Ҳазар аз асри нав асри фасод аст,
Илоҷаш муслиминро иттиҳод аст.
Ин мисраъҳои безаволи алломаи шаҳири
Машриқзамин Мавлоно Иқболи Лоҳурӣ бозгӯкунандаи воқеъияти ҷаҳони имрӯзии
Ғарб буда, тозиёнаи бедориест ҳар як мусалмон ва хосса миллати
тамаддунофар ва соҳиби ахлоқи накӯи инсонӣ- тоҷиконро.
Чун имрӯз ба шеваи рӯзгор, тарзи тафаккур, майишат, наҳваи
хонадориву муносиботи хешӣ ва оиладории ақвоми Мағриб менигарем ва он
ҳамаро дар мизони хираду фаросати шарқӣ- мусалмонии хеш мегузорем,
хулоса ин мешавад, ки давлатмардони урупоӣ зиёд аз демократия,
пешрафтҳо, баробариву қонунсолорӣ лоф мезананд, вале дар асл гирифтори
мушкилоти ахлоқӣ буда, ҷомеаҳояшон саропо дар ботлоқи фаҳшу фуҷур ва
фисқу фасод ғӯтидааст.
Фасоди ахлоқӣ, лаҳву лаъаб, зинову фоҳишагӣ, маразҳои сироятиву
бедавову инсонкуш чун спиду сифилис, нашъамандиву ҳамҷинсбозӣ,
шаробхориву рағбат ба мусиқии фаҳш, урён ба намоиш гузоштани бадан дар
тарабхонаҳо ва мавзеъоти фароғату истироҳат, бепардаву бурун аз ахлоқи
одамӣ нақш офаридани марду зан дар филмҳо, афзоиши бемайлони сафи
ҳаромзодаҳо имрӯз як ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии ақвоми Мағриб
гардида, ки таъсираш бешак ба кишварҳои мусалмонии мардумаш дорои ахлоқи
ҳамидаи инсонӣ ва пойбанд ба тарбия ва таъолими суннатӣ хоставу нахоста
мерасад ва акнун метавон гуфт, то ҷое ҳам нақше ба рӯзгори мо гузошта.
Дар ҷаҳони Ғарб падидаи хеле манфур, амали ғайри ахлоқи инсонӣ ливотат
(ҳомосексуализм) ва ҳамҷинсбозӣ, ки ҳанӯз 1390 сол қабл Холиқи осмонҳову
Замин- Худованди якто бори охир ва барои ҳамеша дар вопасин Паёми хеш-
Қуръони карим ин амалро шадидан маҳкум карда, онро гуноҳи кабира
хондааст, имрӯз бо рангу ҷилои тоза дар ҳоли рушд аст. Қуръони шариф
зимни баёни қиссаи қавми Ҳазрати Лут(а), ки он раҳгумзадаҳо ба ливотат
рағбат доштанду даъвати набии Худоро дар мавриди куфр ва ҳаром будани ин
амалашон шунидан намехостанд, дар чанд сура, аз ҷумла; Ҳиҷр, Шуъаро,
Анкабӯт, Ҳуд оварда ва ба азоби илоҳӣ гирифтор гаштани он фоҷиронро чун
нишон ва аломати ибрат барои мардум гӯшрас намудааст. "Дарёфт он
кофиронро овозу сайҳаи даҳшатноку ҳавлнок. Пас зеру забар кардем он
шаҳрро ва санг борондем болояшон." (Сураи Ҳиҷр, оёти 73- 74).
БОЗМОНДАҲОИ ҚАВМИ ЛУТ?
