Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Оцените мой сайт
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 812



Теги

Дӯстон






Шохаи низомии Ҳамос ба фаъолият алайҳи Исроил идома медиҳад



Сарбозони исроилӣ Ғаззаро тарк мекунанд

Сарбозони исроилӣ Ғаззаро тарк мекунанд.

Шохаи низомии Ҳамос вокунише ҷасурона ба Исроил нишон дода ва гуфтааст, ки ба рағми хуруҷи неруҳои низомии Исроил ба парвариши тавони низомии худ идома медиҳад.

Абу Убайда, яке аз сухангуёни ин неруҳо гуфт, ки неруҳои масъули партоби рокет ба ҷануби Исроил осеб надидаанд ва ба тақвияти тавонмандии низомии худ идома хоҳанд дод.

У тақозои гуруҳи Ҳамос мабнӣ бар хуруҷи комли низомиёни исроилӣ дар тайи якҳафтаи оташбаси Ҳамосро такрор кард ва гуфт агар онҳо ин корро накунанд, ҳама гузинаҳо боз хоҳад буд.

Пештар Исроил гуфт, оташбас дар Ғазза зоҳиран побарҷост ва шаби гузашта шаби ороме дар ин минтақа будааст.

Мақомот таъйид накардаанд, ки чӣ теъдод аз неруҳои низомии Исроил аз Ғазза хориҷ шудаанд. Онҳо ҳамчунин нагуфтаанд, ки ин раванд то чӣ замоне идома хоҳад дошт.

Як мақоми низомии Исроил гуфтааст, ки бархе аз неруҳои захираи Исроил, ки ба хидмат дар амалиёт дар Ғазза фаро хонда шуда буданд, ба хона бозпас фиристода шудаанд.

Дар ҳамин ҳол раҳбарони кишварҳои араб дар Кувейт иҷлоси иқтисодӣ баргузор кардаанд, ки дар ҷараёни он Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Арабистони Саудӣ гуфтааст, ки кишвараш барои бозсозии навори Ғазза як миллиорд дулор эҳдо хоҳад кард.

Кумаки Арабаистони Саудӣ ниме аз кумакҳои нақдӣ аст, ки кишваршои араби ширкаткунанда дар ин иҷлос гуфтаанд, ба Ғазза эҳдо мекунанд.

Гузоришгарон мегуянд, ин иҷлос қарор будаст, ки ба ислоҳоти иқтисодӣ дар ҷаҳони араб бипардозад, аммо таҳти шуъоъи буҳрони Ғазза ва вокуниши сиёсии дугонаи раҳбарони араб ба ин мавзуъ қарор гирифтааст.

Бархе аз кишварҳои араб монанди Миср ва Арабистони Саудӣ нигарише муҳтотонтар аз соирин нисбат ба ҷунбиши исломгарои Ҳамос доранд.

Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ гуфт, ҳама ҷиноҳҳои фаластинӣ бояд фавран барои рафъи ихтилофи назарҳои худ ҷаласаи гуфтугу баргузор кунанд.

Неруҳои исроилӣ ҳангоми хуруҷ аз Ғазза

Хуруҷи низомиёни исроилӣ аз Ғазза идома дорад.

Вазъият дар Ғазза

Рузи душанбе, 19 январ (30 дай) манобеъи давлатии Исроил гуфтанд, ки хуруҷи воҳидҳои низомии исроилӣ аз Ғазза идома дорад ва артиши ин кишвар дар назар дорад ҳар чи зудтар аз ин бахш аз сарзаминҳои фаластинӣ хориҷ шавад.

Амалиёти низомии Исроил алайҳи Ғазза ҳудуди чаҳор ҳафта пеш ва бо ҳамалоти ҳавоӣ ва оташбории тупхона ва неруи дарёӣ оғоз шуд ва бо вуруди воҳидҳои неруи заминӣ ба ин минтақа идома ёфт.

Рузи шанбе нахуствазири Исроил бо эъломи ин ки ин кишвар ба ҳадафҳои худ ба хусус мутаваққиф кардани мушакпаронии гуруҳҳои фаластинӣ аз дохили Ғазза даст ёфта, дастури таваққуфи ҳамалоти низомиро содир кард ва баъдан низ эълом дошт, ки неруиҳои исроилӣ аз ин сарзамин хориҷ мешаванд.

Дар вокуниш ба тасмими Исроил рузи якешанбе ҷунбиши Ҳамос ва соири гуруҳҳои фаластинии тундрав ва мустақар дар Ғазза барқарории оташбас ба муддати як ҳафтаро эълом доштанд, ва гуфтанд, ки дар ин фурсат неруҳои исроилӣ бояд ба таври комил аз Ғазза хориҷ шаванд.

