Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Кӯтоҳтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 514



Теги

Дӯстон






Қуръонсӯзиҳои нави роҳиби ситезаҷӯи амрикоӣ



 - Роҳиби калисои амрикоӣ Террӣ Ҷонсон боз як нусха аз Қуръони Каримро ба оташ кашид. Ин бор вай ин амали зиддибашарии худро дар эътироз ба эълони ҳукми эъдом ба рӯҳонии эронӣ Юсуфи Нодирхонӣ, ки рӯ аз Ислом бартофтаву масеҳӣ шудааст, анҷом додааст. Ҳукми мазкур аз ҷониби додгоҳи олии Ҷумҳурии Исломии Эрон тибқи муқаррароти қонунҳои ин кишвар содир шудааст.

Роҳиб Ҷонсон чандин бор аст, ки даст ба сӯзонидани китоби муқаддаси аҳли Ислом мезанад. Соли гузашта ин амали худро ба муносибати солгарди инфиҷорҳо дар шаҳри Ню-Йорк анҷом дода буд. Мақомот ӯро барои ин амал 300 доллар ҷарима карданд, вале на барои қуръонсӯзӣ, балки барои риоя накардани қоидаҳои зиддисӯхтор.  

Додгоҳи Амрико қуръонсӯзии роҳибро ҳақ эълон кард. Охири соли 2011 узви додгоҳии олии ин кишвар Стивен Брейер изҳор дошт, ки амали Ҷонс муғойир ба қонунҳои ИМА набуд, зеро он озодии амал ва баёнро нақз намекард. 

Соли гузашта ҷавобан ба амали роҳиби муртади амрикоӣ дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон шахсони ношинос ба намояндагии дафтари СММ ҳамла бурданд ва 12 нафарро ба ҳалокат расонданд, ки 7 тани онҳо шаҳрвандони хориҷӣ буданд. Он замон Ҷонс дар матбуот эълон кард, ки аз он чӣ дар Афғонистон рӯй дод мутаассиф аст, вале бори ҳеҷ гуноҳеро ба гардан намегирад. Ҳамон сол вай ҳатто хабар дод, ки барои курсии раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи Амрико талош хоҳад кард, вале номзадии худро нагузошт. 

Тавҳин ба муқаддасоти аҳли Ислом дар ҷомеаи имрӯзаи Амрико, як амали маъмулист ва хориҷ аз ҷазо мондани омилони ин гуна тавҳинҳову таҳқирҳо, сокинони ситезаҷӯро далертар мекунад.Чанде пеш сару садоҳое дар Афғонистон баланд шуда буданд, ки сарбозон дар пойгоҳи низомии Багром нусхаи дигари мусҳафи шарифро оташ задаанд. Ҳарчанд ин амал боиси вокунишҳои шадид шуда буд, вале то ҳол муайян нест, ки оё мақомот гунаҳгорони онро ба ҷазо кашиданд ё на. 

Фирӯзи МУҲАММАД
"
TojNews"

Маълумот
Шӯъба: Ҷаҳон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 593
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 01:55
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024