|
| Главная » Гостевая книга | [ Добавить запись ] |
|
175. Aлави
(16.05.2008 14:09)
Ту дуруггу нисбати чоиз набудани киём бар хокимони золимро ба ба ахли суннат медихи дар холе, ки ахли суннат бо иттифок Имом Хусайн ва кушта шудагони киёми Харраро шахид медонанд ва Зайду Нафси Закияро шахид медонанд.
Аммо Абдуллох ибни Умар: У ин хадисро хост ба нафъи имоми золим маъно кунад ва бо ин кораш ба Паёмбар нисбати дуруг дод, вале ба ин хадиси Паёмбар саллаллоху алайхи ва олих дар замони хазрати Али хеч арзише коил нашуд чунон, ки имруз ту ва амсолат бародари азиз хеч арзише ба ин хадиси Паёмбар саллаллоху алайхи ва олих коил нестед. |
|
174. Aлави
(16.05.2008 14:08)
Ибни Умар худ ин хадисро аз забони мубораки Паёмбар саллаллоху алайхи ва олих шунид ва ба он арзиш коил нашуд, шумо ки онро дар китоб мехонед чи гуна арзиш коил хохед шуд.
Оё ту мегуи: имруза ваххобите, ки бо рахбарии гурухи Ал Коида Малик Абдуллохро кабул надоранд маргашон марги чохилият хохад буд. Нагуфти имоми ту кист!? Имоми Ибни Абдулваххоб ва Ибни Таймияки буд. Вокеан чи кадар Худованд залилатон карда, ки ваххоби будани худатро пинхон мекуни ва ду имоми каззобатро мегуи: ман онхоро намешиносам. Ба хамин рохати аз сари хадиси Паёмбар саллаллоху алайхи ва олих мегузаред эйофарин бароятон, ин нишонаи арзиш коил будани шумо ба аходиси Паёмбар аст. |
|
173. Aлави
(16.05.2008 14:05)
Аммо масъалаи 12 халифа, дар хадиси мутавотир ворид шуда, ки Муслим ва Бухори низ онро ривоят кардаанд ва Ахмад бо 33 санад онро дар Муснад ривоят карда ва ин аходисро наметавон бидуни хам маънои вокеияшро дарёт чунон, ки хеч олими ваххобие хам натавониста онро маънои дуруст кунад.
Аммо хадисро чаро ман кайчи кардам: Чун аввалан: чизеро, ки ман накл кардам бакияи хадиси маънои он чиро, ки ман гуфтам тагйир намедихад, сониян ин хаидс дар кутуби мо низ омада ва ба вокеияти он таъкид шудааст Масъалаи дигар ин ки ман дар аввали бахс аз имоми каззоби шумо Ибни Таймия овардам, ки у мегуяд: истидлол ба хадисе, ки намедони заиф аст ё сахех бо тасрехи Куръон аз суннат кори харом аст ва бинобар ин аз ибтидо чун равиши ваххобихоро медонам бароятон таъкид кардам, ки ба хадиси заиф чанг назан бинобар ин ман ба суханону фиребхои шумо эътино намекунам барои ман эътикоди шиа кофи аст ва он ин ки касеро кофир медонанд, ки ба имомат якин ва бовар дошта ва онро напазиранд. |
|
172. Aлави
(16.05.2008 14:04)
Дар гузашта як намуна аз тахриф ва дуруги уламои ваххобии шуморо, ки ба чанг задан ба навиштахои онхо чизе навиштед баён кардам ва инчо низ як маврид ро зикр мекунад: Хадисе, ки аз Бихор накл карди, ки Имом Содик алайхис салом фармудан: хар бо Али дар бораи хилофат ихтилоф ва чанг кунад монанди бут бараст аст. Дар санади он Ахмад ибни Хусайн аст, ки хам голи буда ва хам заифва хам аходисашро мункар хондаанд. Агар ман низ хадафам монанди шумо ваххобихо фитнагари бошад аз ин гуна аходиси заиф дар бораи куфру гумрохии касоне, ки хилофати хазрати Алиро рад кардаанд фаровон аст. Агар имон надоред вичдони инсони дошта бошед ва сухани дуругу бе рабту аходиси заифро далели худ карор надихед.
|
|
171. Aлави
(16.05.2008 14:03)
Хамчунин ин ки мегуи: Хадиси Сахехи Муслим чи нафъе ба ту дорад ва ... аввалан лозим нест ин вачхро ман баён кунам ва истидлолам низ ин набуд. Шумо бародари азиз мегуи: шиа хар киро, ки яке аз имомонро кабул надошта бошад кофир медонад. Ман мегуям: ин хадиси Сахехи Муслим низ, ки ба хамин маъно хам аз гайри Ибни Умар накг шуда ва хам вакте аз ин хадис аз Имом Содик суол шуд онро тасдик ва ба он таъкид фармуданд, ки оре чунин аст, ба равшани баён мекунад, ки хар ки имом надошта бошад кофир хохад мурд. Оё шумо маънои ин хадисро тахриф куни назди Худованди Мутаол маънои он тагйир мекунад? Сухани ман ин аст, ки ту бародари азиз нагу, ки шиа кофир медонад балки бигу, ки бинобар хадиси Сахехи кутуби худамон Паёмбар саллаллоху алайхи ва олих кофир хондаанд.
