Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Оцените мой сайт
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 812



Теги

Дӯстон






'Шумори куштаҳо дар Ғазза ба беш аз ҳазор расид'



Беш аз ҳазор нафар дар Ғазза кушта шуданд

Ҳамзамон бо идомаи талошҳои Миср барои миёнҷигарии як тавофуқи оташбас миёни Исройил ва Ҳамос дар Навори Ғазза, манобеъи пизишкӣ дар ин минтақа мегӯянд, ки шумори талафот дар миёни фаластиниҳо акнун аз ҳазор нафар гузаштааст.

Гузориш мешавад, ки ҳудуди як севуми куштаҳо кӯдакон ва занон бошанд ва тақрибан панҷ ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.

Бон Ки Мун, дабири кулли СММ гуфта, ки ӯ хоҳони ёфтани як оташбаси мондгор ва қобили давом миёни Исройил ва пайкорҷӯёни фаластинӣ аст.

Аммо даргириҳо зоҳиран ҳамзамон бо оғози сафари оқои Бон ба Ховари Миёна ташдид шудааст.

Вазорати беҳдошт дар Ғазза гуфт, ки то кунун 1013 нафар дар муноқишае, ки 19 рӯз пеш оғоз шуд, кушта шудаанд.

Гуфта мешавад, беш аз 300 нафар аз куштаҳо кӯдак ва 76 нафари онҳо зан бошанд ва беш аз 4500 нафар низ дар Ғазза захмӣ шудаанд, ки дар миёни онҳо 1600 кӯдак ва 678 зан вуҷуд дорад.

Дар ин муддат ҳамчунин сенздаҳ исройилӣ, аз ҷумла се ғайринизомӣ ва як сарбоз дар асари шиллики рокет аз Ғазза ва 9 сарбоз дар набардҳои Навори Ғазза кушта шудаанд.

Таъйиди омори талафот ва захмиҳо ба таври мустақил мумкин нест, зеро Исройил иҷозаи вуруди хабарнигорони байналмилалӣ ба Ғаззаро намедиҳад.

Фишори диплумотик

Миср талошҳои диплумотик барои миёнҷигарии як тавофуқи оташбасро раҳбарӣ кардааст, ки метавонад шомили як нерӯи тоза аз сулҳбонон барои ҷилавгирӣ аз қочоқи аслиҳа аз тариқи марзи Миср ба Навори Ғазза бошад.

Бон Ки Мун пас аз гуфтугӯҳое бо Ҳусни Муборак, раиси ҷумҳури Миср дар Қоҳира, гуфт умедвор аст, ки ибтикори амали Миср басуръат ба натиҷа бирасад.

Дабири кулли Созмони Милал дар мароҳили баъдии сафари худ ба кишварҳои Исройил, Урдун, Каронаи Бохтарӣ ва Сурия хоҳад рафт.

Ҳамчунин дар рӯзи чаҳоршанбе мақомҳои Ҳамос дар Қоҳира ҳузур ёфтанд ва бо музокиракунандагони мисрӣ гуфтугӯ карданд.

Як мақоми сиёсии аршади Ҳамос пас аз ин гуфтугӯҳо ба Рушдӣ Абуалиф, хабарнигори Би-би-сӣ дар Ғазза гуфт, ки Ҳамос бо назари мусбат ба ибтикори амали мисриҳо менигарад, аммо вақти бештаре барои баҳс дар бораи он лозим аст.

Ҳамос, ки Ғаззаро кунтрул мекунад, гуфтааст, ки ҳар гуна мувофиқатномаи оташбасе бояд шомили таваққуфи ҳамалоти Исройил, ақибнишинии комили нерӯҳои исройилӣ аз Навори Ғазза ва гушоиши гузаргоҳҳои марзӣ барои поёни инсидоди Ғазза бошад.

Дафтари нахуствазирии Исройил эълом кардааст, ки Омус Гилод, як мақоми аршади дифоъии Исройил, қарор аст панҷшанбе барои гуфтугӯ бо музокиракунандагони мисрӣ ба Қоҳира сафар кунад.


www.bbc.tj




Маълумот
Шӯъба:
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 634
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 23:07
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024