Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Кадом зан аст, ки номаш дар Қуръон зикр гардидааст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 394



Теги

Дӯстон






Таваллуди кӯдак: дар хона ё дар зоишгоҳ?




Ширингул Ғафороваи 36-сола ва модари панҷ фарзанд сокини ҷамоати Чӯянгарони Ромит панҷ моҳ инҷониб бемори бистарӣ мебошад.

Ба гуфти хонум Ширингул, баъди таваллуди фарзанди панҷумаш дар хона саломатиаш бад шуда, ӯро ба таваллудхонаи шаҳри Ваҳдат бурдаанд. Вай мегӯяд, «ба беморхона ҳам нарасидам. Пас аз даҳ дақиқаи таваллудкунӣ ҳолатам бад шуд. Дигар чизеро дар хотир надорам».

Ширингул Ғафорова, ки дар деҳа дар хонаи падару модар ба сар мебарад, мегӯяд ки чаҳор кӯдакашро дар хона таваллуд кардааст. Ва ин навбат низ хушбин будааст, ки панҷумашро низ сиҳату саломат ба дунё меорад. Аммо ин тавр нашудааст.

Ба гуфти ӯ, 7 сол баъд аз таваллуди кӯдаки чаҳорум ғайринтизор ҳомила шудааст. Ширингул мегӯяд, агар фарзандонашро дар зоишгоҳ таваллуд мекард, тифлони бузургаш дар ин муддат бе назорат мемонданд.

Аз 200 ҳазор навзод дар як сол 60 ҳазори онҳо дар хона таваллуд мешаванд ва ҳудуди 4 ҳазори онҳо мефавтанд. Аз 200 ҳазор зани таваллудкарда беш аз 70 нафар вафот мекунанд ...
Дар Тоҷикистон монанди Ширингул занони зиёде таваллуди фарзанд дар хонаро авло медонанду зиёд дар фикри саломатии худу тифли ба дунё овардаашон нестанд. Ба гуфти мутахассисон, аз 200 ҳазор таваллуде дар як сол ба қайд гирифта мешавад, 60 ҳазори он таваллуди хонагӣ аст. Ва аз 200 ҳазор кӯдаки таваллудшуда, ҳудуди 3 то 4 ҳазор мефавтанд. Аз 200 ҳазор зани таваллудкарда беш аз 70 нафар вафот мекунанд.

Ба гуфти Шамсиддин Қурбонов, раҳбари пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии акушер-геникологӣ ва перинтологии назди Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, нисбати панҷ сол пеши 40 дарсади фавти модарон ва кӯдакон коҳиш ёфтааст. Ва аксаран дар 12 ноҳияи дурдасти Тоҷикистон бештар таваллуди хонагӣ сурат мегирад.

Шамсиддин Қурбонов афзуд, ки барои аз байн бурдани таваллуд дар хона бояд барномаҳои махсуси маърифатиро ба роҳ монд, зеро агар занҳо бемор бошанд, пас ҷомеа низ бемор аст.

Дар ҳоле ки аксарияти занон усули пешгирии ҳомиладоршавиро чандон хуб намефаҳманд ва аз ҳомиладоршавии ногаҳони ҳам рӯҳан ранҷ мекашанд, ин ҳолат ба саломатии кӯдакони онҳо низ осеб доштааст.

Ба гуфти равоншинос Маҳмуд Кабирӣ аксаран занони тоҷик аз фарҳанги беҳдоштӣ огоҳии кофӣ надоранд ва барномаи оиладорӣ тартиб намедиҳанд, ки худ як навъ бемасъулиятии модарон ба ҳоли худ ва зиндагӣ аст. Гузашта аз ин вақте модарони имрӯза даҳҳо мушкилоти иҷтимоӣ доранд ҳамли ғайри мунтазира боиси фишори рӯҳи ба кӯдаки дар батнбуда мегардад.

Равоншинос меафзояд, «он чизе ки момодояҳо дар хона истифода мебаранд, инфексия доранд. Назорати тиббӣ бурда намешавад. Ҳол он ки ҳангоми таваллуд ба зан ва баъдан ба кйдаки таваллудшуда махсус бояд нигоҳ кард. Ин чизҳоро ба эътибор намегиранд. Дар беморхона ба ин чизҳо аҳамият дода мешавад».

Ба гуфти Маҳмуд Кабирӣ, қолабҳои пешинаи шахшуда, ки гӯё даҳсолаҳо занон дар хона фарзанд таваллуд мекарданд ва саломатии онҳо хуб буд, имрӯз низ шакл гирифта истодааст. Ҳол он ки дар хона таваллуд кардани кӯдак, на танҳо ба саломатии кӯдакон, балки ба худи модарон ҳам таъсири манфӣ дорад.

Бар асоси иттилои Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 2400 кӯдаки синни то яксола ва 557 кӯдаки аз як то чаҳорсола аз бемориҳои мухталиф ҷони худро аз даст додаанд. Аз чор се ҳиссаи онҳо бар асари ибтило ба бемориҳои роҳи нафас ва тахминан чоряки боқимонда аз дарунравӣ вафот кардаанд.

Ва имрӯз Ширингул, қаҳрамони гузориши мо, низ бо марг даст ба гиребон аст. Ширингул дар хонаи падар, аз назди фарзандон дур, бистарӣ аст. Хушдоман панҷ нафар фарзанди ӯро бо худ гирифтааст.

Агарчанде ӯ дар бистари беморӣ аст ва маҷоли роҳ гаштан надорад, аммо барои тақдири фарзандонаш дигар ва ояндаи онҳо рӯҳан сахт, ранҷ мекашад. Ва аз ин ки барои таваллуд кардан ба беморхона нарафтааст, пушаймон аст.

Умуман агар иддае аз занҳо дар доираи ҳамон фарҳанги одатшуда, яъне дар хона кӯдак таваллуд карда саломатии хешро аз даст диҳанд, иддаи дигар аз вазъи фақри хонаводагӣ, ки имкони маблағи муяйан барои пардохти зоишгоҳҳоро надоранд, тасмим мегиранд, ки дар хона таваллуд кунанд.

Ҳарамгули Қодир

Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 800
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 23:37
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024