ДАР МАКТАБ»



Чанде пеш нашриёти «Ношир» китоби Саидумрон Саидов ва Ислом Раҳимовро бо номи «Шинохти Имоми Аъзам дар мактаб» аз чоп баровард. Китоби мазкур барои омӯзгороне, ки мехоҳанд ба шогирдонашон оиди зиндагинома, ахлоқ ва осори Имом Абӯҳанифа раҳматуллоҳи алайҳ маълумот диҳанд, раҳнамову дастури муфид аст. Дар китоб суханони уламои ислом дар васфи Имоми Аъзам (р) гирд оварда шудаанд. Муаллифон барои сазовор таҷлил намудани ҷашни ин шахсияти барӯманд ба омӯзгорон тавсияҳо додаанд. Чунончи дар саҳифаҳои 42-43 омадааст: «Мусаллам аст, ки ягон чорабинии мактабӣ бе иштироки муаллимони забону адабиёт ва таърих намегузарад. Дар ҷодаи гузаронидани чорабиниҳо онҳо масъулияти бештаре доранд. Хуб мешавад, агар онҳо аз гуфтори Сарвари давлат дар бораи Имоми Аъзам, аз гуфтори олимон дар роҳраву ҷойҳои назаррас шиорҳоро насб намоянд. Инчунин аз васиятномаҳои Имоми Аъзам (р) истифода бурда, ҷо-ҷо онҳоро ҳамчун овеза ва ё шиор насб карда монанд...»
Зиндагиномаи Имом Абӯҳанифа (р) барои тамоми мардум мояи ибрат аст. Аз ҷумла хислатҳои амонатдории он кас, ростқавлӣ, ҳалолхӯрӣ, тиҷорату ибодат, тақвою худотарсии он касро ба хонандагон нақл бояд кард.
Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ роҳи асосии тарбия гузаронидани соатҳои тарбиявӣ аст. Гузаронидани соатҳои тарбиявӣ оид ба рӯзгору осори Имоми Аъзам (р) дар самтҳои тарбияи хештаншиносӣ, тарбияи забонпарастӣ, ахлоқиву маънавӣ ва маърифативу ҳуқуқӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Имоми Аъзам (р) гуфтаанд: «Аз касе, ки як ҳарф омӯхта бошам, ӯ устоди ман аст». Устоди асосии Имоми Аъзам (р) Ҳаммод ибни Сулаймон (р) буд. Имом Абӯҳанифа (р) дар назди ишон 18 сол дарс омӯхтаанд. Эҳтироми он кас нисбати устодашон чунон баланд буд, ки ҳатто тарафи хонаи устод пой дароз намекарданд.
Ба қавле Имоми Аъзам (р) аз 4000 устод илмҳои ҳадису қироат, фиқҳ ва амсоли онро омӯхта буданд.
Дар китоб оиди гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ, намоишномаи адабӣ саҳначаҳо аз рӯзгори Имоми Аъзам (р), шеърҳо дар ситоиши Имоми Аъзам (р) васиятномаи ишон ва ғайра маълумот дода шудааст.
Китоби мазкур барои донишҷӯён, рӯзноманигорон,касоне, ки ба таърихи дини мубини ислом таваҷҷӯҳ доранд, роҳнамои беминнат аст.

Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 803
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 19:28
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024