Китоб: Беҳтарин инсонҳо баъд аз Паёмбарон
Гуноҳони бузург зиёданд вале аз ҳама
бузургтараш чи аст? Кадом гуноҳ аст? Оё гуноҳон ҳам дар бади ва қабоҳат
мартабаи бузургу хурд доранд? Бузургтарин гуноҳ ширк аст.
Китоб: Дуъоҳои рузона барои ҳар саҳару шом
Китоб: ШАҲОДАТ БА РИСОЛАТИ МУҲАММАД (Дуову дуруд бар у бод)
Китоб: Саҳобаро ба даст овардам бидуни ин ки Аҳли Байтро аз даст бидиҳам!
Ин китобча баргҳое
аз зиндагии ман аст, ки дар он андешаҳо
ва пурсишҳоеро навиштаам, ки маро бо ҷое расонид, ки ҳеҷ замоне барои он барномарезӣ
накарда будам ва ҳам ин, ки ин таҷзияи муфидро дар ихтиёри хонандгони азиз
қарор медиҳам ва ин китоб дар ҳақиқат ҳикояти душвортарин набард дар зиндигии
ман аст, набарди ҳақ ва ботил ва набарди боварҳо ва ақоъиди маврусӣ ва ҳақоиқи
ошкор.
Китоб: ОИША ПЕШВОИ БОНУВОНИ МЎЪМИНИН ВА ДЎСТДОШТАТАРИН ҲАМСАРИ ПАЁМБАРИ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМИН
Ҳазрати Оиша (р) бешак яке аз барҷастатарин чеҳраҳои дурахшони олам ба
шумор меравад. Худованд ба рўйи эшон дарҳои раҳмат ва фазлу карамашро
боз намудааст. Лутфи илоҳӣ Оишаро дар ибтидо духтари шахсияти беназире
ба мисли Абубакри Сиддиқ (р.з) қарор додааст, ки ин худ фахри бузург
аст. Баъдан, тарзе аз шиносоӣ бо зиндагиномаи ҳазрати Оиша (р.з)
маълумамон мешавад, пешомади хубтару саодатмандтаре эшонро дар оғўш
мегирад. Ин ҳам бошад, издивоҷи мутаҳҳар бо беҳтарин авлоди ҳазрати
Одам, яъне Муҳаммади Мустафо (дуову дуруд бар у бод) аст.
Китоб: Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Хаттоб (Худованд аз У рози бод)
Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва
ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон
амирулмўъминин Умар ибни Хаттоб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи
ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи
мусулмонон тақдим мегардад.
Китоб: ЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢ
Сипас аз олимон касоне буданд, ки чил
(ҳадис)-ро дар усули дин, баъзеи онҳо дар фурўъ, баъзеи онҳо дар ҷиҳод,
баъзеи онҳо дар зўҳд (парҳезгорӣ), баъзеи онҳо дар адаб ва баъзеи дигар
дар хутба гуфтан ҷамъ кардаанд ва ҳамаи онҳо ниятҳои некў доштанд; Худо
аз қосидони ин корҳо хушнуд бод.
Ба дурустӣ, лозим донистам чил ҳадисеро ҷамъоварӣ намоям, ки муҳимтар аз
ҳамаи онҳост, он чил ҳадисе аст, ки ҳамаи он мавзўъҳо (-и дар боло
зикршударо) дар бар мегирад, ҳар яке аз он (ҳадис) пояи бузурге аз
пояҳои дин аст, чунон ки олимон васф кардаанд, ки меҳвари ислом, ё
нисфи ислом, ё сеяки ислом ва ё монанди он аст.
Китоб: Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (Худованд аз У рози бод)
Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи
босаъодати халифаи панҷумини мусулмонон Амирулмўъминин Умар ибни
Абдулазиз (р) мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва
толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад.
Амирулмўъминин ва панҷумин халифаи рошид, Умар ибни Абдулазизи Умавӣ,
набераи Умар ибни Хаттоби Қурайшӣ мебошад. Ў ҳамчун имоми одил ва
халифаи фозил шуҳрат ёфта буд. Соли шастуяк дар Мадинаи Мунаввара ба
дунё омада дар ҳамонҷо дар оилаи дорову сарватманд нашъунамо ёфт.
Китоб: Саду як қисса аз ҳаёти Усмон ибни Аффон (Худованд аз У рози бод)
Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи
босаодати халифаи сеюми мусулмонон Амирулмўъминин Усмон ибни Аффон (р)
мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони
мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад.
Амирулмўъминин ва саввумин хулафои рошидин ва яке аз даҳ нафари ба
ҷаннат башоратдодашуда, домоди Паёмбар (с) Усмон ибни Аффони Қурайшӣ…
Зи-н-нурайн ва ҳамсари ду бадри мунир.
Please do not change this code for a perfect fonctionality of your counter
widget
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0