"Независымая газета" навиштааст, ки 17 июл дар пойтахти Лаҳистон
шаҳри Варшава ҳамойиши бозмондагони қавми Ҳазрати Лут(а) баргузор шуда,
ки дар он 70 ҳазор лутӣ аз тамоми кишварҳои Урупо ҷамъ омадаанд. Панҷ
сол қабл замоне лутиҳо мехостанд дар Варшава ҳамойиш биороянд, мири
онвақтаи шаҳр, собиқ Президенти Лаҳистон, марҳум Лех Качинский қотеъона
ба баргузории он монеъ шуда буд. Созмондиҳандагони ҳамойиши 17 июлии
лутиҳо, ки бо шиори "Натарсед!" ҷонибдорони хешро ба майдонҳои Варшава
рехтанд, лутиҳои лаҳистониро бо мукофоту ҷойизаҳо қадрдонӣ намуда, аз он
ки мири имрӯзии Варшава бону Анна Гронкевич ба табрикашон
набаромадааст, фуҷҷори гирдиҳамомада сахт изҳори нигаронӣ кардаанд. Бояд
гуфт, ки ҳамҷинсбозони Урупо шиори собиқ раҳбари католикҳои ҷаҳон,
папаи марҳум Иоҳанн Павели дуввумро, ки лаҳистонитабор буду раҳматӣ бо
"Натарсед!" бар алайҳи ҳамҷинсбозону лутиҳо мубориза мебурд, бешармона
(шарм куҷост лутиро!) аз худ намуда ва ҳам як навъ мухолиф будани хешро
бо калисо ошкоро изҳор намудаанд. Ҷомеъаи суннатӣ, рӯшанфикрон ва бархе
аз созмонҳои ҷамъиятии Лаҳистон ба ин маъракаороии аҳли фуҷҷор вокуниши
ҷиддӣ нишон дода, аз масъулин хостори он шудаанд, ки барояшон иҷозаи
ҳамойиши алтернативиро бидиҳанд. Ҳукуматдорони Варшава гуфтаанд, ки
лутиҳо низ ҷузъе аз ҷомеъаи Урупоянд ва ҳаққи ташкилу ширкат дар
ҳамойишро доранд. Тайи чанд соли ахир лутиҳо ва фуҷҷори Урупо дар яке аз
шаҳрҳои ин сарзамин гирди ҳам меоянд, аз проблему мушкилоти хеш ҳарф
мезананд ва ба ҷомеъаҳо фаҳмонидан мехоҳанд, ки онҳо низ одаманд ва дард
доранд. Мардони фуҷҷор мехоҳанд бо ҳамҷинсони хеш шавҳарошавҳар шаванд
ва бевазанони фосиқ бо ҳам табақзанӣ (лесбиянство) дошта бошанд.
РИМ ВА ҒАЙРИАХЛОҚИИ УМУМИЛЛӢ
Соли 2011 шаҳри Рим шоҳиди таҷамӯъи беш аз сад ҳазор лутии Урупо
хоҳад шуд. Фуҷҷори Мағриб ба хотири ба даст овардани иҷозаи никоҳи расмӣ
бо ҳамҷинсон он қадр болои давлатмардони хеш фишор овардаанд, ки он аз
Худо бехабарон бо онҳо розӣ шудаанд ва акнун дар кишварҳое чун
Аргентина, Белжик, Исландиё, Конодо, Испаниё, Ҳуланд, Норвеж, Портуҷол,
Суис ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар миқёси умумимиллӣ никоҳи ҳамҷинсон
расмӣ шудааст. Дар иддае аз манотиқи Мексико, Венесуэл, ИМА ва дар баъзе
шаҳрҳои Фаронса, Инглистон, Олмон, Утриш, Чехиё, Словениё Хорватиё,
Маҷористон, Австралиё, Уругвай, Эквадор, Зеландиёи нав, Бразилиё,
Исроил, Колумбиё, Фин, Люксимбурж, Андорра, Шветсариё ва Ҳренланд низ
ҳар мард ва ҳар бевазани хоҳишманд озод метавонад ҳамҷинси хешро ба
никоҳ дарорад ва зери як кӯрпа зиндагии орому осуда дошта бошад.
АДАМИ ХОНАВОДА ДАР ҶОМЕАИ ҒАРБ
Акнун хонандаи азиз, бародару хоҳари гиромии мусалмон ҳеч дарк
кардӣ, ки Ғарб то куҷо ба фасод фурӯ рафта, ки дигар дар илоҷи воқеъа
ҳама ҳукуматдорони мағрибиву амрикоӣ бечора ва раҳгум мондаанд. Ва чун
ҷомеъаҳояшон лаболаб аз фуҷҷор, пур аз ҳомосексуалисту гейю лесбиҳо
(табақзанҳо)- ст ва дар қалбҳои мардҳояшон шавқи зан гирифтану хонадони
обод бунёд кардан кайҳо мурдаву занҳояшон аз ҳалол шавҳар кардан, барояш
ғизо таҳия намудан, либосашро шустану фарзанд зойида тарбия кардан ва
бегоҳӣ баъди кор дар остонаи манзили хеш бо чеҳраи боз мунтазири марди
хона будан ва ҳам соате Холиқи хешро рӯйи ҷонамоз ёд кардан дида,
табақзанӣ ва лесаклесии аврату фарҷи як беваи фосиқро авлотар
донистаанд. Ғарб гирифтор ба ҳалокат ва дучори садамаи ахлоқӣ буда,
ҷомеъаҳо сарҳӯй мондаанд ва ҳар кас дигар ҳар чӣ ва ҳар коре бихоҳад
хӯрдану кардан мегирад. Оё дигар дар дунё аз ливотат, ҳамҷинсбозӣ,
табақзанӣ дида дигар куфре бадтару гуноҳе сахттар аст? Оё ҳароме аз ин
ҳаромтар ва амале манфуртар аз ин ҳаст? Валлоҳ, ки набуду нест!
