Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Адади расулон ва (наби) паёмбароне, ки дар Қуръон зикр гардидаанд, чандтоянд?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 370



Теги

Дӯстон






Мусодираи адабиёти марбут ба Аҳмадия



Файзалӣ Назирмадов
Оқои Назирмадов мегӯяд, Идораи гумруки Тоҷикистон дар як соли гузашта 50 ҳазор нусха аз адабиёти таблиғотии мазҳабиро кашфу мусодира кардааст

Идораи гумруки Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли гузаштаи милодӣ кормандони ин ниҳод 50 ҳазор нусха аз адабиёти таблиғотии мазҳабӣ, аз ҷумла адабиёти ҳовии матолиби ифротгароёнаро кашфу мусодира кардаанд.

Гуфта мешавад, теъдоди бархе аз адабиёти мазҳабии мусодирашуда, ки ба фирқаҳои расман сабтиномшуда дар Тоҷикистон мутаъаллиқанд, нисбат ба шумори пайравони ин фирқаҳо бамаротиб бештар будааст.

Файзалӣ Назирмадов, як масъули Идораи гумруки Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 21 январ ба хабарнигорон гуфт, ки бештари ин адабиёт ба созмони масеҳии Шоҳидони Яҳува, фирқаи масеҳии Баптистӣ ва фирқаи исломии Аҳмадия мутаъаллиқ аст.

Ин адабиёт аз ҷумла шомили китобҳои масеҳии "Ба ҳар чизе, ки мегӯянд бовар накун", "Саргузашти хоҳари масеҳӣ" ва китоби марбут ба фирқаи Аҳмадия ба номи "Свершение Корана" ("Нузули Қуръон") мешавад.

Ба гуфтаи оқои Назирмадов, Вазорати фарҳанг пас аз кашфу мусодираи беш аз ду ҳазор нусха китоби "Свершение Корана", ки аз Туркия ворид шуда буд, мушаххас карда, ки ин китоб ба фирқаи Аҳмадия мутаъаллиқ аст.

Масъулони идораи гумрук мегӯянд дар солҳои пешин низ воридоти адабиёти марбут ба ҷараёнҳои мухталифи дини масеҳӣ ба Тоҷикистон ба мушоҳида мерасид, аммо мусодираи адабиёти мутаъаллиқ ба ҷараёни исломии Аҳмадия барои нахустин бор сурат гирифтааст.

Пайравони Аҳмадия

Бештари пайравони Аҳмадия дар кишварҳои ҷануби Осиё ба сар мебаранд

Бо ин ҳол, мақомот аз афрод ва ё ширкате, ки китобҳои мансуб ба фирқаи Аҳмадияро ворид кардааст, ном набурда ва мегӯянд таҳқиқи ин қазия ҳамчунон идома дорад.

Зимнан, Аҳмадия дар Тоҷикистон фирқае ношинохта аст. Ин фирқа дар авохири қарни 19 милодӣ дар қораи Ҳинд таъсис шуда ва бештари пайравони он дар Покистон, Ҳинд, Бонглодеш ва Андунезӣ ба сар мебаранд. Фаъолони ин фирқа мегӯянд, теъдоди пайравони он дар ҷаҳон беш аз 200 милюн нафар аст.

Ҳарчанд Аҳмадия ба унвони як созмони мазҳабӣ дар ҳеҷ ниҳоди давлатии Тоҷикистон сабти ном нашудааст, вале баҳсҳои марбут ба он ба густариши фирқаи Салафия дар ду соли ахир марбут дониста мешавад.

Бархе аз имом-хатибони масоҷиди Тоҷикистон зимни интиқод аз фаъолияти пайравони Салафия аз Аҳмадия низ ба унвони ҷараёне ғайриқонунӣ ва мухолиф бо Ҳанафия, ном мебаранд.

Беш аз 90 дарсади ҷамъияти беш аз ҳафтмилюннафарии Тоҷикистон мусалмон ҳастанд ва бештари онҳо худро пайрави мазҳаби Ҳанафия медонанд.

Фирқаҳои Аҳмадия ва Салафия ҳарчанд аз ҷараёнҳои суннии исломӣ ба шумор мераванд, аммо аз назари боварҳои мазҳабӣ, бахусус дар мавриди ҷиҳод, пайғамбарӣ, ривоёти марбут ба Исои Масеҳ, бо Ҳанафия тафовутҳое доранд.

Бо ин ҳол, бархе гурӯҳҳои исломӣ Аҳмадияро фирқае ғайриисломӣ ва пайравони онро ғайримусалмон медонанд. Дар гузашта аз мавориди ҳамлаи гурӯҳҳои тундрав ба ҷойҳои ибодати пайравони ин фирқа дар бархе кишварҳои Ҷануби Осиё гузориш шудааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ахиран фаъолияти фирқаи Салафияро мамнӯъ эълом кард, аммо дар мавриди Аҳмадия ва пайравони он ҳеч гуна изҳори назаре аз сӯйи мақомот нашудааст.

Эътироз дар Банглодеш

Дар гузашта дар бархе кишварҳои ҷануби Осиё тазоҳуроте барои мамнӯъ кардани Аҳмадия баргузор шудааст

Мудофеъони ҳуқуқи башар давлати Тоҷикистонро ҳамвора ба нақзи озодиҳои мазҳабӣ ва маҳдудсозии фаъолияти созмонҳои мухталифи динӣ муттаҳам кардаанд. Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки мақомот аз низоъҳои эҳтимолӣ миёни гуруҳҳои мухталифи мазҳабӣ нигаронанд.

Шокирҷони Ҳаким, ҳуқуқдони маҳаллӣ, мегӯяд, ки кашфу мусодираи адабиёти мазҳабӣ тавассути ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон фишор ё маҳдудсозии озодии дин ва нақзи озодии пайравони адёни мухталиф нест.

Вай гуфт тибқи қонун ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон, бахусус гумрук, дар сурати кашфи адабиёти тардидбарангез ҳаққ доранд аз воридоти он монеъ шаванд ва танҳо пас аз мушаххас кардани мӯҳтавои он метавонанд тасмиме иттихоз кунанд.

Ба гуфтаи вай, мусодираи адабиёти мазҳабӣ ва манъи воридоти он ба Тоҷикистон далели он аст, ки ин адабиёт бо сиёсати давлат ва арзишҳои миллӣ ва динӣ мухолиф буда ва ҷанбаҳои ифротгароӣ, тафриқаандозӣ ва низоърангезӣ дорад.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ки беш аз 80 созмони ғайриисломӣ, умдатан масеҳӣ дар ин ниҳод сабти ном шуда ва расман фаъолият доранд.

Мақоқот аз гаройиши бисёре аз сокинони мусалмони Тоҷикистон ба мазоҳиби дигар пас аз касби истиқлоли ин кишвар хабар додаанд. Ҳарчанд омори дақиқе дар ин замина нест, аммо Акбари Тураҷонзода, узви порлумон ва рӯҳонии саршинос ин афродро беш аз 180 ҳазор нафар хондааст.

www.bbc.co.uk

Маълумот
Шӯъба:
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 655
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 01:11
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024