Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Кӯтоҳтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 514



Теги

Дӯстон






Исроил маркази имдодрасонии СММ-ро ҳадаф қарор дод



Созмони Миллал аз ҳамалоти Исроил ба Ғазза интиқод кардааст.

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) гулулаборони як сохтмони ожонси имдодрасонии ин созмон дар Ғаззаро маҳкум кардааст.

Рузи панҷшанбе, 15 январ манобеъи Созмони Миллали Муттаҳид дар Ғазза эълом доштанд, ки панҷ гулула ба муҳавватаи дафотири ожонси имдодрасонии ин созмон дар шаҳри Ғазза бархурд карда ва дар натиҷаи инфиҷори онҳо се нафар захмӣ шудаанд.

Аз он ҷо ки миқдоре сухт дар муҳавватаи муҷтамаъи ожонси имдодрасонӣ дар Ғазза нигаҳдорӣ мешавад, исобати гулула боъиси бурузи оташсузӣ дар ин маҳал шудааст,

Сухангуи ин ожонс гуфтааст, аҳолии маҳаллӣ аз муҷтамаъи мутааллиқ ба ин ниҳод дар Ғазза ба унвони паноҳгоҳе дар баробари ҳамалоти артиши Исроил истифода мекунанд.

Кристофер Ганнис, сухангуи ожонс дар гуфтугу бо гузоришгарон дар марзи миёни Исроил ва Ғазза гуфт ин созмон муътақид аст, ки се гулулаи ҳовии фусфури сафед, ки моддаи оташзо маҳсуб мешавад ва барои эҷоди дуд мавриди истифода қарор мегирад ба муҷтамаъи ин созмон исобат кардааст.

Дар посух ба ин савол, ки оё мутмаин аст ин ҳамла аз суи Исроил сурат гирифта, вай гуфт дар мавриди дастрасии Ҳамос ба фусфури сафед иттилоъ надорад.

Оқои Ганнис, гуфт ожонси имдодрасонии Созмони Миллали Муттаҳид тавони тавзеъи маводи ғазоӣ ва доруро нахоҳад дошт, зеро комюнҳои он наметавонанд аз муҷтамаъ хориҷ шаванд.

Вай афзуд ҳоло ҳудуди 700 нафар дар муҷтамаъи мутааллиқ ба ин созмон паноҳ гирифтаанд ва аз наздикии оташ ба панҷ махзани бузурги маводи сухтӣ дар он ҷо нигарон аст

Мақомоти низомии Исроил мегуянд, онҳо шаби гузашта ба беш аз 70 ҳадафи низомӣ ба шумули як масҷид, ки барои нигаҳдории аслиҳа истифода мешуд, ҳамла кардаанд.

Ҳамада Абу Қаммар, гузоришгари Би-би-сӣ мегуяд шаҳри Ғазза мавриди ҳамалоти шадиди тупхона аз самти шарқ қарор гирифта ва осмонро дуди ғализ пушондааст.

Рушдӣ Абу Алуф, таҳиякунандаи Би-би-сӣ дар Ғазза мегуяд, дар ҷануби ғарби шаҳри Ғазза сохтмоне, ки дар он иқомат мекунад, тавассути тонкҳои исроилӣ муҳосира шудааст. Мардум дар болкунҳояшон ҷиғ мезананд ва кумак мехоҳанд. Ба гуфтаи вай гулулаҳои тонк ду ё се дафъа ба табақоти поёнии сохтмон исобат кардааст.

Оқои Алуф гуфтааст у аз панҷараҳояш пайкорҷуёни Ҳамос ва гуруҳҳои дигари Фаластиниро дидааст, ки ба суи тонкҳои исроилӣ аз болкунҳо ва боми сохтмонҳо оташ мекушоянд ва дар муқобил тонкҳои исроилӣ ба суи онҳо оташ мекушоянд.

Гузоришҳо ҳокист, ки пас аз бомдоди имруз дасти кам 15 мушак аз хоки Ғазза ба хоки Исроил партоб шудааст.

Ожонси имдодрасонии Созмони Миллали Муттаҳид пас аз як вақфаи кутоҳ дар ҳафтаи гузашта амалиёти тавзеъи маводи асосии байни даҳҳо ҳазор нафар аз аҳолии Ғаззаро аз сар гирифт.