ҲАМҶИНСБОЗИИ ДАВЛАТӢ ВА ҲАМҶИНСБОЗИ ВВС
Дар Вошингтон тайи ҳамин се моҳи ахир 150 ҷуфт лутиву табақзан
(ҳомосексуалисту лесбиан) бо ҳам ақди никоҳ бастаанд. 27 июни соли равон
Ҳукумати Исландиё бо раҳбарии сарвазир Иоҳанна Сигурдадотир, ки
гуфтаанд, як беваи фоҷир аст, ҳини пешниҳоди лоиҳаи қонун дар бораи
расмӣ кунонидани никоҳи якҷинса чунин изҳор дошт:
"Никоҳ ин иттиҳоди ду инсон аст, на чуноне мегуфтанд, ҳамбастагии
зан ва мард". Порлумони Исландиё, ки аз нисф бештари аъзояш занон
мебошанд, бо 70 дар сади орои ҷонибдор ҳамҷинсбозиро қонунӣ гардонид.
Ҳизби ҳукмрони ин кишвар рӯзи қабули ин қонунро барои мардум табрик
гуфта, онро санаи муҳим барои Исландиё эълом дошт. Моҳи марти соли 2010
вазири Бритониё оид ба масоили Урупо Крис Брайант бо як дигар фосиқи
ҳамҳизбии ҳеш Ҷаред Крени дар бинои Порлумони ин кишвар маросими
хонадоршавии хешро таҷлил намуданд, ки нисфи ҷаҳон аз тариқи телевизион
шоҳиди аз лабҳои ҳам ширин- ширин бӯсидани ин ду марди бо ҳам ҳамхона
шуда гардид. Маълум нест, ки кадом аз эшон дар хона нақши шавҳарро
мебозаду кадоме зан аст, аз ин рӯ тӯйи ин ду лутиро маросими
шавҳарошавҳарӣ номидам. Чизи барои мо ҷолиб он аст, ки навхонадоронро
раиси Порлумони Бритониё ҷаноби Ҷон Беркоуро табрик гуфт. Никоҳи
ҳамҷинсон дар Бритониё ҳанӯз соли 2005 расман ба ҳукми қонун даромад ва
моҳи июли соли 2006 вазири Инглистон оид ба ҳимояи муҳити зист Бен
Бредшоу бо ҳамҷинси хеш хабарнигори ВВС Нил Долглиш ҳамхона шуда буд.
Моҳи апрели соли равон нахустин бор 5 ҷуфт лутиҳои мексикоӣ расман бо
ҳам ақди никоҳ бастанд. Шаҳодатномаи ақди никоҳро барои фосиқони
навхонадор мири шаҳри Мехико Марсело Эбрард супурда, ин ҳодисаро барои
кишвараш муҳим арзёбӣ намуд. Ҷоме¬аҳои Урупо ва Амрикоро то ҷое фасоди
ахлоқӣ ва фисқу фуҷур печонида, ки ҳатто қариб буд ҳамин чанде пеш
фоҳишаситораи синамои Амрико Сторми Дэниелси 31 сола, ки дар беш аз 100
филмҳои фаҳшу бадахлоқӣ тани луч ва дар ҳоли алоқаи ҷинсӣ бо мардҳои
мухталиф нақш офаридааст, аз иёлати Луизиана сенатор интихоб мешуд.
Чанде қабл додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав аризаи ду фоҷирзани рус
Ирина Шипитко ва Ирина Федотоваро, ки мехостанд бо ҳам расман хонадор
шаванд, бо далели он ки дар қонунгузории Русия возеҳ омада, ки никоҳ
байни зан ва мард сурат мегирад, рад намуд. Акнун ин ду беваи бадбахту
раҳгум тасмим гирифтаанд, ки ба Мексика рафта, бо ҳам ақди никоҳ банданд
ва ба ватани хеш баргашта муваффақ бар он шаванд, ки никоҳи онҳо расман
дар Маскав эътироф гардад.
