Раиси Шӯрои уламо: "На, чунин нагуфта будам. Вале ман
дар он ҷо қиссаеро аз ҳангоми донишҷӯӣ дар Покистон нақл кардам. Хуб,
дар он ҷо ман гуфтам, ки дар ҳамон рӯзи даҳаи Ошӯро дар масҷиди
шиамазҳабони Покистон занҷирзаниҳо мешуд. Мо дақиқ хабар доштем ва ҳама
медонад, ки дар минтақаҳои суннимазҳаб ва ҳанафимазҳаб эҷод кардани
Ошӯро ва занҷирзаниҳо ба маблағ мешавад. На танҳо Ошӯро, балки динҳои
ғайриисломӣ ҳам мардумро бо маблағ даъват мекунанд, ин чиз ошкор аст.
Ҳеҷ кас инро инкор карда ҳам наметавонад, ин воқеият аст. Аммо ман
нагуфтам, ки дар масҷиди инҳо чунин мешавад. Дар таърихи 9-уми декабри
соли гузашта ба масҷиди "Туркобод" барои намозгузорӣ мерафтем ва ман дар
он ҷо ягон сухани паст ҳам гуфтанӣ набудам. Фақат дар он ҷо мехостем
намоз бигзорем. Бо мардум як сӯҳбат кунем. Худо шоҳид аст, ҳеҷ лаъну
таън ба касе ҳам гуфтанӣ набудем. Аммо дар он ҷо ба мо яку якбора ҳам
"ҷуҳуд" гуфтанд, ҳам гуфтанд, ки ин даъвои саидӣ мекунад."
Радиои Озодӣ: Хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо мегӯянд, баёнияе, ки Шӯрои уламо содир кард, бо мусоидат ё супориши ниҳодҳои давлатӣ таҳия шудааст...
Раиси Шӯрои уламо: "Онҳо даъво доштанд, ки аслан маҷлис
даъват нашудааст. Вале маълум шуд, ки зиёда аз 60 нафар иштирок доштанд
дар маҷлисе, ки дар он қарори Шӯрои уламо қабул гардида буд. Ҳоло дар
як масъала омаданд, ки ин супоришӣ буд. Бояд инсон воқеияту ҳақиқатро
бигӯяд, мардуми тоҷик ҳам мегӯяд, ки "каҷ биншину рост бигӯ". Вақте
шикоятҳо омад, Раёсати маркази исломӣ ва Шӯрои уламои ҷумҳурӣ маҷбур
шуд, ки маҷлиси ғайринавбатӣ даъват кунад. Ин маҷлис дар асоси шикояти
ҳам хаттӣ ва ҳам шифоҳии шаҳрвандон даъват шуд ва ин ҳеҷ супоришие нест.
Маркази исломӣ муқобили тамоми ақидаҳои бегона, чи салафиву таҳрирӣ ва
ғайра мебошад. Шӯрои уламо хуб медонад, ки омили асосии оромии кишвари
мо якмазҳабӣ аст."
Сайидмукаррам Абдулқодирзода
Радиои Озодӣ: Пас, чаро дар ҷаласаи охирини додгоҳ,
бино ба навиштаи расонаҳо, бархе аз шоҳидон ва аъзои Шӯро гуфтаанд, ки
аз он хабар надоранд, аз ҷумла, мулло Маъруф?
Раиси Шӯрои уламо: "Ман хеле хуб дар ёд дорам, ки домулло
Маъруф чӣ гуфт. Хуб, аз он ҷаласа то ҳол тақрибан се моҳ мегузарад. Ва
тамоми калимаҳое, ки дар маҷлис садо дод, шояд дар ёди ман ҳам намонда
бошад. Ва шояд дар ёди домулло Маъруф ҳам намонда бошад. Ва баъзе аз
ҷумлаҳое аз баёния қироат шуд ва аз ӯ пурсида шуд, ки дар ёдат ҳаст,
гуфт, ки дар ёдам нест, чунин набуд. Беҳтар мебуд, ки мегуфт, дар ёдам
нест. Хуб, ӯ инсони комилҳуқуқ аст ва ҳуқуқ дорад ҳар чизе хост бигӯяд.
Аммо ман надидам дар он ҷо, ки домулло Маъруф муқобили мо сӯҳбат карда
бошад. Баръакс ба онҳо гуфт, ки ҳамон Ошурое, ки шумо гузаронидаед, сад
дар сад чизи бегона аст. Ва он ҳадисеро, ки Нуриддин Қаҳҳоров, мегӯяд,
ки «зикру Оли Муҳаммадин соаътанун хайруммин ибодати санатин», яъне як
соат зикри хонаводаи Муҳаммад беҳтар аз як сола ибодат аст, гуфт, ки ин
ҳадис ҳадиси мавзӯъ аст. Ва вақте Маҳмуд Қаҳҳоров хост бо ӯ баҳс кунад,
дар шоҳидии сӣ чиҳил нафар, гуфт бародар, баҳс накун, бар зарари шумо
мешавад баҳс. Зеро ин ҳадис, ҳадиси мавзуъ ва кизб, дуруғ аст. Ӯ
мухолифи мо чизе нагуфта буд."