Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
ЗИКРҲО АЗ ҚУРЪОНУ СУННАТ [16]
АҚИДА [65]
ТАВҲИД - АҚИДА
ҚУРЪОН [21]
ҲАДИС [59]
ФАТВОХОНА [191]
ИСЛОМ [194]
Одоб ва Ахлок [121]
ҲАРОМ ВА ҲАЛОЛ [110]
СИРАИ ПАЙҒАМБАР [21]
ЗАНҲОИ ПАЙҒАМБАР [14]
ҲАЁТИ САҲОБА [30]
ОИЛА ВА НИКОҲ [198]
ТАЪРИХ [37]
ҶОМЕА [86]
ЗАН ДАР ИСЛОМ [85]
ҶАХОН [5]
АШЪОР [2]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Дарозтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 488



Теги

Дӯстон






Издивоҷ (оиладоршавӣ ) дар шариъати муқаддаси Ислом




Дар шариъати муқаддаси Ислом издивоҷ (оиладоршавӣ ), дар сурати доштани қудрати молӣ ва ғалабаи шаҳват воҷиб аст. Паёмбари акрам (с) фармудааст : « Никоҳ аз ҷумлаи суннатҳои ман аст ва касе ба суннати ман амал нанамояд, аз ҷумлаи умматони ман нест.»

Дар китоби сунани Ибни Моҷа таҳти рақами 1846 ва дар Саҳеҳи Бухорӣ  таҳти рақами 5063 дар зимни ҳадиси муфассале омадааст: «Ва ман бо занон издивоҷ менамоям. Пас касе аз суннати ман рӯй гардонад, аз  ( уммати) ман нест». Ба ин маъно ҳадиси дигаре аз Паёмбар (с) низ ворид шудааст. Аз ҷумла дар китоби Мусаннафи Абдурраззоқ таҳти рақами 10379, ҷилди 6, сафҳаи 169 мефармояд:«Касе аз суннати ман  пайравӣ намояд аз ман аст ва никоҳ яке аз суннатҳои ман аст».Ҳамчунин дар ҳамон китоб ҳадиси дигаре таҳти рақами 13736, ҷилди 10, сафҳаи 235 мефармояд: «Касе фитрат (роҳ) -и маро дўст дорад, аз суннати ман паиравӣ намояд ва яке аз суннатҳои ман никоҳ мебошад».

Яъне барои бароварда сохтани ниёзҳои фитрӣ ва хостаҳои табиъии инсон Паёмбар (с) роҳи машрўъ ва мутаъодилеро поягузорӣ намудааст, ки башариятро ҳам аз васвасаҳои гушанишинӣ, зиёнҳои гуногуни ҷабҳаи ҳаёти бехонавода ва ваҳшатҳои танҳоӣ раҳо месозад  ва  ҳам аз ҳар гуна беиффатӣ, тардоманӣ ва лазатҷӯиҳои номашрўъ нигоҳ медорад.

Пас, касе ки дар бароварда сохтани ниёзҳои фитрӣ ва майлҳои ҷисмонию нафсонии худ аз равиши мўътадил ва дурусти он Ҳазрат (с) пайравӣ нанамояд ва ё бо паймудани маслакҳои хилофи фитрат, аз посухи мусбати ин ҷанбаи ҳаёти инсон чашмпўшӣ намояд, чунин инсон аз роҳи дуруст ва суннати зебое, ки он Ҳазрат (с) бино ниҳодааст, берун ва бенасиб мондааст.

Ҳамзамон он Ҳазрат (с) аз танҳо зистан ва канорагирӣ аз издивоҷ наҳе намудааст. Аз Самура ривоят шудааст, ки : « Паёмбар (с) аз табаттул ( безанӣ ва танҳоӣ ) наҳе намудааст». Дар яке аз фармоишоти дигари худ он Ҳазрат (с) ба нуктаи муҳимме ишора фармудаанд: «Шахсе, ки издивоҷ менамояд, аз се ду ҳиссаи дини худро дар амони Худованд даровардааст».

Дар китоби Мўъҷамуласват, таҳти рақами 7647 ва 8794, ҷилди 7 ва 8, сафҳаи 382 ва 394 ривоят омадааст, ки: «Касе издивоҷ намояд, нисфи имонашро комил гардонидаааст. Пас дар нисфи дигараш Худоро тақво намояд». Яъне издивоҷ кардан бандаро дар ҳифзи иффат ва комил гардидани имонаш кӯмак менамояд.

Ҳадафи асосии издивоҷ, аз як ҷониб ҳифзу нигоҳдории иффат ва покдомании марду зани мусалмон аст ва аз ҷониби дигар, ба вуҷуд омадани фарзанд ва насли солеҳ мебошад. Чунончи, Паёмбари Ислом дар китоби Сунани Абӯдовуд, таҳти рақами 2050 ва Сунани Насоӣ, таҳти рақами 3228 мефармояд: «Издивоҷ намоед, то насли мусалмонон зиёд шавад , зеро рўзи қиёмат ба бисёрии умматонам ифтихор хоҳам кард».

Ҳифзи иффат ва покдомании мардум яке аз муҳимтарин мақсудҳои Ислом аст. Қуръони карим дар ин замина дар сураи Аъроф, ояти  33  мефармояд:


«Бигў : Парвардигорам тамоми зиштиҳо ( ва бебандубориҳо)- ро, ки чӣ ошкор бошанд ва чӣ пинҳон ҳаром гардонидааст…».

