Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
ЗИКРҲО АЗ ҚУРЪОНУ СУННАТ [16]
АҚИДА [65]
ТАВҲИД - АҚИДА
ҚУРЪОН [21]
ҲАДИС [59]
ФАТВОХОНА [191]
ИСЛОМ [194]
Одоб ва Ахлок [121]
ҲАРОМ ВА ҲАЛОЛ [110]
СИРАИ ПАЙҒАМБАР [21]
ЗАНҲОИ ПАЙҒАМБАР [14]
ҲАЁТИ САҲОБА [30]
ОИЛА ВА НИКОҲ [198]
ТАЪРИХ [37]
ҶОМЕА [86]
ЗАН ДАР ИСЛОМ [85]
ҶАХОН [5]
АШЪОР [2]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Оцените мой сайт
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 812



Теги

Дӯстон






Дар радди аҳли ҳулулу иттиҳод уламои ислом чӣ гуфтаанд?



САВОЛ:  Дар радди аҳли ҳулулу иттиҳод уламои ислом чӣ гуфтаанд?

Аллома Бурҳонуддини Бақоии Шофеъӣ (809-885 ҳиҷрӣ) дар китобаш"Танбиҳул-Ғабӣ" баъзе муътақадоти ин тоифаро чунин шарҳ додаанд:

1-Муътақиданд, ки ғайр аз ин олам дигар оламе вуҷуд надорад.

2-Муътақиданд, ки Зоти Аллоҳ як амри куллиест, ки вуҷудаш дар зоти ҷузиёт, яъне махлуқоташ мебошад. Яъне Худо Зоти мустақил надорад ва вуҷўди Худо ва вуҷуди махлуқоташ яке мебошанд ва ғайра.

САВОЛ: Оё пайравони ақидаи ҳулулу иттиҳод аз аҳли тасаввуфанд?

Бисёр бузургони аҳли тасаввуф ононро на танҳо хориҷи аз тасаввуф, балки хориҷи аз ислом ҳукм кардаанд!! Яке аз бузургони тасаввуф Муҳаммад ибни Алоуддини Бухории Сўфии Ҳанафӣ (779-841 ҳиҷрӣ.) дар инкор кардани суфӣ буданашон рисолае навиштаанд, ки"Фозиҳатул-Мулҳидин ва Носиҳатул-Муваҳҳидин" ном дорад.

Алоуддини Бухорӣ дасисаҳои баъзе атбоъи ин тоифаро ҳамчуноне дар саҳ 186 китоби Бақоъӣ мазкур аст, чунин баён кардаанд: "Ин мулҳидон бо ибораҳои аҳли тасаввуф куфру залолати худро мепушонанд, пас бояд аз макрашон ҳазар карда шавад:

А-Эшон мисли сўфиён калимаи фаноро истифода мекунанд, вале мақсади онон мисли тоифаи фалсафии

Сўфаситоия ҳақиқати ашёро инкор кардану вуҷуди ашёро ваҳмӣ ва хаёли эътиқод кардан аст.

Б-Калимаи бақоро истифода мекунанд ва ба он мулоҳазаи вуҷуди мутлақро ирода менамоянд.

В-Ваҳдати мутлақ мегўянд ва бо ин калима вуҷуди Худоро хаёлӣ ва вуҷуди тамоми ашё, ҳатто наҷистарини онро Худо муътақиданд..."

Дар ин шеъри форсӣ Мавлонои Рум ақидаи ин тоифаро чунин баён мекунад:

ОНОН, КИ ТАЛАБГОРИ ХУДОЕД-ХУДОЕД,

БЕРУН ЗИ ШУМО НЕСТ, ШУМОЕД-ШУМОЕД.

