Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
ЗИКРҲО АЗ ҚУРЪОНУ СУННАТ [16]
АҚИДА [65]
ТАВҲИД - АҚИДА
ҚУРЪОН [21]
ҲАДИС [59]
ФАТВОХОНА [191]
ИСЛОМ [194]
Одоб ва Ахлок [121]
ҲАРОМ ВА ҲАЛОЛ [110]
СИРАИ ПАЙҒАМБАР [21]
ЗАНҲОИ ПАЙҒАМБАР [14]
ҲАЁТИ САҲОБА [30]
ОИЛА ВА НИКОҲ [198]
ТАЪРИХ [37]
ҶОМЕА [86]
ЗАН ДАР ИСЛОМ [85]
ҶАХОН [5]
АШЪОР [2]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Кадом зан аст, ки номаш дар Қуръон зикр гардидааст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 394



Теги

Дӯстон






Бидъати ҳақиқӣ чиро мегўянд?




САВОЛ: Бидъати ҳақиқӣ чиро мегўянд?

Мурод аз он ба қасду умеди савоб анҷом додани амале мебошад, ки Қуръони карим ва Суннати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам наомада бошанд ва он ду масдари дин анҷом доданашро тарғибу ташвиқ накарда бошанд. Аз ин ҷумла метавон ҳар сол дар рузи ошуро либоси сиёҳ пушидану саҳнаи гиряву мотамро бо доду фиғон ба номи ёдоварӣ аз кушташудани Имом Ҳусайн ҳамчун дурамаи ғамангез иҷро кардан мебошад. Чунин ёдоварӣ агар бидъату залолат намебуд салафи уммат онро аз барои вафоти Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам анҷом медоданд. Ин амал ғайр аз бидъати ҳақиқӣ буданаш чандин зарари дигаре ҳам дорад:

1-Мухолафати ошкор бо таълимоти Қуръон аст. Зеро Қуръони карим моро таълим медиҳад, ки аз барои гузаштагони худ дуъову талаби мағфират намоем ва мотаму доду фиғон ва либоси сиёҳ пушиданро таълим надодааст. Ҳамчуноне дар ояти 10 сураи "Ҳашр" омадааст: " Ва касоне, ки баъди онон омадаанд, мегўянд: Парвардигори мо, биёмурз моро ва он бародаронамонро, ки сабқат кардан бар мо бо имон овардан ва пайдо макун дар дилҳои мо ҳеҷ кина нисбат ба ононе, ки имон овардаанд. Парвардигори мо ҳар оина ту бахшояндаи меҳрубонӣ."

2-Ояти 10 сураи Ҳашр моро таълим медиҳад, ки аз кинаву кудурат нисбат ба мусулмонон ба Аллоҳ таъоло паноҳ бибарем. Чуноне медонем Имом Ҳусайн дар ҷанги байни мусулмонон кушта шудааст ва қотилонаш бо вуҷуди золиму фосиқ шуданашон мусулмон боқӣ мондаанд ва исми мусулмон будан аз онон дур нашудааст. Зеро лашкари Ибни Зиёд ба ин ақида бар муқобили Имом Ҳусайн ҷангидаанд, ки Имом Ҳусайн дар муқобили подшоҳи ҳақ қиём кардааст ва дар муқобилаш ҷангидан равост. Қотилони Имом Ҳусайн мутобиқи ақидаи аҳли суннат золиму фосиқанд ва кофир намебошанд ва кофир ҳукм карданашон мазҳаби шиъаён аст. Аз ин рў мо аз кирдорашон безорӣ мекунем, вале нисбат ба онон ҳақи кинаву адоват надорем. Ҳангоме ҳазрати Холид дар иҷтиҳодаш хато карда шахсеро бегуноҳ кушт Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз феъли вай иълони безорӣ намуд, вале лаънаташ нагуфт ва нисбат ба вай кина нагирифт ва адоват накард. Аммо маъракаи мотами ошуро сабаби кинаву адоват нисбат ба онон мегардад, ки хилофи таълимоти ояти мазкур мебошад.

3-Мутобиқи ақидаи аҳли суннат беҳтарин мусулмонҳо баъди пайғамбарон ҳазрати Абубакру Умар ва Усмону Алӣ ба шумор мераванд ва Имом Ҳусайн бо онон баробар шуда наметавонад. Аз ин чаҳор сенафарашон мисли Имом Ҳусайн золимона кушта шудаанд. Пас тахсиси мотам ба Имом Ҳусайн, агар чуноне мепиндоранд, ки савоб мебошад, чӣ маъно дорад?

4-Гузаштагони аҳли суннат дар давоми чандин аср бо чунин мотаму занҷирзадан мухолафат кардаанд, вале имрўз анҷом додани чунин кор ҷуз инҳироф аз мазҳаби аҳли суннат чизи дигаре нест.

5-Дар мотами ошуро душманони саҳобагон ҷамъшуда ба баҳонаи мотаму ёдоварии Имом Ҳусайн дўстони Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро дашном медиҳанд. Дар маъракаи мисли маъракаи онон ширкат кардан, ҷуз"Ва ман ташаббаҳа биқавмин фаҳува минҳум" маънои дигар надорад.

6-Маъракаи мотамро дар баъзе мамолики исломӣ мухолифини аҳли суннат ҳамчун василаи макосиби сиёсӣ истифода мебаранд ва ба мардум аҳли суннатро қотилони ҳазрати Имом Ҳусайн муаррифӣ мекунанд, то мардум аз мо ва ақидаи мо безорӣ намоянд ва пайраву ҳамақидаашон бигарданд. Аз ин рў барпо кардани чунин маъракаҳои ошуро ҷуз гармтар кардани бозори манофеъи сиёсии мухолифони мо дар сатҳи олами ислом маънои дигаре надорад.

7- Иҳё кардану шуҳрат додани зикри фитнаҳое, ки ба манфиъати ислому якпорчагии мусулмонон намебошанд, хилофи манҳаҷи аҳли сунат ва мувофиқи манҳаҷи аҳли бидъат аст. Аммо манҳаҷи аҳли суннатро дар амсоли ин масоил ҳазрати Умар бо ин панди бо ҳикматаш чунин муқарар кардаанд: Утрукуш-шарра битарки зикриҳи." Яъне кори бадро ба тарк кардани зикраш тарк бисозед.

8-Изҳори муҳаббат аз Имом Ҳусайн ба мотаму фиғон набуда, балки ба пайравӣ аз суннати волои бобояш ва нусрати дину ақидаест, ки ин Имоми бузурги аҳли байт аз он пайравӣ кардааст ва ба иҷтиҳоди худ ба мақсаду нияти ислоҳ ба истиқболи шаҳодат рафтааст. Агар вай дар иҷтиҳодаш ба ҳақ расида бошад Аллоҳ таъоло ду савобаш медиҳад, вале агар ба хатову иштибоҳ роҳ дода бошад як савоб мегирад. Аммо бо мотаму доду изҳори муҳаббати Имом Ҳусайн кардан феъли мардони ҳақиқӣ нест


http://firdavsi.com

Маълумот
Шӯъба: АҚИДА
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 569
Шарҳҳо: 1 ...
Вақти гузориш: 17:05
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0




¹-1  Äîáàâèë: Abdulhack    Äàòà: 08.02.2010-08:53

чазакаллоху хайр я ахи!!!



Copyright MyCorp © 2024