Марду зани мусалмоне, ки дар кори издивоҷ саҳлангорӣ менамоянд, имкон дорад ба васвасаҳои шайтонҳои инсӣ ва ҷиннӣ гирифтор шуда муртакиби амали қабеҳи зино шаванд ва меваи умри худро барбод диҳанд ва дар он сурат, дигар пардаи иффат дарида хоҳад шуд.

Донишмандони ғайриисломӣ пас аз қарнҳо мутолиъаву талош ва чашидани талхтарин самароти бебандуборию фаҳшо дар ҷомеъаҳои ба истилоҳ мутамаддини худ, имрўзҳо эъҷози ( мўъҷиза будани ) фармоиши Паёмбари акрамро, ки фармуд: «Амали зино баракатро аз умр мебарад, пай бурдаанд», зеро шахси зинокор бар иловаи чашидани таъми муҷозоти (ҷазо) шаръӣ, дар ҳолати даст задан ба амали зишти зино, имони худро аз даст медиҳад ва дар он ҳолат имон аз дилаш хориҷ мегардад, чун аз фармудаҳои Паёбар (с) ҳадисе дар Саҳеҳи Бухорӣ, таҳти рақами 2475 омада, ки он Ҳазрат (с)  мефармояд: «Банда ҳангоме, ки зино мекунад, даст ба он намезанад ва ў мӯъмин бошад …» .

Ҳамчунин, бар касе пўшида нест, ки шахсони зинокор гирифтори бемориҳои гуногуне мешаванд, ки ин ҳамон рафтани баракат аз умри онҳо аст. Агар чанд рўзе ҳам зинда бошанд, зиндагияшон бадтар ва ҳалокатбортар аз марг аст ва бешак, рўзи ќиёмат дар пешгоҳи  Парвардигорашон рўсиёҳ хоҳанд буд.

Ҳикматҳои маънавӣ, равонӣї ва иҷтимоии никоҳ зиёд мебошанд. Аз ҷумла никоҳ:

а)- Заминаи бақо ва идомаи насли одамиро фароҳам месозад.

б)- Ниёзи ғаризаҳо ва майлҳои ҷисмии якдигар аз роҳи машрўъ посух медиҳад.

в)- Ҳамкорӣ ва шинохти масъулияти зану мардро барои нигаҳдорӣ ва тарбияти фарзандон ба вуҷуд меоварад.

г)- Равобити миёни марду зан, бар асоси риъояи ҳуқуқ ва анҷоми масъулият дар чаҳорчўбаи се асли: «оромиш», « дўстӣ» ва « дилсўзӣ» ва ё ба таъбири Қуръони карим «сукунат, маваддат ва раҳмат» танзим мешавад .

д)- Дар инсон эҳсоси масъулият ва талошу пўёӣ дар роҳи таъмини заминаҳои рафоҳияти зиндагӣ барои хонавода ба вуҷуд меоварад ва пояҳои шахсияти иҷтимоъии ўро таҳким мебахшад. Хулоса, хонавода барои парвариши ҷанбаҳои гуногуни шахсияти фард, мактаби амалӣ ва сайќалдиҳандаи зарфиятҳои фитрии ў мебошад.

ж)- Хонавода зинаи болотар ва пайванди миёни фард ва ҷомеъа мебошад. Бинобар ин, ворид шудан ба ҳаёти оилавӣ, рўҳияти иҷтимоъӣ ва таҷрибаи муъошират бо мардумро амалан дар шахсияти ў тақвият мебахшад.

Ҳолатҳои издивоҷ

Издивоҷ ва хонадор шудан се ҳолат дорад:

1- Ҳолате аст, ки издивоҷ кардани шахс дар он воҷиб ва зарур мебошад. Ин дар вақти сахт бедор шудани майлҳои шаҳвонӣ ва ғаризаҳои ҷисмии вай ба ҷинси муқобил мебошад. Зеро дар ин ҳолат, агар издивоҷ нанамояд, ба яқин ангезаҳои бедоргаштаи шаҳвонӣ ўро ба ҳаром ва зино гирифтор мегардонанд. Издивоҷ кардан дар ин ҳолат воҷиб мебошад ва он ҳам ба шарте, ки имкони оила барпо намуданро аз лиҳози иқтисодӣ ва иҷтимоъӣї дошта бошад.

2- Дар шароити табиъӣ ва дар ҳолати эътидоли ангезаҳои шаҳвонӣ ва майлҳои ҷисмӣ дар инсон, вақте заминаҳои бунёди хонавода фароҳам бошанд, издивоҷ кардан суннат аст.

3- Дар сурате шахс барои бинои хонавода ва ба дўш гирифтани бори масъулияти зиндагӣ омода набошад ва ба яқин ва ё гумони ғолиб бидонад, ки наметавонад ҳадафҳои бинои хонаводаро барои худ ва ҳамсараш таҳаққуқ бахшад ва ё аз худ бовар дошта бошад, ки издивоҷ сабаби ҷабру зулми ҳамсар ва поймол намудани ҳуқуқҳои якдигар мегардад, дар ин ҳолатҳо издивоҷ барои вай макрўҳ ва ҳаром мебошад.

Файзуллоҳи Аҳё


http://wasatiyat.tj/


Маълумот
Шӯъба: ОИЛА ВА НИКОҲ
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 1493
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 22:34
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024