|
|
170. Aлави
(16.05.2008 14:03)
Дар охир бароят бигуям: ин сойт муносиб нест, чун боям як сахифа матлабро чандин мартаба бигузоред ва хамчунин зуд матолиб ба сахифахои дигар мегузарад. И ду машкилро аввалан бартараф бикунед ва сониян ба суханони дуруг ва ба аходиси заиф чанг назан ва севвуман шумо агар вокеан бахси дур аз фитнагари мехохи бикуни мавзуеро бахс кун, ки шиа муътакид ба он бошад. Шиа хеч мусулмонеро кофир намедонад лизо аз фитнагари даст бардор ва мавзуеро бахс кун, ки шиа бар он муътакид аст. Муваффак бош.
Ёдовар мешавам инро, ки ман гуфтам: дар номаи кабли ба номи дигар аз чониби Абуханифа сухан гуфти ва дар ин нома бо номи худат: Чун ман номаро комил надидам аввалан ва сониям ман ин чизро баид намедонам, чун аз хамаи суханони шумо истифода мешавад, ки хадафат фитнагари аст. |
|
169. Aлави
(16.05.2008 14:02)
Боз бароят бигуям: Дар хадаси мутавотири (Сакалайн) паёмбар саллаллоху алайхи ва олих фармудаанд: Агар ба китоби Худо ва Ахли Байтам чанг бизанед харгиз гумрох намешавед. Ва аз ин хадис истифода мешавад, хар ки ба Куръону Ахли Байт чанг назанад гумрох хохад шуд. Ба чои ин ки ба суханони фитнагарона чанг бизани бигу чаро ба ингуна аходиси Паёмбар саллаллоху алайхи ва олих хам амал намекуни ва хам хеч арзише коил нести!? Чун имони ба Худо дори? Ба чои суханони фитнагарона бигу: чаро ба даххо оёти Куръон ва аходиси мусаллам дар хилофати Хазрати Али ва Ахли Байт, ки дар кутуби худатон аст ва мухаддисонатон сахех донистаанд амал намекунед? Мушкилатон бо Ахли Байт аст ё бо Паёмбар саллаллоху алайхи ва олих?
Бидон бародари азиз аз сухани дуруст ва чаро бо вичдодона надихи ман дуст надорам вактам бо шунидани суханони фитнагаронаи шумо бигузаронам. Муваффак бошед. |
|
168. Алави
(16.05.2008 12:00)
Офарин бароят, ки ин кадар нибати охират ноумед хасти! корат ба чое расида, ки аз дуругу найранг ин хама лаззат мебари. бидон, ки агар бетавба ва бо ин равиш маргат фаро расад зиллати абадиро хамрох бо имомони каззобат Ибни Таймия ва Ибни Абдулваххоб ва пеш аз инхо бо Муовия хохи чашид. муваффак бошед.
|
|
167. Алави
(16.05.2008 11:55)
Хамчунин Абуанас вокеан баргат бод. дар номаи кабли бо найранг ба сурати як ханафи бо номи дигар аз тарафи Абуханифа сухан гуфти, ки магар Абуханифа намедонист ва ... ва хадди акал як руз натавонисти дуруггуиятро пинхон дори ва дар ин нома хамон саволро бо номи худат навишти. Ту ва имомони каззобат чунон, ки Хасании Дамишки гуфт Абуханифаро кофир медонед ва акнун барои найрангу фасодкориятро ба чое расондан ба либоси ханафи мазхаб дародами. суннихоро кофир медонед ва сунни низ шумо ваххобихоро худро сунни мегуфти кам ,ки нашуд худро ба ханафи зади.
|
|
166. Алави
(16.05.2008 11:47)
Салом бародарони азиз ба хусус Абуанас. Шумо бародар дар бораи имомат бахс хостед кунед, вале бахс дар бораи такфирро шуруъ кардед. Холо мутаассифона шумохо факат аз паи фитнаандози хастед, ва дар дунёи чанд руза бо тухмат задану дуруггуи дар хакки шиа дил хуш дошта ва аз он лаззат хохед бурд, вале бидонед, ки шиа харгиз фиреби шайтонро иншоаллох нахохад хурд.
Аммо дар масъалаи такфир шиа харгиз муслимеро, ки имоматро кабул надоранд кофир намедонад, чун онхо мегуяд: Паёмбар саллаллоху алайхи ва олих касеро бароибаъд аз худ имом карор надода аст. Мурочеъи шиа низ имруза хамин суханро мегуянд, ки хар ки якину бовар дошта бошад, ки Паёмбар саллаллоху алайхи ва олих Ахли Байтро халифаи худ карор доданд ва бо ин вучуд аз он пайрави накунад ва онро инкор карда кабул нанамояд кофир гардад. Ва дар ин сухан хеч гуна такфири ахли суннат ва ваххобиятвучуд надорад ва шиа ахли суннат ва ваххобиятро мусулмон медонад. |
|
|