САФИРИ "БОЙФРЕНД"- БОЗИ АМРИКО ДАР ДУШАНБЕ
Намедонам Худо чӣ кард бо Ҳитлер, вале ин олмонии ҷаҳонро замоне
ба даҳшату ларза оварда, дар умраш ду кори хуб кард, ки шояд то Қиёми
соат бойиси хушҳолии муслимини олам бимонад ва як дараҷа савобу аҷре ҳам
аз даргоҳи Раббулъиззат барои ӯ расида бошад, ки ин ҳамон 40 ҳазор
лутии Урупоро зинда сӯзонданаш ва 60 ҳазор дигар кунтеву
ҳомосексуалистро равонаи конслагер карданаш мебошад. Ҳамин чанд сол қабл
дар Тоҷикистон овоза буд, ки сафири як давлати ғарбӣ, ки то ҷое бо
забони форсӣ балад буд, як ҷавони тоҷикро шавҳар, маъзарат ҳамхобаи хеш
карда буду баъди анҷоми мӯҳлати сафириаш ин мардсурати ғарбӣ мардакашро
бо худ ба ватанаш бурд. Мисле, ки дигар дар Мағриб дар тухми ин гуна
мард қаҳт зада бошад. Сафири собиқи ИМА дар Тоҷикистон бону Тресси
Ҷейкобсон аз тариқи рӯзномаҳо гуфта буд, ки шавҳар надорад, вале
бойфренд, яъне дар ҷойхоб ёр дорад. Чунин озод андеша рондан дар бораи
шабховравак доштан дар Ғарб ва барои як бону ҳеч ҷойи шарм доштану сурх
шудан нест, вале дар кишвари мусалмонӣ ва бо ахлоқи суннатӣ аз забони як
бонуи сиёсӣ садо додани он ки шӯй надораду вақтхушкунак дорад, айб аст.
Игор Петров, сарвари фуҷҷору лутиҳои Русия гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир 7
дар сади ҷомеъаи кишвараш омодааст, расмӣ сохтани никоҳи ҳамҷинсонро
бипазирад. Мария Ефременкова, як бевазани фоҷири рус, ки чанд сол боз бо
як беваи дугонааш ғайрирасмӣ ба қавли тоҷикҳо "хонаи обод" дорад, дар
назди идораи шаҳрдории Санкт- Петербург бо нишони эътироз хайма зада, аз
масъулин хостааст, ки никоҳи ҳамҷинсонро расмӣ гардонанд. Роҳбари
ширкати илмӣ- тадқиқотии "Ахбори иҷтимоӣ" дар шаҳри Маскав Роман
Могилёвский бар ин назар аст, ки Русия як ҷомеъаи суннатӣ аст. Мардум
будубоши муҳоҷирони корӣ ва хонадор шудани онҳоро бо духтарони рус хуш
надоранд, чӣ расад ба эътирофи расмӣ сохтани никоҳи ҳамҷинсон. Бо
гузашти на камтар аз 10 сол метавон дар сари ин мавзӯъ баҳс орост,-
гуфтааст Могилёвский.
ЛУЖКОВ ВА ҲАМҶИНСБОЗҲО
Соли 2006 гурӯҳе аз лутиҳои рус аз мири шаҳри Маскав Юрий Лужков
хоста буданд, ки ба баргузории як ҳамойиш барояшон иҷоза бидиҳад, вале
шаҳрдор хоҳиши ононро рад намуда буд. Владимир Путин, ки он замон
раисҷумҳури Русия буд, нимшӯхӣ ва бо табассум ба Лужков гуфт: "Иҷоза
додан даркор буд, то мефаҳмидед, ки онҳо чӣ дарде доранд." Лутиҳо ва
ҷонибдорони расмисозии никоҳи ҳамҷинсон бар он назаранд, ки қонунӣ
гардонидани фисқу фуҷур, ҳамхобагии зан бо зан ва мард бо мард талаботи
ҷаҳони имрӯз аст ва набояд дар асри пешрафтҳои азим дунболи фармудаҳои
диниву мазҳабӣ рафт, балки дар такя бо таҳаввулоту тағйироти ҷамъиятӣ
ноадолатӣ ва нобаробариҳои дар никоҳ, масоили иҷтимоъ ва хонаводагӣ ҷой
доштаро бояд барҳам зад. Онҳо муддаиянд, ки ҳама гуна саду монеъаҳо, ки
дар масири вусъату инкишофи лутигарӣ ва ҳамҷинсбозӣ ҳастанд, бардошта
шаванд ва ҳама фисқу фуҷур, хоҳишоти ҳайвонӣ ва нафси шаҳвонӣ қонунӣ
гардонида шаванд. Беш аз сад сол аст, олами Ғарб гирифтори вабои
бадахлоқӣ, фаҳшу парно ва ливотату лаҷотат аст.
