Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Адади расулон ва (наби) паёмбароне, ки дар Қуръон зикр гардидаанд, чандтоянд?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 370



Теги

Дӯстон






Кумаки ҲНИТ ба мардуми Фаластинӣ



Ҳикматулло Сайфуллозода

Оқои Сайфуллозода мегӯяд, ҲНИТ намояндаи вижаеро барои мутолеъаи роҳҳои интиқоли маблағҳои хайрияи ин ҳизб ба осебдидагони фаластинӣ ба Навори Ғазза фиристодааст

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон намояндаи вижаеро барои мутолеъаи роҳҳои интиқоли маблағҳои хайрияи ин ҳизб ба осебдидагони фаластинӣ ба Навори Ғазза фиристодааст.

Тибқи иттилоъи масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳоло дар Сандуқи кумак ба мардуми осебдидаи фаластинӣ, ки ин ҳизб қаблан таъсис дода буд, маблағи беш аз 100 ҳазор сомонӣ ё муъодили ҳудуди 30 ҳазор дулор ҷамъоварӣ шудааст.

Он гуна, ки Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари маркази таҳлилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфт, ҳоло як намояндаи ин ҳизб дар Қоҳира, пойтахти Миср, қарор дорад ва интизор меравад бо намояндагони Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ мавзӯъи интиқоли маблағҳои хайрия ба мардуми Ғаззаро баррасӣ кунад.

Интизор меравад ин кумак тавассути намояндаи ҳизби наҳзати исломӣ дар сареътарин муддат ба афроди ниёзмади фаластинӣ расонда шавад.

Ин дар ҳолест, ки бо даъвати Миср намояндагони Фаластин ва Исройил баъд аз ду рӯз, ба таърихи 22 январ сари мизи музокира хоҳанд нишаст ва ибтикори Миср барои даст ёфтан ба созишро баррасӣ хоҳанд кард.

Сандуқи кумак ба мардуми соебдидаи фаластинӣ дар ҷараёни ҳамоиши эътирозии фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нисбат ба ҳамалоти Исройил дар Ғазза дар 31 декабр созмон дода шуда буд.

Ин ҳизб ҳамчунин аз шаҳрдории Душанбе хоста буд, ки барои баргузории эътирози умумӣ дар яке аз хиёбонҳои ин шаҳр иҷоза бидиҳад, аммо мақомот ин дархостро радд карданд.

Бо ин вучуд, фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд барои ибрози ҳамдилӣ бо мардуми Фаластин ҳамчунон талош мекунанд ва маболиғи хайрияи худро ба осебдидагони Навори Ғазза ирсол хоҳанд кард.

Зимнан, ин нахустин таҷрубаи ҷамъоварӣ ва интиқоли маболиғи хайрия ба мардуми осебдидаи фаластинӣ аз Тоҷикистон аст. Ин кишвар бо беш аз 50 дарсад ҷамъияти фақир аз дарёфткунандагони аслии кумакҳои байналмилалӣ дар минтақа маҳсуб мешавад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар қаламрави кишварҳои Осиёи Миёна аст. Ин ҳизб ҳамдилии худро бо мардуми Фаластин мукарраран эълом кардаст.

Тибқи иттилоъи расонаҳо, дар беш аз се ҳафтаи ҷанг дар Ховари Миёна беш аз ҳазору сесад тан аз фаластинӣ ва теъдоде аз низомиёни исройилӣ кушта шудаанд.


Маълумот
Шӯъба:
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 641
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 23:06
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024