Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Кадом зан аст, ки номаш дар Қуръон зикр гардидааст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 394



Теги

Дӯстон






Ҳамоиши раҳбарони ҷавони мусулмон



18.01.2009

Намояндагони насли нави сиёсатмадорони мусулмон аз 76 кишвари ҷаҳон, ба истиснои Тоҷикистон, дар Давҳа анҷуман барпо карданд.

"Чаро бояд аз исломи сиёсӣ тарсид ва оё исломи сиёсӣ душмани Ғарб аст?" -- ин яке аз масъалаҳои меҳварии ҳамоиши сиёсатмадорон ва фаъолони ҷамъиятии мусулмон дар Давҳаи Қатар буд. Дар ҳоле ки бархе аз ширкаткунандагони анҷуман исломи сиёсиро як роҳи раҳоии кишварҳои мусулмон аз банди мушкилоти иқтисодӣ мешуморанд, бархи дигар ҷомеъаи шаҳрвандӣ, волоияти қонун ва озодии суханро дар мақоми аввал мегузоранд. Самтгирии ҳамоиш низ дугона аст. Яке ислому сиёсат дар ҷомеаҳои мусулмон ва дигаре муносибатҳои миёни Ғарб ва ислом дар оғози садаи 21-ум.

Раиси созмони ғайридавлатии "Пешвоёни ояндаи мусулмон", Рушда Маҷид мегӯяд, бесабаб нест, ки ин ҳамоиш дар арафаи расми савганди президенти нави Амрико, Барак Обама баргузор мешвад. Фаъолони ҷавони мусулмон барои он гирди ҳам омадаанд, ки ба дигаргуниҳо роҳ кушоянд, ба тағйироте, ки ҷаҳон наметавонад, онҳоро ба таъвиқ гузорад. Бонуи Рушда Маҷид афзуд, барои тағйири симои ислом дар чашми Ғарб фаъолони мусулмон бояд роҳҳои мубориза бо тундгароии хушунатомезро пайдо кунанд, масъалаи ҳокимияти мазҳабӣ дар ислом ва ҳамкорӣ бо матбуотро баррасӣ намоянд.

Анҷуманҳои "Пешвоёни ояндаи мусулмон" аз соли 2004 ба ин сӯ баргузор мешаванд. Нахустин ҳамоиш дар Ню Йорк бо ширкати 125 лидери ҷавон ҷараён ёфта, нишасти дувум дар соли 2006 дар Копенҳагени Дания барпо гашт. Ба ақидаи нозирон, аз он ҷо ки кишварҳои мусулмон ва ҷомеаҳои мусулмони Ғарб гирифтори даҳҳо мушкиланд, анҷуман бояд ба муҳимтарин онҳо тамаркуз кунад ва талошҳои намоиши симои мӯътадил аз исломи сиёсӣ дар пасманзари ҳаводиси Ироқу Афғонистон ва Ховари Миёна барои лидерони ҷавони мусулмон кори саҳле нахоҳад буд.

Аммо Ҳорун Могул аз Маркази исломии Донишгоҳи Ню Йорк мегӯяд, созмони "Пешвоёни ояндаи мусулмон" як ҷумбиши ҷавон ва хеле пурғайрати мардумист, ки дар навбати аввал ҷаҳонбинии насли нави раҳбарони мусулмонро ташаккул медиҳад, то онҳо тавониста бошанд, дар ҷомеаҳои худ дигаргуниҳои мусбатеро ба вуҷуд оранд. Дар ҳамоиши Давҳа 300 сиёсатмадор ва фаъоли мусулмон аз мамолики гуногун, аз Сенегалу Сомалӣ гирифта то Баҳрайну Бритониё ширкат доранд.

www.ozodi.org

Маълумот
Шӯъба:
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 619
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 23:04
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024