 

Аммо дар шеъри арабӣ Абўмуғис Ҳусайн бен Мансўри Ҳаллоҷ (244-309 ҳиҷрӣ) ақидаи ҳулул ва иттиҳодро чунин тавзиҳ кардаанд:

أنا من أهوي و من أهوي أنا نـحن روحان حللـنا بدنا

فإذا أبصرتـني أبصـرتـه و إذا أبصـرته أبصـرتنا

مزجت روحك في روحي كما تمزج الخمـرة في الماء الزلال

فإذا مسك شـئ مسـني فإذا أنت أنـا في كل حال

ТАРҶУМА: "Ман онам, ки худ онро дар талабам,онеро металам, он ман худам.Мо ду рўҳем ҷойгузин дар як бадан, чун маро дидӣ вайро мебинӣ ва чун вайро бинӣ маро мебинӣ.Рўҳи ту бо рўҳи ман ончунон омехта гардидааст, ки шароб дар оби соф омехта мешавад. Ҳар чизе туро ба даст бигирад маро ба даст гирифтааст, пас дар ҳар ҳол айни ман ҳастӣ"

ХУЛОСАИ МАВЗУЪ

1-Ақида дорем, ки тамоми мавҷудоти олам аз кучактарин то бузургтарини он ваҳмӣ ва хаёлӣ намебошанд, балки вуҷудашон моҳият ва ҳақиқат дорад.

2-Ақида дорем, ки Аллоҳ таъолоро мавҷуд аст ва тамоми ончиро Ў таъоло бо қудрати бемисолаш офаридаанд низ мавҷуди ҳақиқӣ мебошанд.

3-Ақида дорем, ки ҳақиқати вуҷуди Аллоҳ таъоло мисли ҳақиқати исмҳо, сифатҳо ва афъолаш ба ҳақиқати тамоми дигар мавҷудот ва исмҳо, сифатҳо ва афъолашон мислу монанд намебошанд. Аз ин рў ҳулули Аллоҳ таъоло дар махлуқот ва муттаҳид шудани зоташ бо зоти онон аз дидгоҳи дин мардуд ва аз дидгоҳи ақл маҳол мебошанд.

4-Ақидаи ҳулули Аллоҳ дар махлуқоташ ва муттаҳид гуфтани зоти Худо бо махлуқот ду чизеро лозим медорад, ки ҳарду куфри ошкоранд: А-Ҳамҷинсу монанд будани Зоти Аллоҳ таъолоро бо тамоми махлуқоташ. Зеро ҳулулу иттиҳод мисли идғому якҷо шудан асосан дар мутаҷонисайн, яъне ду ҳамҷинс воқеъ мешаванд. 2-Инкори ҳақиқати вуҷуди Худо ё вуҷуди тамоми дигар мавҷудотро лозим медорад. Зеро вуҷуди Худо дигар шакли вуҷуд аст ва вуҷуди тамоми дигар мавҷудот шакли дигари он. Агар гуфта шавад, ки Худо дар мавҷудот ҳулул кардааст, вуҷуди мавҷудот ҳақиқӣ мешавад ва вуҷуди Худо ботилу хаёлӣ. Агар ҳулулро баракси ин даъво карда шавад вуҷуди Худо ҳақиқӣ мешавад ва аз дигар мавҷудот ботилу хаёлӣ. Муттаҳид гуфтани вуҷуди Худову дигар мавҷудот хоҳ нохоҳ ботилу хаёлӣ иътиқод кардани яке аз ин ду вуҷудро лозим медорад.

5-Асоси ақидаи ҳулулу иттиҳод аз назарияи фалсафии суфаситоияҳо, ки вуҷуди мавҷудоти оламро ваҳмӣ ва хаёлӣ мепиндоранд бунёд гардидааст.

6-Ақидаи ҳулулу иттиҳод аз дидгоҳи дин куфри ошкор мебошад.

7-Ақидаи ҳулулу иттиҳод аз ақидаи таслиси насрониён бадтар аст. Зеро аҳли таслис танҳо ҳулулу иттиҳоди ҳазрати Исо ва ҳазрати Ҷиброилро бо Аллоҳ таъоло муътақиданд. Аммо аҳли ҳулул ва иттиҳод иттиҳоди тамоми мавҷудотро бо зоти Худо даъво мекунанд.


http://firdavsi.com

Маълумот
Шӯъба: АҚИДА
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 599
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 17:44
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024