КАЛИСО ФАТВО ДОД; ҲАМҶИНСБОЗӢ РАВОСТ
Аввалин кишваре, ки ливотату бадахлоқиро дар ҷомаи қонун пӯшиш
дод, ин Ҳуланд аст. Он ҷо аз 1 апрели соли 2001 никоҳи ҳамҷинсон расман
иҷоза дода шудааст. 1 ноябри соли 2009 калисои бузурги насрониёни Суис
ба раво будани никоҳи ҳамҷинсон ва муғойират надоштани ин амали манфур
бо Инҷил ва масеҳият фатво дод. Наузанбиллоҳи миннал- золимин!
Аз 249 тан аъзои Шӯрои уламои дини насронии Суис беш аз 185 тан
ба ҷонибдории ин фатво, ки ливотату ҳамҷинсбозӣ аз назари шариати Масеҳ
дуруст аст, райъ доданд. Дар Ғарби пуртаззоду пурфасод кор то ба ҷое
расида, ки гурӯҳе аз лутиҳои Хорватиё ва чанде аз беваҳои фоҳишаву фоҷир
аз ҳукумати кишварашон хостаанд то аз барномаҳои таълимии макотиб он
нукот, ки ливотату ҳамҷинсбозӣ мамнӯъ ва гуноҳ дониста шудааст, берун
карда шуда, ҳомосексуализм ва ливотат чун нормаи ҳаёт ва талаботи инсони
муосир шинохта шавад. Фуҷҷори ба табиати ҳайвонӣ хӯ гирифта аз попи
бузург хостаанд, ки чун Инҷил бо аъмоли эшон мухолифат дорад, ба китоби
Худо тағйирот ворид гардад. Ва наъузу бил- Лоҳи мин ғазабил- Лоҳ!
ҒАРБРО ЧӢ ОЯНДАЕ ИНТИЗОР АСТ?
Соли 1855 донишманди Мағриб С. Нилус бо дард огаҳ карда буд:
"Сиёҳие мӯҳлику даҳшатбор фазои Ғарбро печонидан дорад, ки зуд
аст он чун ғазаби Худо бар сари мардум зарбаи ҳалокатборе хоҳад кӯфт".
Хонандаи арҷманд, нияти банда аз даст задан ба ин мавзӯъи ҳаром
ва гуфтан аз як аъмоли нопоки бурун аз доираи ахлоқи башарӣ ба ҳеч ваҷҳ
он нест, ки он ҳама мункароту муфсидотро таблиғ карда бошам, ло валлоҳ!
Муродам он аст, ки ҷиҳати пешгирии ҳарҷониба, ҳушдор додан ба насли
наврас ва кулли мардуми мусалмони тоҷик дар самти покии ахлоқ ва дурӣ аз
ҳарому ҳараҷ коре муфид кардаву вазифаи имонӣ ва инсонии хешро то қадре
ҳам бошад анҷом дода бошам. Ҳамин ҳоле, ки имрӯз ҷомеъаи мо дорад,
Урупои сад сол қабл онро доро буд, яъне фасоду фисқу фуҷур пинҳонӣ анҷом
мегирифт. Имрӯз пешрафти илму техноложӣ ба ҳаддест, ки дар як мижа
задан метавон аз тариқи Интернет барои хеш дар Амрикову Ҳинду Порис
дӯсту ҳамхоба ёфт. Тамоми сомонаҳои интернетӣ пур аз расму наворҳои
фаҳшу фасод гаштаанд. Ҳамаи ин ба рӯҳияи ҷомеъа бетаъсир нахоҳад буд, аз
ин рӯ нухбагони миллат, рӯҳониёни саршинос ва ақшори бедору худотарси
кишварро зарур аст, ки дар пешгирии фитнаву фасоди ахлоқӣ ва солиму
беосеб нигоҳ доштани табааи кишвар масъулияти бештаре эҳсос намоянд.
Халоъро ба фаҳш вонагузоред!
Толибшоҳи САЙИДЗОДА "Миллат"