Оташбас дар ҷанги Ғазза дар ҳоле эълом шудааст, ки байни Исроил ва Ҳамос ҳеҷ тавофуқномае расмӣ ба имзо нарасида ва ду тараф расман таъаҳҳуди мушаххасеро бар уҳда нагирифтаанд.

Гуфта мешавад тасмими Исроил барои барқарории оташбас дар ҳамалоти низомӣ ба Ғазза дар пайи дарёфти тазминҳои Омрико, Иттиҳодияи Урупо ва чанд кишвари арабӣ дар мавриди мутаваққиф шудани мушакпаронӣ аз Ғазза ба хоки ин кишвар ва ҷилавгирӣ аз қочоқи аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ ба Ғазза иттихоз шудааст.

Бозгашти сокинони Ғазза

Амалиёти Исроил дар Ғазза вайронии густардаеро бар ҷой гузоштааст.

Бо наздик шудани интихоботи порлумонии Исроил ҳизби Кодимо, ки раҳбарии давлати эътилофиро бар уҳда дорад, моил аст бо итминон бахшидан ба раъйдиҳандагон дар мавриди ҳифзи амнияти Исроил дар баробари ҳамалоти мушакӣ аз навори Ғазза дар ин интихобот ширкат кунад.

Дар соли 2005 Ориел Шорун, нахуствазиривақти Исроил ба далели мухолифати бархе аз аъзои аршади ҳизби ростгарои Ликуд бо хуруҷи неруҳои исроилӣ пас аз сиву ҳашт соли ишғоли низомии навори Ғазза, аз ин ҳизб хориҷ шуд ва ҳизби Кодиморо поягузорӣ кард ва ин ҳизб тавонист дар интихоботи соли 2006 ба теъддоди лозими курсиҳои порлумонӣ барои ташкили давлати эътилофӣ даст ёбад.

Дар моҳи октябри соли гузашта Зипи Ливни, раҳбари ҷадиди Кодимо ба далели нокомӣ дар ҷалби ҳимояти аҳзоби дигар барои идомаи кори давлати эътилофӣ хостори баргузории интихоботи ҷадиди порлумонӣ шуд, ки барои моҳи оянда барномарезӣ шудааст.

Талош барои лағви муҳосираи иқтисодии Ғазза

Пеш аз эъломи тасмими давлати Исроил бо оташбас дар амалиёти низомӣ дар борикаи Ғазза ҳайате муташаккил аз раҳбарони чанд кишвари узви Иттиҳодияи Урупо дар иҷлосе бо ширкати раҳбарони Миср, Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ ва дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар Шармулшайхи Миср ширкат карданд, то ба даргирӣ дар Ғазза хотима диҳанд.

Раҳбарони урупоӣ пас аз хотимаи иҷлос ба Исроил сафар карда ва аз нахуствазири ин кишвар хостанд, то баъд аз барқарории оташбас тамомии неруҳои худро аз Ғазза хориҷ кунад ва ба муҳосираи ин сарзамин хотима диҳад.


Дар моҳи июни соли 2006 ҷунбиши исломгарои Ҳамос пас аз чанд ҳафта даргирии хунин бо неруҳои ташкилоти худгардони фаластинӣ ва ихроҷи онон аз Ғазза бар ин бахш аз сарзаминҳои фаластинӣ мусаллат шуд.

Иҷлоси Шармулшайх

Иҷлоси Шармулшайх заминаи барқарории оташбасро фароҳам сохт.

Аз он замон давлати Исроил маҳдудиятҳои иқтисодии густардаеро алайҳи навори Ғазза ба иҷро гузошта, ба наҳве ки маъмулан танҳо вуруди ақломи зарурӣ ба Ғазза имконпазир будааст.

Ҳамчунин давлати Миср мутааҳид будааст, иҷоза диҳад ҳамлу нақл аз гузаргоҳи Рафаҳ дар марзи Миср ва Ғазза зери назари нозирони Иттиҳоияи Урупо ва ҳузури маъмурони Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ сурат гирад ва аз замони тасаллути Ҳамос ин гузаргоҳ низ маъмулан баста будааст.

Маҳдудиятҳои иқтисодии Ғазза бо оғози ҳамалоти низомии ахири Исроил ба ин сарзамин ташдид шуда ва шароити душвореро барои сокинони Ғазза эҷод кардааст.

