Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Адади расулон ва (наби) паёмбароне, ки дар Қуръон зикр гардидаанд, чандтоянд?
javascript:// javascript://
Âñåãî îòâåòîâ: 362



Теги

Дӯстон






Тураҷонзода ва Ҳоҷӣ Мирзо бо филмҳои тасвирӣ, клипҳои Бобои Файз ва "Овораи ишқ" иваз шуданд?



"Мултикда биё, бача…" ё асабшӯйиро аз кӯдакон оғоз мекунанд?

Воқеан баъди аз дуконҳои дискфурӯшӣ нест шудани сабтҳои амри маъруфи воизони маъруфи ислом дар баробари синамои туркӣ бозори як силсила филмҳои тасвирӣ низ гарм шуд. Дар ин давра бо ибтикори шояд ҷавонони шӯху аз сиёсати идеологӣ бехабар якчанд филмҳои тасвирӣ ба тоҷикӣ "тарҷума" (инро тарҷума не "халтура" бояд номид) ва пешкаши гушнаҳои маънавӣ намудаанд.

Як савдогари дискфурӯше, ки ҳафтаи гузашта дӯконаш бо коми оташ рафт, гуфта буд, то вақте ки бозори амри маъруфи воизони ислом гарм буд, филмҳои тасвирӣ он қадар ба фурӯш намерафтанд. Ҳамин ки фурӯши амри маъруф манъ шуд, мардум ба филмҳои тасвирию дигар синамои хориҷӣ рағбат пайдо кардаанд. Назармад, як харидори филмҳои тасвирии бо тоҷикӣ тарҷумашуда мегӯяд, ки то ба фурӯш баромадани қисми навбатии филмҳои туркӣ  аҳли оилаи онҳо консерт ва филмҳои тасвирӣ тамошо мекунанд: "Мо барномаҳои телевизиониро қариб фаромӯш кардаем. Зеро шабона дар телевизионҳои ватанӣ ягон барномае, ки ҳақиқати зиндагии моро инъикос кунад, намоиш дода намешавад.  Ҳамин дуконҳои "асабшӯй"-ӣ (мардум дуконҳои дискфурӯширо дукони "асабшӯй" ном гузоштаанд) ҳастанд, ки барои куфтагии худро баровардан, филм ё консертҳоро харида, асабҳои аз даводави рӯзғор хастаи худро ором мекунем". Бо мақсади омӯзиши муҳтавои филмҳои тасвирӣ як фитаи силсила филмҳои тарҷумаи тоҷикиро харидорӣ намудам.

Баъди тамошои 15-20 дақиқаи як филми тасвирӣ ба худ суол додам; "Бозори сабтҳои видеоӣ бе соҳиб аст? Ё ин ки аҷнабиён ҷанги идеологиро аз тахриби маънавиёти насли ояндасози мо оғоз кардаанд?" Боварии тамошогар намеояд, ки муҳтавои ин филмҳои тасвирӣ ончунон бошад, ки ба тоҷикӣ коркарда шудааст. Зеро ягон кишвари солими дунё насли навраси худро ба дуздию ғоратгарӣ тарғиб намекунад. "Синдикат"-қаҳрамони филми тасвирӣ мафияи худро ҷамъ карда, дар назди онҳо бо ифтихор мегӯяд: "Мо дуздӣ кардем калонтарин телевизиони "ЦУМ"-а; Мо дуздӣ кардем ҳайкали Сомонира; Мо медуздем моҳтобро; Мову Шумо имсол кори хуб кардем." Ростӣ, вақте дублёр бо оҳанги ифтихор шарикони худро дуздакҳо ном мебарад, ҳамон рӯзҳои сиёҳи солҳои 1993-1994 ба ёд меояд, ки чӣ тавр наврасону ҷавонони дар шаҳр пайдо шуда, бо ин "тахаллус" ифтихор мекарданд.

Даҳшат!!!

