" و قل للمؤمنات يغضضن من أبصارهن و يحفضن فروجهن ولا يبدين زينتهن إلا ما
ظهر منها و ليضربن بخمرهن على جيوبهن ولا يبدين زينتهن إلا لبعولتهن …(
النور : 31)
Яъне : « Ва бигу барои занон муъмина , ки поён
андозанд бархе аз назархои худро ( яъне чашми худро аз назари шахвонй
ба мардони ачнабй бипушанд ) ва нигах доранд ва зохир накунанд ороиши
худро магар ончи , зохир аст аз он ва бояд фуру гузоранд чодархои худро
бар гиребонхои худ ва зохир накунанд зиннат ( мастури ) худро , магар
ба шавхарони худ , ё падарони худ ё падарони шавхари худ , ё писарони
худ , ё писарони шавхарони худ ,ё бародарони худ , ё писарони
бародарони худ , ё писарони хохарони худ , ё занони худ , ё занони худ
, ё ончи молики уст дастхои эшон , ё хидматгороне , ки сохибшахват
набошанд аз мардон ё атфоле , ки хануз мутталиль ( огох) нашудаанд бар
розхои занон . Ва назанонанд ба замин похои худро , то дониста шавад
ончи пинхон доранд аз зиннати худ . Ва ручуъ кунед ба суи Аллох хама ,
ай муъминон , шояд растагор шавед !» Ва дар сураи нур ояти 60 :
" و القواعد من النساء اللاتي لا برجون نكاحا فليس عليهن جناح أن يضعن ثيابهن غير متبرجات بزينة ( النور : 60 )
" يا أيها النبي قل لأزواجك و بناتك ونساء المؤمنين يدنين عليهن من جلابينهن . ( الأحزاب :59 )
Яъне : « Ай Пайгамбар бигу ба занони худ ва духтарони худ ва занони
мусулмонон , ки фуру гузоранд бар худ чизе аз чодархои худ .» Ва дар сураи Ахзоб ояти 53 :
" و إذا سألتموهن متاعا فسئلوهن من ورآء حجاب ( الأحزاب : 53 )
Яъне : « Ва чун хохед аз занони пайгамбар матоъе , пас талаб кунед аз эшон аз беруни парда ..» Ин ояти карима сарохатан далолат ба он дорад , ки сатри занон аз мардон вочиб аст . Ва низ дар ояти 55 хамин сура : " لا جناح عليهن في آبائهن و لا أبنائهن ولا إخوانهن ولا أبناء إخوانهن ولا أبناء أخواتهن … ( الأحزاب : 55 )
Яъне : « Нест хеч гунох бар занон дар адами сатр назди падаронашон ва
на пеши писаронашон ва на назди бародарони худ ва на назди писарони
бародарони худ ва на назди писарони хохарони худ …»