Библия дар бораи Хотам-ул-анбиё Муҳаммад (с) оё чизе гуфтааст? Шайх
Аҳмади Дидот яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илми исломшиносии муосир миёни
тадқиқотҳои сершумору хеле арзанда ва пурарзиши худ яке аз онҳоро маҳз
ба ҳамин мавзўъ бахшида, ба ин саволи ниҳоят душворе, ки беш аз ҳазору
чаҳорсад сол на танҳо олимону муҳаққиқин, балки ҳар як инсони соҳибақлро
дар рўи замин маҷбур месозад сар ба зонуи тафаккур гузорад, посухи
мантиқӣ гуфт. Ин тадқиқоти шайх Дидот зери унвони «Библия дар бораи
Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?» қариб ба тамоми забонҳои халқхои дунё ба чоп
расида, баҳои арзандаро низ сазовор гардид.
Закот дар миёни панҷ рукни бинои Ислом яке аз се рукни муҳимтарини он ба
шумор меравад, ки мавҷудият ва бақои имон ва исломи банда ба онҳо
вобастагӣ дорад.
Агар яке аз ин се рукн халалдор гардад ва ё аз байн биравад, имон ва
исломи банда низ ба ҳамон андоза осеб мебинад ва ё ...