Даҳшат, даҳшат… ин нидоҳои бемаънию тақлидкории беҳунарона ба барандаҳои "Имрӯз"-у "Сафина" якчанд дақиқа давом мекунад. Хулоса ин сабтҳои видеоӣ, ки "ҳунармандон"-тамоми сухану алфози бади кӯчагиро танзим кардаанд, ҷуз таҳқири забону миллати тоҷик беш нест. Он лаҳза ман ба тамоми саволҳои фарзандонам; "Падар, ҳайкали Сомониро дуздида мешавад? Милисаҳо зӯранд ё дуздҳо? Дар DVD ҳам дуруғ мегӯянд?...." посухҳои пандомез гуфтам, аммо ба суолҳои худ; Муаллифон чӣ мақсад доранд? "Таҳия" ва паҳн намудани ин "тарҷума"-и тоҷикии филмҳои тасвирӣ кори дасти кист? Чӣ гуна ин таҳқирномаи миллат дар бозори синамо роҳ ёфт? - ҷавоб пайдо карда наметавонистам.

Дар матни ин филмҳои тасвирӣ вожаҳои омехтаи "тоҷикӣ- русӣ", ки ишора аз гум  кардани забони модарии гӯяндаи онро дорад, фаровон истифода шудааст. Агар гӯем, муаллифон каме ҷавонӣ карда, шӯхиҳои бемаврид кардаанд, аммо воқеият надорад, ки наход ҷавони тоҷик барои додару хоҳараконаш, ки алъон хубро аз бад фарқ намекунанд, калимаҳои "буқагӣ", "кайф", "арақ" "дуздак"-ро барои ибратомӯзӣ баён кунад? Дар ҳоле ки муаллифон тамоми сабтҳои видеоиро ғайриқонунӣ истифода кардаанд, боз ҳам оғози филмҳо бо ин навиштаҷоти пур аз ғалат оғоз мешавад: ДИҚҚАТ сабти мазкур ба студияи "Super Marjon"  таалуқ дорад. Ҳуқуқҳои муаллиф ҳимоя шудаанд. Ҳамагуна сабт ва нусхабардории ғайриқонунӣ манъ карда шуда, аз тарафи Қонуни Ҷ.Т мавриди таъқибу пайгирӣ қарор мегирад ва ҷазо дода мешавад.

"Овораи ишқ"-муште ба сари фарҳанг?

ovorai_ishqФилми дигаре, ки ба қавле обрӯи фарҳанги миллиро коста мегардонад, "Овораи ишқ" мебошад, ки бобати сифати пасту муҳтавои хароби он ҳатто телевизиони ҳукуматӣ "ТВ-Сафина"  ҳам шаби 26-уми феврали соли ҷорӣ дар ин маврид гузориши интиқодие пахш карда буд. Мутаассифона дар рӯзи дигар баръакс бозори ин филм дар дӯконҳои наворфурӯшии Қӯрғонтеппа гарм шуд. Мо ҳам баъди ҷустуҷӯйи зиёд аз як дукон ин "филм"- аниқтараш "сабти дастакӣ"-ро дастрас кардем. Навобаста ба сифати пасту муҳтавои матни харобу кӯчагӣ "Овораи ишқ" аз ҷиҳати мазҳака бад нест зеро тамошочиро хандонида метавонад. Аммо муаллифон як ҳақиқати талхи гузаштаи насли ҷавонро бисёр муболиға кардаанд. Ҳамчунин дар филми мазкур лаҳзаҳои барои маънавиёти ҷавонон хатарбор кам нест. Як мисоли он, навхонадорон дар рӯзи фотиҳа ба ангушти ҳам ангуштарӣ пӯшонида, зери як оҳанг "Валс" мераванд, ки ин тарзи рақси дунафара хоси тоҷикон нест. Бадтар аз он, рӯзи дигар духтар аз падараш дуо гирифта, бо ҷавони дигар фирор мекунад. Ҳамин лаҳзаи нангинро, ки муаллифон пешкаши тамошочӣ гардонидаанд, оё нисбати хоҳарони худ қабул дошта метавонанд? Агар не, пас чаро дар зеҳни тамошочӣ ин амали як қаҳрамони шояд хаёлиро мусбӣ намоиш медиҳанд? Дар умум ин филм, ки аз номи "Тоҷикфилм" муаррифӣ мешавад, шабаҳи як сабти телефонӣ аст, ки ҷавонони мо аз рӯи завқ чунин лаҳзаҳоро наворбардорӣ мекунанд. Аз ҷониби дигар тасмими муаллифон муште бар пушти сари масъулини фазои фарҳангии кишвар аст, ки шояд гуфтанианд; "Агар ҳар сабти видеоӣ филм ба ҳисоб равад, мо ҳам метавонем!"