Бон Ки Мун, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, ки барои музокира пиромуни таваққуфи амалиёти низомӣ дар Ғазза ба Исроил сафар кардааст, нисбат ба шиллики неруҳои исроилӣ ба суи маркази ожонси имдодрасонии Созмони Миллали Муттаҳид дар Ғазза ибрози хашм кард.

Оқои Бон дар айни ҳол гуфт, ки Эҳуд Борок, вазири дифоъи Исроил исобати гулула ба ин сохтмонро ношӣ аз иштибоҳи таассуфовар тавсиф кардааст.

Ливни, вазири хориҷаи Исроил ва Бон

Бон дар мулоқот бо мақомоти исроилӣ хостори оташбас шудааст.

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар айни ҳол гуфт, ранҷи сокинони Ғазза ба "нуқтае таҳаммулнопазир" расидааст.

Ҳамзамон талошҳои байналмиллалӣ барои мутаваққиф кардани даргирӣ дар Ғазза идома ёфта ва мақомоти исроилӣ музокироти оташбасро, ки дар ҳоли ҳозир дар Миср ҷараён дорад, мусбат арзёбӣ кардаанд.

Ба гуфтаи онон ин гуфтугуҳо таҳарруки бештаре ба худ гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир Омус Гилод, музокиракунандаи аршади Исроил барои гуфтугу бо мақомоти мисрӣ пиромуни тарҳи пешниҳодии ин кишвар барои таваққуфи ҷанг дар Ғазза дар Қоҳира ба сар мебарад.

Намояндагони гуруҳи Ҳамос низ дар музокироте бо мақомоти мисрӣ дар Қоҳира ширкат доранд ва бар асоси гузоришҳои расида аз пешрафт дар гуфтугуҳо сухан гуфтаанд.

Да ҳамон ҳол теъдоде дигар аз кишварҳои араб низ ба талошҳои диплумотик барои барқарории оташбас дар Ғазза даст задаанд.

Рузи панҷшанбе раҳбарони кишварҳои узви Шурои Ҳамкории Халиҷи Форс ба даъвати Арабистони Саудӣ дар ҷаласае дар Риёз, пойтахти ин кишвар буҳрони Ғаззаро баррасӣ мекунанд.

Ҳамчунин амири Қатар аз сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб даъват кардааст, ки ба манзури табодули назар дар бораи вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба Ғазза рузи ҷумъа дар нишасте дар Дуҳа, пойтахти Қатар ширкат кунанд.

Дар ҳоле ки бархе аз раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб аз баргузории ин иҷлос истиқбол кардаанд,шуморе дигар аз кишварҳои узв бо ин нишаст мухолифат кардаанд.

Ба гуфтаи нозирон дидгоҳҳои мутафовити раҳбарони кишварҳои араб дар мавриди ин иҷлос нишонаи ихтилофи назари онон дар мавриди буҳрони Ғазза ва наҳваи бархурд бо он аст.

Дар таҳаввулоти дигар:

* Лурд Маллоч Броун, аз масъулини баландпоя дар вазорати хориҷаи Бритониё гуфтааст, давлати Бритониё ҳамла ба мақари Созмони Миллал дар Ғаззаро "қотеъона" маҳкум мекунад. Вазорати хориҷаи Фаронса низ бо лаҳни тунде аз ин ҳамла интиқод кардааст.
* Сохтмоне, ки дар он дафтари хабаргузории Ройтар ва чанд созмони дигар воқеъ аст аз инфиҷор садама дидааст ва рузноманигори яке аз шабакаҳои телевизиюнии Абу Дабӣ дар он осеб дидааст.
* Созмони имдодрасонии "Ғаззаи Озод" гуфтааст қоиқи ҳомили маводи пизишкӣ барои Ғазза дар обҳои байналмиллалӣ дар соҳили ҷанубии Лубнон тавассути киштиҳои ҷангии исроилӣ муҳосира ва водор ба баргашт ба Қибрис шудааст.
* Тибқи омори манобеъи пизишкии Ғазза шумори кушташудагон дар даргирӣ ба 1028 расидааст, ки наздик ба сеяки онро кудакон ташкил медиҳанд.


www.bbc.tj




Маълумот
Шӯъба:
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 676
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 23:08
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024