Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Кадом зан аст, ки номаш дар Қуръон зикр гардидааст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 394



Теги

Дӯстон






Вокуниши Душанбе ба гузориши Вашингтон



Мавлон Мухторов, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, мегӯяд, дар Тоҷикистон ягон хел маҳдудият ба ягон мазҳаб, дин ва равияи исломӣ ва ё ғайриисломӣ вуҷуд надорад

Мақомоти расмии Тоҷикистон арзёбии вазъи озодиҳои динӣ дар кишвар аз сӯи вазорати умури хориҷии Амрикоро дур аз воқеият медонанд.

Мавлон Мухторов, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар умури мазҳаб, гуфт, Амрико дар ҳоле озодиҳои динӣ дар кишварро маҳдуд арзёбӣ кардааст, ки даҳҳо гурӯҳи динии ғайриисломӣ ва масоҷиди ҷомеъву панҷвақта дар кишвар бидуни мушкил амал мекунанд/

Вай афзуд, “ягон хел маҳдудият ба ягон мазҳаб, дин ва равияи исломӣ ва ё ғайриисломӣ вуҷуд надорад. Чӣ қадаре, ки намояндагони динҳои гуногун ба мо муроҷиат карданд, онҳоро сабтином кардем. Ба қайди давлатӣ гирифтем. Ба онҳо ҳуҷҷатҳои расмиро додем. Гумон мекунам, ин гуна даъвоҳо беасосанд”.

Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши тозаи худ дар бораи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон навиштааст, ҳарчанд Қонуни асосӣ озодиҳои диниро замонат медиҳад, вале қонуну қарорҳои дигари ҳукумат ин озодиҳоро ба шиддат маҳдуд мекунад. Мавлон Мухторов, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар умури мазҳаб, гуфт, агар ишораи Амрико дар ин ҷо тасвиби қонуни нави озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ бошад, пас, дуруст нест. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз тасвиби қонуни нав таҳти назорати шадид гирифтани созмонҳои динӣ набуда, балки қонунӣ ва ё расмӣ гардонидани фаъолияти баъзе аз онҳо будааст.

Мавлон Мухторов мегӯяд, “бо қабул шудани қонуни нав дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ мо имкони хуб пайдо кардем, ки ҳамаи иттиҳодияҳои диниро сабтином кунем. Онҳо низ имкон пайдо карданд, ки унвони нав гиранд. Сертификати замин гиранд ва дар чорчӯбаи қонуни нави ҳуҷҷатҳояшонро ба мо пешниҳод кунанд. Дар ин ҷо ягон масъала вуҷуд надорад. Чи хеле медонед, дар канори мусулмонон равияҳои дигари ғайриисломӣ ҳам ҳузур доранд ва озодона фаъолият мекунанд”.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, баҳои Амрико ба вазъи озодиҳои динии Тоҷикистонро мӯътадил арзёбӣ мекунад
Дар ҳамин ҳол Муҳидин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, баҳои Амрико ба вазъи озодиҳои динӣ дар кишварро мӯътадил арзёбӣ кард. Вай гуфт, ин гузориши Амрико нисбат ба гузоришҳои қаблияш фарқ дорад. Бахусус, дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, ин дафъа дар баробари камбудиҳо аз пешрафтҳо ҳам ёдоварӣ шудааст.

Вай афзуд, “барои мисол, гузориш вазъи динӣ дар Тоҷикистонро таҳаммулпазир қаламдод кардааст, ки ин баҳои мусбат аст. Ва аз тарафи дигар Қонуни асосии моро ҳам муносиб барои ҳамкории дин ва давлат ва дорои шароити хуби озодиҳои динӣ шинохтааст, ки ин низ баҳои хеле хуб аз тарафи таҳиякунандагони ин гузориш мебошад. Ҳамзамон ишораҳое барои вуҷуди камбудиҳо дар ин самт ҳаст. Бояд гуфт, ки ин камбудиҳо натанҳо аз тарафи мақомоти амрикоӣ ва ё ғарбӣ бардошта шудаанд, балки худи шаҳрвандони Тоҷикистон, аз он ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам ин камбудҳоро бардошта буд”.

Муҳиддин Кабирӣ дар идомаи сӯҳбаташ ба вижагии дигари гузориши имсолаи вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон ишора кард. Вай аз ин ки департаменти давлатии Амрико ин дафъа дар гузоришаш бештари мушкили мазҳабӣ дар Тоҷикистонро ба мусулмонони кишвар рабт додааст, пуштибонӣ намуд. Нуктае, ки ба гуфтаи Кабирӣ дар гузоришҳои пешини вазорати умури хориҷии Амрико дида намешуд. Вай мегӯяд, “пӯшидани ҳиҷоб барои духтарон дар мактабҳо, рафтани занон ба масоҷид ва эҷоди мушкил дар фаъолияти баъзе аз масҷидҳо, ки сабтином нашуда буданд, ин худ баёнгари он аст, ки мушкилӣ дар ин самт вуҷуд дорад”.

Муаллифони гузориш менависанд, ҳукумат натанҳо мусулмонон, балки ҳамчунон созмонҳои мазҳабии хориҷиро ҳам ҳадаф қарор додааст. Паём Фурӯғӣ, як фаъоли ҳуқуқи башар дар Душанбе, ин арзёбии вазорати умури хориҷии Амрикоро айни муддао донист. Зеро ба гуфтаи ӯ, иддаои мақомоти Тоҷикистон дар бораи озодиҳои динӣ дар ҳолест, ки даҳҳо созмони масеҳӣ ба далели миссионерӣ ва ё мубашширӣ буданашон таҳти фишор ва ҳам назорати шадиди ҳукумат қарор гирифтаанд.

Дар гузориши вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон ҳам дар бораи мушкили баъзе аз созмонҳои масеҳии миссионерӣ таъкид рафтааст. Аммо гуфта мешавад дар соли ҷорӣ баъзе аз уламои барҷастаи ислом дар Тоҷикистон ҳам таҳти фишори ҳукумат қарор гирифтаанд. Мулло Аббос Ниёзӣ, аз рӯҳониёни шинохта дар шимоли Тоҷикистон, гуфт, имсол баъд аз даъват шуданаш ба Кумитаи амнияти миллӣ Нуриддин Тӯраҷонзода, мулаққаб ба Эшони Нуриддинҷон, натанҳо камтар ба амри маъруф мепардозад, балки дар баёни андешаҳояш низ эҳтиёткор шудааст.

Дар маҷмӯъ, ба назари коршиносон ва рӯҳониён дар Тоҷикистон баҳои Амрико ба вазъи озодиҳои динӣ дар кишвар баёни воқеият будааст. Зеро ба гуфтаи онҳо, агар давлат аз як сӯ бо иқдомҳои хосе мехоҳад ба дин ва диндорон арҷ гузорад, аммо аз тарафи дигар иқдомҳое гирифтааст, ки ба иҷрои фароизи динии диндорон монеа эҷод кардааст. Чизе, ки худи мақомоти расмӣ онро радд мекунанд.

Каюмарси Ато


Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 592
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 23:25
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024