Шикасти маънавӣ

Боиси таассуф аст, ки ҳукуматдорон аз сабтҳои амри маъруф нигаронӣ доштанду аммо аз филму наворҳое, ки зарба ба идеология миллии мо мезананд, хавферо эҳсос намекунанд. Ё   ин ки ин фармударо "Агар давлат соле дар муборизаҳои сиёсӣ ё иқтисодӣ шикаст хӯрад бок нест. Аммо давлате, ки дар муборизаҳои идеологӣ мағлуб шавад, оқибат ба шикаст мувоҷеҳ мешавад"-ро идеологҳои кишвари мо беасос мехонанд? Бешубҳа ин ду, ба ном филмҳои тасвирию бадеии тоҷикӣ номи мо тоҷиконро як кам доғдор мекунад. Чанд солаҳо мешавад, ки аз алфози мардум як сухани қабеҳ ба гӯш мерасад; "тоҷикиш кун". Оре, вақте одамон сарфаҳми кореро нараванд, кинояомез мегӯянд; "тоҷикиш кун". Наход ҳама кору амали пастсифатро чунин унвон диҳем? Акнун бо паҳни ингуна бо ном филмҳо хориҷиён таҳқири "тоҷикиш карден"-ро дар рӯи мо намегӯянд?

Иштибоҳ ё "бозӣ" аз оинаи нилгун

Худо накунад, ки боз ингуна наворҳо аз тариқи шабакаҳои сартосарии кишвар пахш шаванд. Зеро ба ин монанд сабтҳое, ки бефарҳангиҳои моро нишон медиҳанд, аз шабакаҳои телевизионӣ пахш шуда буданд. Манзури ман сурудаи Бобои Файз аст, ки бояд натанҳо аз телевизион пахш намешуд, балки  ин муйсафеди шухзавқ онро намесуруд. Зеро барои мӯйсафеде, ки худ аз ҷиҳати сину сол падарбузург аст, зам-замаи "Очата бугу" зебанда нест. Вақте ман ин сурударо аз "ТВ-Сафина" тамошо мекардам, ғамгин аз он шудам, ки кош барномаҳои телевизионии мо аз моҳвора пахш намешуданд. Аммо ба гуфтугузори мардум бобати он ки гӯё ин "тарона" аз "Шабакаи аввал" ҳам пахш шудааст, то ҳол боварам намеояд. Зеро бо чашми худ надидаам ва боварам ҳам намеояд, ки директори ин телевизион устод Муҳаммад Ғоиб иҷозаи пахши онро дода бошад. Зеро ин шоири дар ғами миллат дар эҷодиёти хеш  бефарҳангиро зиёд маҳкум мекунад.

Майдон аз далер аст?

 Хулоса, дар як соли охир ҷойи сабтҳои амри маъруфи воизони исломро ҳамингуна "ғизо"-ҳои маънавӣ мисли "тарҷумаи тоҷикии филмҳои тасвирӣ", "Овораи ишқ" ва дигар бо ном "клипконсертҳо" пур карда истодаанд. Миллат дар ин мавзӯъ қаблан ҳам навишта буд, ки баъди аз минбар дур шудани воизони маъруф фазои маънавии ҷомеаро бо чӣ пур мекунем? Аммо ин тавр нест, ки ин гуна наворҳои шармандабор талаботи масъулини риштаи маънавиёт ва вазорати фарҳанги кишварро қонеъ карда бошад. Шояд бо аз байн рафтани сабтҳои "амри маъруфи воизон" аз дӯконҳои фитафурӯшӣ масъулини риштаи маънавиёти кишвар осуда шуда бошанд, ки "хатар" аз байн рафтааст. Аммо дар асл хатароти идеологӣ дар Тоҷикистон дар мекӯбад. Зеро ба қавли коршиносон алъон майдон холӣ, ё майдон аз далер аст.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

"millat"


Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 1362
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 20:45
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2017