Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
ЗИКРҲО АЗ ҚУРЪОНУ СУННАТ [16]
АҚИДА [65]
ТАВҲИД - АҚИДА
ҚУРЪОН [21]
ҲАДИС [59]
ФАТВОХОНА [191]
ИСЛОМ [194]
Одоб ва Ахлок [121]
ҲАРОМ ВА ҲАЛОЛ [110]
СИРАИ ПАЙҒАМБАР [21]
ЗАНҲОИ ПАЙҒАМБАР [14]
ҲАЁТИ САҲОБА [30]
ОИЛА ВА НИКОҲ [198]
ТАЪРИХ [37]
ҶОМЕА [86]
ЗАН ДАР ИСЛОМ [85]
ҶАХОН [5]
АШЪОР [2]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Оцените мой сайт
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 812



Теги

Дӯстон






Чигуна тоъату ибодати Аллоҳ таъоло сабаби ободии дунёи мо шуда метавонад?




САВОЛ:  Чигуна тоъату ибодати Аллоҳ таъоло сабаби ободии дунёи мо шуда метавонад?

Ақидаи тавҳид ва яктопарастӣ калиди тамоми некбахтиҳои инсон аст, ки агар онро дар ҳаёташ татбиқ намояд вайро аз хавфу тарси фақр, беморӣ, душман, фитнаи сарвату мол, бекасӣ ва дигар мушкилотҳои ҳаёт наҷот медиҳад. Аммо аз фақр натарсиданаш аз он ҷиҳат мебошад, ки каму зиёд шудани ризқро аз ҷониби Аллоҳ таъоло ва ба тақдири Ў таъоло медонад ва сабру шукр карданро дар чунин ҳолат аҷру савоб муътақид аст. Аз беморӣ натарсиданаш аз он ҷиҳат мебошад, ки имон дорад, то вақту соъати умраш тамом нашуда бошад ҳеҷ беморие сабаби марги вай шуда наметавонад ва умед мекунад, ки ин беморияш боиси омурзиши гуноҳонаш мешавад. Аммо аз душман натарсиданаш аз он ҷиҳат ҳаст, ки дар муқобили он ба шаҳодат расиданро шараф медонад ва сабаби ободии охираташ ақида дорад. Аммо аз фитнаи мол аз он ҷиҳат хавф надорад, ки онро аз зарурат бештар захира намекунад ва ончиро аз ҳоҷаташ зиёд аст ба фақирону муҳтоҷон медиҳад ва дар дунё худро маҳбуби фақирон ва дар охират мақбули Худои хеш мегардонад. Аммо аз танҳоӣ бекаси аз он ҷиҳат наметарсад, ки тарбияи фарзандро ибодат медонад ва бохешу табор дўстию алоқаро аҷру савоб иътиқод мекунад ва худро аз канори онҳо дур намесозад ва танҳову тор намекунад.

Ғайр аз ин итоъати подшоҳи мусулмон, хидмати падару модар, дифоъ аз хоку номус ва амволу ақида, риъояи ҳуқуқи бародари мусулмон, дузди накардан, дуруғ нагуфтан, фиреб надодан ва ғайраву ҳоказо умуреанд, ки воҷибу ибодатанд ва сабаби ободии мамлакат ва пешрафту тарақии ҷомеъа мебошанд.

САВОЛ:  Чаро касе надонад, ки барои чӣ Аллоҳ таъоло вайро офаридаанд, кофир мешавад?

Зеро матлаби асосии вуҷуди худро надониста ҳастияшро беҳикмату беҳуда иътиқод кардааст.

ХУЛОСАИ МАВЗУЪ

1-Аллоҳ таъоло ҳеҷ мавҷудеро беҳадафу беҳуда наофаридааст ва вуҷуди тамоми мавҷудот боҳикмату бомақсад мебошад.

2-Ҳикмату ҳадаф аз офаридани инсону ҷин тоъату ибодати Аллоҳ субҳонаҳу ва таъолост.

3-Ҳикмат аз фарз шудани тоъату ибодат бар инсон дастёфтан ва муваффақ шудани вай ба васила ва воситае мебошад, ки боиси ободии дунё ва охираташ мебошанд.

4-Касе аз барои чӣ махлуқ шуданашро надонад аз дин бегона мегардад.


 http://firdavsi.com


Маълумот
Шӯъба: АҚИДА
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 492
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 16:10
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024