Мақомоти Исроилӣ ҳамвора таъкид кардаанд, ки имкони вуруди кумакҳои башардустона ва дастрасии сокинони Ғазза ба ақломи заруриро фароҳам овардаанд, аммо дар ҷараёни амалиёти Ғазза дар чанд маврид комюнҳо ва марокизи мутааллиқ ба созмонҳои имдодрасонии байналмиллалӣ ҳадафи оташи неруҳои исроилӣ қарор гирифтааст.

Давлати Исроил лағви муҳосираи иқтисодии навори Ғаззаро ба таъаҳҳуди фаластиниён ба худдорӣ аз мушакпаронӣ ба суи хоки Исроил ва таваққуфи қочоқи аслиҳа ва таҷҳизоти низоӣ аз тариқи тунелҳои зеризаминӣ дар марзи Ғазза ва Миср машрут карда, дар ҳоле ки ҷунбиши Ҳамос бар лағви комили муҳосираи иқтисодии Ғазза ва бозгушоии тамомии гузаргоҳҳои марзӣ бо Исроил ва Миср ба унвони пешшарти оташбас дар ҳамалот ба Исроил таъкид доштааст.

Тасмими Исроил ба таваққуфи ҳамалоти низомӣ алайҳи Ғазза чанд руз пеш аз баргузории маросими адои савганди Борок Убомо, раиси ҷумҳури мунтахаби Омрико иттихоз ва эълом шуд.

Бархе нозирон гуфтаанд, ки давлати Исроил бо ин тасмим дар назар доштааст аз мувоҷеҳ сохтани раиси ҷумҳури ҷадиди Омрико бо як буҳрони шадид дар оғози зимомдории у иҷтиноб кунад.

Табрики мақомоти Эрон

Дар ҳамон ҳол гуфта мешавад, давлати Миср дар назар дорад аз намояндагони Ҳамос ва Исроил даъват кунад барои анҷоми музокироте пиромуни тавофуқномаи оташбас ба ин кишвар сафар кунанд.

Дар моҳи июни гузашта ду тараф ба миёнҷигарии Миср ба як тавофуқномаи оташбаси шашмоҳа даст ёфтанд, аммо пас аз инқизои мавъиди ин тавофуқнома дар моҳи декабри соли гузашта ҷунбиши Ҳамос аз тамдиди он худдорӣ варзид ва партоби мушак ба суи Исроил ҳамалоти густардаи артиши Исроилро дар пай овард.

Ба гуфтаи манобеъи фаластинӣ дар ҷанги ахир ҳудуди як ҳазору дувист тан аз сокинони Ғазза, ки бисёре аз онон афроди ғайринизомӣ, аз ҷумла занон ва кудакон будаанд, ҷони худро аз даст додаанд ва Исроил таъйид кардааст, ки се ғайринизомиим исроилӣ дар асари ҳамалоти мушакии Ҳамос ва даҳ низомии ин кишвар низ дар ҷараёни амалиёти низомӣ кушта шудаанд.

Аҳмадинажод ва Машъал

Аҳмадинажод пирузӣ дар ҷангро ба Холид Машъал табрик гуфтааст.

Ҳамзамон ҳар ду тараф барқарории оташбасро нишонаи муваффақияти худ дар ин ҷанг донистаанд.

Мақомоти Исроилӣ аз дастёбӣ ба ҳадафҳои худ дар ин амалиёт сухан гуфтаанд ва Исмоил Ҳания, раиси давлати Ҳамос дар навори Ғазза дар суханоне, ки аз шабакаи телевизиюнии Алҷазира пахш шуд, хотимаи ҳамалоти Исроилро як пирузии илоҳӣ тавсиф кардааст.

Дар Теҳрон Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон дар гуфтугуи телефунӣ бо Холид Машъал, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, ки дар Сурия иқомат дорад, пирузии Ҳамос дар ин ҷангро ба вай табрик гуфт.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Эрон (ИРНО) оқои Аҳмадинажод дар ин тамоси телефунӣ гуфт, ки бояд кишварҳои исломӣ бар фишори худ барои ақибнишинии неруҳои исроилӣ аз Ғазза, боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ ва муҳокимаи раҳбарони Исроил биафзоянд.

Оқои Машъал низ зимни ташаккур аз мақомоти эронӣ гуфтааст, ки муқовимат дар Ғазза то берун рафтани комили неруҳои исроилӣ ва рафъи комили муҳосираи ин сарзамин идома хоҳад дошт.

Сабти ҷашни  Ғалабаи Хамос .wmv

Маълумот
Шӯъба:
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 621
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 21:15
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024