Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Паёмбари мӯъмине, ки писараш кофир буд, ки аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 393



Теги

Дӯстон






Ҳамоиши ҳамдилӣ бо Фаластин дар Душанбе




31.12.2008 Имрӯз Ҳизби Наҳзати ИсломииТоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҳамдилӣ бо мардуми Фаластинро доир кард. Раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ҳаводиси ахир дар навори Ғазаро “басо дардноку риққатовар” номид ва бо таассуф гуфт, ки то ҳол ҷомеъаи ҷаҳонӣ, ба вижа, созмонҳои байнулмилалӣ барои хатми хушунат дар ин минтақа тадбир наандешидаанд.

Аҳли нишаст дар як қатънома талаб карданд, ки “амалиёти низомии Исроил қатъ гардад ва ҳарчӣ зудтар бо миёнҷигарии СММ ва дигар созмонҳои минтақаиву байнулмилалӣ оташбаси сартосарӣ эълон шавад”. Дар ин санад ҳамчнин аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо шудааст, ки бетафовут набошад ва ҳамдилии худро ба миллати ҷафокашидаи Фаластин эълон намояд. Аҳли нишаст ҳамчунин аз ҳукумат хостаанд, ки дар сурати идомаи бомборони навори Ғаза шароитро барои баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ фароҳам созад.


Эътирози ҲНИТ аз ҳамлаи Исроил ба Ғазза

31.12.2008

Субҳи имрӯз, 31-уми декабр, дар дафтари марказии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҳамдилӣ бо мардуми Фаластин баргузор гардид, ки дар он наздики ҳазор нафар ширкат карданд.

Дар ҳамоиш Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода, узви Маҷлиси Миллӣ, Муҳддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон суханронӣ карданд ва аз ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза изҳори нигаронӣ карданд. Ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ як сандуқи хайрия барои мардуми Фаластин ташкил доданд, ки гуфта мешавад, дар он беш аз 8 ҳазор сомонӣ ҷамъ шудааст.

Дар ин ҳамоиши эътирозӣ намояндагони сафоратҳои ду кишвари хориҷӣ – Афғонистон ва Эрон ширкат намуданд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамзамон дар робита ба вазъи Ховари Миёна қатъномае пахш кардааст, ки дар он аз ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудааст, ки «амалҳои ҷинояткоронаи Исроилро маҳкум намуда, бояд ҳамдилии худро бо миллати ҷафокашидаи Фаластин эълон намояд. Дар қатънома ҳамчунин аз расонаҳои хабарии давлатии кишвар хоҳиш шудааст, ки қазияро мунсифона инъикос намуда, аз такрори куркурона ва мавқеъгириҳои муғризонаи баъзе расонаҳои хабарии манфиатдор худдорӣ намоянд».

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчунин аз созмонҳои байнулмилалӣ ва ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ қотеъона талаб кардаат, «ба раъйи мардуми Фаластин эҳтиром қоил шаванд ва аз сиёсати духурагӣ ва дугонагӣ нисбат ба олами ислом даст бардоранд».

http://www.ozodi.org


Маълумот
Шӯъба:
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 776
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 15:25
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024