Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Адади расулон ва (наби) паёмбароне, ки дар Қуръон зикр гардидаанд, чандтоянд?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 370



Теги

Дӯстон






Раҳбари Ҳамос Ғарбро ба гуфтугӯ тарғиб кард



Холид Машъал
Оқои Машъал дар Димишқ, пойтахти Сурия сӯҳбат мекард

Холид Машъал, раҳбари сиёсии Ҳамос мегӯяд, ки замони он расидааст, ки Ғарб ба таҳримҳо алайҳи ин гурӯҳи исломгарои фаластинӣ поён диҳад.

Вай, ки дар табъид ба сар мебарад, дар як суханронии телевизиюнӣ, ки аз бархе телевизиюнҳои моҳвораии араб пахш шуд, гуфт, ки акнун "вақти оғози гуфтугӯ бо Ҳамос аст."

Ҳамос, ки Навори Ғаззаро кунтрул мекунад, пас аз поёни амалиёти 22 рӯзаи Исройил дар онҷо эъломи оташбас кард.

Ин гурӯҳ дар рӯёрӯӣ бо Исройил эъломи пирӯзӣ кардааст ва мегӯяд, ки монеъи дастёбии Исройил ба аҳдофаш шудааст.

Вай дар суханонаш, ки дар Димишқ, пойтахти Сурия, анҷом шуд, гуфт: "Ман ба милали урупоӣ мегӯям... се сол талош барои хазфи Ҳамос бас аст. Замони он аст, ки бо Ҳамос муъомила кунед, гурӯҳе, ки аз тариқи муҷоҳидоташ ба машруъият расидаст."

Ӯ афзуд: "Акнун замони шурӯъи гуфтугӯ бо Ҳамос аст. Ҳамос як нерӯи машрӯъ аст."

Шароит барои гуфтугӯ

Чаҳор миёнҷии аслии муноқишаи Ховари Миёна шомили Иттиҳодияи Урупо, Омрико, Созмони Милал ва Русия гуфтаанд то замоне ки Ҳамос Исройилро ба расмият нашносад, хушунатро нафй накунад ва тавофуқномаҳои сулҳи муваққати имзошуда бо ширкати Созмони озодибахши Фаластинро қабул накунад, бо ин гурӯҳ тамосе нахоҳанд дошт.

Оқои Машъал гуфт, ки Ҳамос дар баробари ҳамалоти Исройил муқовимат кардааст: "Навори Ғазза як пирӯзӣ сабт кардааст. Душмани нокоммонда ва нерӯи муқовимат ва мардуму миллати мо пирӯз шудаанд."

Ӯ гуфт: "Ин аввалин ҷанге аст, ки дар он баранда шудаем, аввалин ҷанги воқеъӣ ва тамом айёр. Барои ҳамин аст, ки набарди Ғазза як нуқтаи атфи воқеъӣ дар муқобила алайҳи душмани саҳюнист аст."

Аммо ҳанӯз ду набарди муҳим пеши рӯ дорем. Набард барои шикастани муҳосира ва набард барои бозгушоии гузаргоҳҳои марзӣ, бахусус гузаргоҳи Рафаҳ."

Исройил аз июни 2007, ки Ҳамос кунтрули Ғаззаро ба даст гирифт, ин минтақаро масдуд кардааст.
Ин кишвар аз бозгушоии комили гузаргоҳҳо ба ин минтақа барои вуруди кумакҳо, колоҳо ва масолеҳи сохтмонӣ, ки башиддат мавриди ниёз аст, худдорӣ кардааст.

Оқои Машъал гуфт, ки "озодии Фаластин" аз ин пас дигар "фақат як руъё нест" ва афзуд: "Ин акнун воқеъияте аст, ки метавонем бубинем ва ба раҳмати худо ба таҳаққуқи он наздик ҳастем."

Эҳуд Борок, вазири дифоъи Исройил низ рӯзи чаҳоршанбе ҳамзамон бо такмили ақибнишинии нерӯҳои ин кишвар аз Навори Ғазза эъломи пирӯзӣ кард.

Вай ба Коноли 2-и Исройил гуфт: "Мо як пирӯзии бузург ба даст овардем. Ҳамос зарбае хӯрдааст, ки ҳаргиз тасаввур намекард ва барои муддатҳои тӯлонӣ сокит хоҳад монд."

Руасои низомии Исройил ихтор додаанд, ки ба ҳар гуна "таҳрик"-и Ҳамос басуръат посух хоҳанд дод.

http://www.bbc.co.uk

Маълумот
Шӯъба:
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 610
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 01:19
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024